Перейти к содержимому

Ҳасрати руҳи Сӯфии Даҷҷол

(Ҳикояи фалсафӣ-ирфонӣ аз китоби “Фиребхӯрдагонем-и Луқмон Бойматов)

Ҳамаи офоте, ки ба дасти башар эҷод мешавад аз иштибоҳи ақл аст, ки он аз роҳи васваса инсонро ба арсаи хатар мебарад.

Луқмон Бойматов

Сӯфии Даҷҷолро ба муносибати кирдору аъмолаш ва ба сабаби кӯриву лангӣ дар миёни муосирон ба ин ном мехонданд. Ин шайх ба аҳли сӯфийя ҳам иродат дошт ва ҳам тазоҳур менамуд. Ин лаҳзае аст, ки ҷони ӯ беқарор ва ба зорӣ ҳасрати дил мекард:

Ман чун ту будам. Ақлро холиқи зебоиҳо мепиндоштам ва гуноҳамро кӯчак медонистам ва парҳез аз худписандӣ надоштам, вале дер фаҳмидам, ки ин андеша аз ҳар гуноҳ бузургтар будааст. Гуноҳро кӯчак машморед!

Ситойишу мадҳ бар зимомдорон кори хайр нест. Дуъои неки мардум маро бори дигар ба сӯйи оташи сӯзони ҷаҳаннам мебарад. Ҳар кардаро ҷавобест. Захми як ханҷари ман, ки танеро аз ҳаёт бурда буд, ин дам аҳли қассос ҳазор ханҷар бар тан мезананд. Пас, парастиши Даҷҷол чаро?

Аз Парвардгори одил барои бахшойиши гуноҳонамон омурзиш биталабед, зеро ки ӯ худ шунавову биност ва бандагони худро мебинаду гуфторашонро мешнавад.

Ҳангоми ҳаёт ба азамати биноҳои хеш фахр мекардам, кохҳои бошукӯҳи Самарқанду Шаҳрисабз ва боғу бӯстонҳо, ки ба фармони ман бунёд шудаанд, ҳамагӣ бар таъвизи манораҳои сару хуни поки инсонҳост. Гунбади сад шаҳр баробари як косаи сар нест.

Эй муслимин! Дар роҳи худпарастӣ худро фаромӯш накунед, ки худписандӣ бойиси ваҳшату танҳойист. Наҷоти умр ҳифзи худшиносӣ аст.

Аз шумо поксириштон низ тақозо дорам, хешро бегуноҳ ба ҳисоб наёваред, зеро шумо низ аз гуноҳ холӣ нестед!

— Эй аҳли дуъо! Бидонед, ки порсоён низ аз кирдори бад ва кушташудагон аз гуноҳи қатли хеш озод нестанд!

Эй мардум! Ситоишро ҷоеву асаре ҳаст. На ҳар рӯҳе дуъои некро сазовор аст ва на ҳар шахсе лоиқи саност.

Аҷаб! Ситамро ҳаргиз ба хештан намеписандидам, вале барои дигарон гирдоби ҷаврро раво медоштам. Бедодгарии ситамгарони замон, дилҳои ранҷбаронро ба хоки ҳалок мебурд. Фозилони диёр мегуфтанд, ки кори ман бо даррандагони хунхор ва ваҳшии ҷангалу саҳро фарқе надошт. Пирам шайх Шамсуддин гоҳе маро насиҳат карда, ки аз ҳавасҳои ноҳанҷор бипарҳезам ва гирди ҷавру ҷафо нагардам, вале дареғо, иштиёқам ҷаҳонгир шуд ва кирдорам бедодгар.

Пайваста даст аз остин баровардаму хуни мардум рехтам. Ман будам, ки бандагони Худоро набахшидам ва маро рӯзи мукофот аз Парвардгори одил умед нест. Чаро ки дар зиндагӣ корам оташи ҷавр дар хирмани ранҷбарон афрӯхтан буд ва дар ин ҳангом ҷони азизро аз оташи дӯзах ба канор нест.

Алҳаққ, ки оқибат зулми ҷафопеша нобудӣ будааст. Ҳаргиз аз гуноҳи хеш озод нестам ва аз шафоъати паёмбарону азизон маҳрум, рӯҳам хору бадном аст.

Эй пешвоён! Бидонед, ки фармудаанд:

Решаи золим бо зулм дар замин ҷой гирифта, ҳаргиз эҷоди ҳаққ намекунад ва рифоҳи зиндагӣ дар сояи амнийят аст.

Дар роҳи ҳаёти хеш, зӯр ба орзумандонро адолат мепиндоштам, кирдори хешро ҳеч гоҳ бо чашми ойина дар рӯзи рӯшан намедидам ва доим бо номи адлу шафқат бар неку бад зулм мекардам. Аммо бехабар аз он ки решаҳои неку бад дар хоки вуҷудам ба ҳам печидаанд. Кош чашми фаросат ин решаҳоро медид ва дасти ҳақиқат онҳоро аз ҳам ҷудо месохт ва кош нури соф равони гунаҳкоронро гузар мекарад!

Дар тааҷҷубам, ки зиндаҳо дар зиндагӣ акнун ҳам аз роҳи маърифат дуранд ва огоҳ нестанд, ки чароғи ҳақиқат ва маърифат дар синайи эшон аст ва маншури вилояти хокиро дар дасташон додаанд.

Пардаҳои ҷаҳолат дидагони хирадро пӯшидаанд. Эй биноҳои нобино! Пардаҳои монеъро пора созед! В-эй бедорони ғофил! Аз хоби гарон хезед! Хезед, ки акнун ҳам дер нест! Иштибоҳи ақлро дар ҳушёрӣ бибинед ва васвасаи онро дар бедорӣ!

Ӯ бедор шуд ва он чӣ дар хоб дида буд, бовар намекард, ақлаш радд мефармуд. Бовар намекард, ки васвасаи ақл аз васвасаи шайтон сар зада ва он буд, ки инсонро аз биҳишти маънавийят ба дӯзахи башарийят оварда!

Ҷаҳоно! То кай ақли инсон ба маърази хато меравад!?

Баргирифта аз китоби “Фиребхӯрдагонем-и Луқмон Бойматов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: