Ҷомеа

Номи Шарофиддин Гадоев аз феҳристи пайгарди пулиси байналмилал (Интерпол) ҳазф шуд

Пулиси байналмилал (Интерпол) бо ирсоли номае ба Шарофиддин Гадоев, узви барҷастаи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раҳбари ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ба ӯ иблоғ кардааст, ки номи вай дигар дар феҳристи ин ниҳоди байналмилалӣ нест.

Гадоев дар гуфтугӯ бо сойти Ахбор гуфтааст, ки акнун метавонад бидуни тарси боздошт ва истирдодаш ба Тоҷикистон, ба ҳар куҷо сафар кунад.”

Гуфтанист, дар феврали соли 2019 мақомоти амниятии Тоҷикистон бо кӯмаки ҳамтоёни русии худ Шарофиддин Гадоевро рабуда, ба Тоҷикистон бурда буданд. Дар пайи фаъолияти густурда ва тамосҳои опозисиюни тоҷик бо созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва низ дархости кишвари Ҳуланд, ки Шарофиддин Гадоев дорои шаҳрвандии ин кишвари урупоӣ аст, ин фаъоли сиёсии тоҷик озод ва ба Ҳуланд баргашт.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.