Перейти к содержимому

Ба зуди хасоратҳои ҷонӣ ва моддии Омрико бармало мешавад

Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинитабори муқими Ландан ва сардабири рӯзномаи Раъюлявм, иқдоми Тромп дар инкори талафоти низомиёни омрикоӣ дар пойгоҳи Айнуласад пас аз посухи мушакии Эронро дар ростои дурӯғгӯҳои ӯ донист ва гуфт: “Тромп дурӯғгӯи ҳирфаӣ аст. Ба зуди хасоратҳои ҷонӣ ва моддии Омрико бармало мешавад.”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюлявм

Ба даст овардани ҳар гуна шавоҳиди айнӣ, ки таъйидкунандаи мизони хасорати инсонӣ бошад, ки дар саффи сарбозони омрикоӣ дар пойгоҳи Айнуласад дар ғарби Ироқ рух дод, ҳанӯз зуд аст, аммо шавоҳиди зиёде дорем, ки дурӯғи Дунолд Тромпро дар бораи ин ки ҳамла ба Айнуласад ҳеч талафоти ҷонӣ аз байни низомиёни омрикоӣ надоштааст, таъйид мекунад; раисиҷумҳуре, ки дар суханронии кӯтоҳи дирӯзаш дар бораи Эрон, маъюсу нигарон ба назар мерасид.

4 далел барои исботи дурӯғгӯии Тромп ба шарҳи зерин:

1) Тромп, қаблан дар вокуниш ба иқдоми Эрон дар сарнагунии паҳподи Global Hawk-и омрикоӣ бар фарози тангаи Ҳурмуз, дар 20-уми июн, иддао карда буд, ки як паҳподи эрониро ба интиқоми он паҳпод, сарнагун кардааст ва ваъда дод, ки видеоеро барои исботи иддаои худ мунташир мекунад, аммо ҳанӯз бо гузашти чанд моҳ аз он иттифоқ, мо видеое надидем.

2) Тромп таъкид кард, ки ҳамалоти ҳавоии интиқомҷӯёна алайҳи Эронро 10 дақиқа қабл аз расидани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба аҳдофашон дар умқи Эрон лағв кардааст, аммо ҳеч далеле дар исботи иддаои худ ироа накард.

3) Тромп қавл дод, ки интиқоми ҳар ҳамлаи Эрон ба манофеи Омрико ва муттаҳидонаш дар Ховари Миёна ва дунёро мегирад, вале ҳангоме ки таъсисоти Оромку дар Арабистон ҳадаф гирифта шуд, забонашро қурт дод ва гуфт, ки ӯ силоҳ ба Арабистон мефурӯшад, на ин ки он силоҳҳоро барои ҳифозат аз он ба кор гирад.

4) Рӯзноманигорони омрикоӣ 8 дурӯғ аз машҳуртарин дурӯғҳои Тромпро расад кардаанд, ки яке аз он 8 дурӯғ ин аст: эрониҳо баъд аз тавофуқи ҳастаӣ, 150 милёрд дулор аз Омрико гирифтанд.

* * *

Тромп дар суханронии шаби гузаштаи худ нобудии таъсисот ва зарфиятҳои пойгоҳи омрикоии Айнуласадро инкор накард. Аммо ҳатто агар фарз бигирем, ки мушакҳои эронӣ ҳеч омрикоиро дар пойгоҳи Айнуласад накуштааст, аммо рад накардан ба нобудии таъсисоти Айнуласад нишон медиҳад, ки мақомоти Эрон метавонанд тасмими қотеъ ва бидуни тардиде барои партоби мушак ба бузургтарин пойгоҳи омрикоӣ дар Ироқ бигирад; мушакҳое, ки дар исобат ба аҳдофашон бисёр дақиқ ҳастанд.

Тромп ба дунболи истифода аз қудрати низомӣ ва артиши бузурги Омрико дар посух ба ҳамлаи Эрон нест. Зеро раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида медонад, радди ӯ бо радде муҳкамтар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Таҳдиди Омрико ба эъмоли таҳримҳои изофӣ алайҳи Эрон пас аз посухи мушакии Эрон хандадор аст. Дигар чӣ таҳримҳое боқӣ монда, ки Омрико ҳанӯз алайҳи Эрон эъмол накарда бошад?! Охирин таҳримҳо алайҳи Муҳаммадҷавод Зариф буд. Шояд дар таҳримҳои баъдӣ мехоҳад ҷилави лабханди машҳури Зарифро бигирад.

Тақобул миёни Эрон ва Омрико як ҷанги фарсоишии дарозмуддат ва боз ба рӯи ҳамаи эҳтимолҳо аст. Ин ҷанг, ба мудирияти қобили эътимод, бурдборӣ ва зиракӣ ниёз дорад ва эрониҳо то кунун барандаи он буданд.

Гоми дуввум ва баъдии Эрон барои интиқоми сахт аз Омрико ноамн ва бесубот кардани пойгоҳҳои омрикоӣ дар Ховари Миёна ва бавежа минтақаи халиҷи Форс ба манзури заминасозии ихроҷи ишғолгарони омрикоӣ аз минтақа аст. Муттаҳидони минтақаии Эрон назири Ҳашдушшаъбӣ дар Ироқ, Ансоруллоҳ дар Яман ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза барои ин муҳим вориди амал мешаванд ва баъид нест нақшҳо дар ин хусус байни гурӯҳҳои муқовимат тақсим шавад ва барои иҷрои он мунтазири чароғи сабз бошанд. Албатта Ҳашдушшаъбӣ, ки қатъан интиқоми терури Абӯмаҳдиро хоҳад гирифт.

* * *

Сарони Эрон асаби Тромпро ба бозӣ гирифтанд. Эрониҳо анборҳои мушакҳои дақиқи худро тайи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда ба рӯи муттаҳидони худ хоҳанд гушуд, то ба дақиқтарин ва пешрафтатарин мушакҳо даст ёбанд, ки душман аз он ғофилгир мешавад.

Паёми Эрон (аз вокунишҳои ахири он ба ҷиноятҳои Омрико) мегӯяд, ки мо ин масирро шурӯъ кардем, шумо такмил кунед.

Тромп соли интихоботии осудаеро пеши рӯ нахоҳад дошт. Тромп дар соли интихоботии пеши рӯ, ранги оромишро нахоҳад дид. Ҳамчунин муттаҳидони Тромп дар минтақа ва кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷ (-и Форс) ҳам хоби роҳате нахоҳанд дошт. Воқеиятҳо дар бораи хасоратҳои инсонӣ ва моддии омрикоиҳо дар ҳамлаи мушакии Эрон дар ояндаи наздик равшан хоҳад шуд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: