Дидгоҳ

Пас аз интиқом ва суқути ҳавопаймо… Оё Омрико сокит менишинад? // Сенориюҳои пеши рӯ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Эрон, ду рӯз пеш, интиқоми сахти худро аз Омрико гирифт. Ва бо ин ки ғулҳои расонаӣ ба сурати ҳадафманд ҳамлаи Сипоҳи Эронро камранг ҷилва медиҳанд, аммо ба зудӣ ҳаҷми хасоратҳои ҷонӣ ва моддии воридашуда бар артиши Омрико зоҳир хоҳад шуд. Демукротҳо, ки дар Маҷлиси намояндагон аксариятро ташкил медиҳанд ва умедворанд дар интихоботи риёсати ҷумҳурии оянда намояндаи онҳо ҷойгузини Дунолд Тромп шавад, барои онҳо фурсати пешомада, як фурсати тилоӣ аст, то аз ин тариқ аз эътибору ҷойгоҳи Тромп дар ҷомеаи Омрико бикоҳанд. Магар ин ки гуфта шавад, замоне ки масъала ба “убуҳҳату азамати” артиши Омрико иртибот пайдо мекунад, демукроту ҷумҳурихоҳ сиёсати кетмон ва пинҳонкориро пеш хоҳанд гирифт. Зеро ки масъала дигар масъалаи ҳизбӣ ва гурӯҳӣ нест, балки як масъалаи миллӣ аст. Аммо бо ин ҳама, мақомоти амниятии ироқии муттаҳид бо Эрон, имрӯзҳо ба дунболи ҷамъоварии иттилооти дақиқ аз ҳаҷми ин хасоратҳо ҳастанд ва замоне ки баррасиҳо ва таҳқиқоташон ба поён бирасад, ин маълумот расонаӣ хоҳанд шуд.

Ба ҳар сурат, рӯи баҳси ман дар ин ёддошти таҳлилӣ, ин мавзӯъ нест, балки ёфтани посух ба ин пурсиш аст, ки оё пас аз ин интиқом, ки Омрико аз шоки воридшуда дар натиҷаи он ҳанӯз ба худ наомадааст — ва ин воқеият бавузуҳ аз мавзеъи Тромп ва кобинааш дар адами посух ба ҳамлаи Эрон (бо он ҳама сару садо пеш аз ҳамла) ҳувайдост — оё пас аз ин, Омрико сокит хоҳад нишаст ва даст рӯи даст ниҳода ва майдонро дар минтақаи Ховари Миёна ба сурати куллӣ барои Эрон ва муттаҳидонаш холӣ хоҳад кард?

Пурравшан аст, ки Омрико ва муттаҳидонаш дар минтақа — аз “Исроил” бигир то Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн — сокит нахоҳанд нишаст ва қатъан ба андешаи “интиқом” хоҳанд шуд. Аммо “интиқоми” онҳо, ба эҳтимоли зиёд, низомӣ нахоҳад буд, чун 10 сол аст, ки нек дарёфтаанд дар ин росто ҳарифи Эрон ва шибҳинизомиёни муттаҳидаш дар минтақа нестанд ва ҳамеша Эрон ва муттаҳидонаш будаанд, ки пирӯз аз майдон берун омадаанд, чӣ дар Ироқ, чӣ дар Сурия ва чӣ дар Яман ва чӣ Лубнон.

Бинобар ин, ба назар мерасад, ба гузинаҳои зерин рӯй оваранд:

1) Тазъифи давлати Эрон аз дохил ба ин роҳ, ки ба кӯмаки ғулҳои расонаӣ ва бахусус расонаҳои порсизабон, бештар аз пеш ба таҳрики қишри норозӣ дар дохили ин кишвар даст ёзанд, ки аз ҳамин ҳоло шурӯъ шудааст. Зеро мавзӯи суқути ҳавопаймои укройнӣ дар Теҳрон, фурсате бисёр муносиб барои Омрико ва муттаҳидонаш фароҳам сохта. Аз дирӯз, тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ ва бахусус расонаҳои порсизабон ва арабӣ, ба сурати ҳадафманд рӯи ин мавзӯъ тамаркуз кардаанд. Ба илова, Конодо расман ва аз забони нахуствазираш эълон кард, ки ин ҳавопаймо “иштибоҳан” тавассути Сипоҳи Эрон зада шуда будааст. Ба эҳтимоли зиёд, дар рӯзҳои наздик шоҳиди ин хоҳем буд, ки соири кишварҳои дахил дар ин мавзӯъ низ мавзеъе шабеҳи мавзеъи Конодоро иттихоз кунанд. Қатъан Омрико саъй мекунад ин мавзӯъро ба як мавзӯи ҷаҳонӣ тадбил бидиҳад, то бад-ин тариқ сабаби фишори бештар бар Эрон ва ҳамзамон заминаи эътирози хонаводаҳои ҷабрдида фароҳам ояд. Ва бешак ин як дардисари ҷадид барои Эрон аст, ки раҳоӣ аз он, чандон барояш осон нест.

2) Эҷоди ошӯби ҷадид дар дохили Ироқ. Ба эҳтимоли зиёд дар рӯзҳои наздик дар Бағдод (ва шояд дар чанд шаҳрҳои дигари Ироқ низ) шоҳиди таҷаммӯъ ва тазоҳуроти норозиҳо шавем ва ба ҳаҷме бисёр васеътар аз пеш, зеро пайвастани курдҳо ва чанд ҳизби сиёсӣ ба мӯътаризон, баъид нест. Эътирозкунандаҳо, аввалан хостори лағви мусаввабаи ахири порлумони Ироқ мабнӣ бар хуруҷи нерӯҳои низомии омрикоӣ аз ин кишвар мешаванд. Ва сониян, чи басо шоҳиди эътирозҳо дар баробари сафоратхона ва консулгариҳои Эрон дар ин кишвар бишавем, ба ин баҳона, ки Эрон бо ҳамла ба пойгоҳҳои омрикоӣ дар ин кишвар, ҳокимияти Ироқро нақз кардааст.

3) Роҳандозии муҷаддади эътирозҳо дар Лубнон бо ҳадафи фишор бар Ҳизбуллоҳ. Зеро ҳанӯз таклифи нахуствазирӣ дар ин кишвар мушаххас нашудааст ва ба эҳтимоли зиёд норозиҳо хостори адами нахуствазирии нахуствазири мукаллаф мешаванд.

4) Ба эҳтимоли зиёд, “Исроил” вориди хатт мешавад ва пойгоҳҳои Ҳашдушшаъбӣ дар марзи Ироқ ва Сурия ва низ пойгоҳҳои шибҳинизомиёни ҳаводори Эрон дар дохили Сурияро мавриди ҳамалоти ҳавоӣ қарор бидиҳад.

5) Арабистони Саудӣ саъй мекунад Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо)-и Яманро ба унвони як бозигаре муҳим дар ин кишвар бипазирад ва ба сурати мустақим бо ӯ вориди музокирот шуда ва бо ҳадафи дур кардани ин ҷунбиш аз Эрон, ба ӯ имтиёз бидиҳад ва бо фишор бар ҳукумати Ҳодӣ ва ҷанубиҳо, онҳоро мутақоъид бар пазириши ин воқеият ва додани имтиёзҳои сиёсӣ ба Ансоруллоҳ бикунад. (Ва бо ин ки тақрибан шибҳимаҳол аст Ансоруллоҳ ҳатто дар ин сурат низ аз Эрон ва куллан меҳвари муқовимат ҷудо шавад, вале табиист вақте вориди амалиёти сиёсӣ бишавад, хоҳ нохоҳ дастонаш то ҳудуде баста хоҳанд шуд.)

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба ин эҳтимолот, қатъан Эронро рӯзҳои бисёр сахте дар пеш аст. Зеро ба ин воқеият бояд эътироф кард, ки Эрон агар дар арсаи низомӣ муваффақтар будааст, аммо таҷриба нишон додааст, ки дар арсаи набарди нарм ва таъомул бо ин гуна мутағайирҳо чандон муваффақ набудааст. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеияти ҷадид, ки дигар шахсияте мисли Сардор Сулаймонӣ ҳам дар миён нест. Зеро шаҳид Сулаймонӣ на танҳо як фармондеҳи муваффақ дар майдони набарди низомӣ буд, балки ба унвони як истротежист ва фарде бисёр ҳушёр ва зирак, дар хунсосозии тавтиаҳои омрикоӣ-арабӣ бисёр муваффақ буд. Ӯ буд, ки тавонист курдҳои Ироқро мутақоъид ба ақибнишинӣ аз эълони истиқлоли Курдистон намояд. Ӯ буд, ки тавонист ашоири аҳли суннати Ироқро мутақоъид бар мулҳақ шудан бар Ҳашдушшаъбӣ кунад. Ӯ буд, ки тавонист самту сӯи тазоҳуроти чанд моҳи ахир дар Ироқро тағйир бидиҳад ва коре бикунад, ки ироқиҳо дар баробари сафорати Омрико даст ба тазоҳурот бизананд ва корро бар зарару зиёни омрикоиҳо тамом бикунанд.

Аммо ба ҳар сурат, Эрон дар баробари ин мутағайирҳои эҳтимолӣ дастбаста нахоҳад нишаст. Ба назарам, аз ҳамин имрӯз ва ё фардо, Ҳашдушшаъбии Ироқ бо истинод ба мусаввабаи ахири порлумони ин кишвар мабнӣ бар хуруҷи нерӯҳои низомии Омрико ва низ барои интиқоми хуни шаҳид Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис — фармондеҳашон, ки ҳамроҳ бо Сардор дар ҳамлаи ахири Омрико ба шаҳодат расид — шурӯъ ба ҳамалот ба пойгоҳҳои низомии Омрико мекунанд ва фурсате барои низомиёни омрикоӣ ҳатто барои нафас кашидан намедиҳанд. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки раҳбари Эрон, ва куллан мақомоти ин кишвар, эълон кардаанд, ки интиқоми хуни Сардори шаҳид танҳо бо берун рондани низомиёни омрикоӣ аз минтақа таҳаққуқ меёбад. Зеро ҷанги ин кишвар бо Омрико – чӣ нармаш ва чӣ сахташ — на имрӯз, ки даҳҳо сол аст шурӯъ шуда, бо ин фарқ, ки ҷанги ахир шакле бисёр ошкор ва сахт ба худ гирифта, ва ба назарам, марҳилаи ахир аз силсилаи он аст, ки то замоне ки як тараф замингир ва таслим нашавад, поён намепазирад.

Инки дар ин набард чӣ тарафе пирӯзи майдон хоҳад буд, пешбиниаш бисёр сахт аст. Аз як тараф Омрико ва муттаҳидонаш — аз “Исроил” бигир то кишварҳои муртаҷеи арабии халиҷи Форс ва шояд Урупо вақте масъала бисёр амиқ шавад – истода ва дар тарафе дигар аммо, Эрон ва чанд гурӯҳи шибҳинизомӣ истодаанд. Агар Омрико ва муттаҳидонаш дорои пешрафтатарин силоҳҳо ва имконот ҳастанд ва ин омил, аз назари сирф моддӣ, эҳтимоли пирӯзиашро тарҷеҳ бидиҳад, аммо тарафи дигар, илова бар имконоти низомӣ – ки албатта бо имконоти тарафи муқобил қобили қиёс нест ва ба маротиб камтар аст – вале аз ирода, имон ва эътимод ба нафсе бархӯрдор аст, ки Омрико ва муттаҳидонаш фоқиди онанд; чизе, ки сарнавишти бештари набардҳои таърихро ба нафъи соҳибонаш рақам зада.

Таҷрибаи ҷанги 5 соли ахир дар Яман ин нуктаро собит мекунад. Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо)-и Яман, ки ҷангҷӯёнаш як мушт афроди побараҳна ва бо имконоти низомии бисёр мутавозеъ ҳастанд, тавонист 5 сол дар муқобили як эътилофи низомии аризу тавил ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки муҷаҳҳаз ба пешрафтатарин силоҳҳои замона буда ва аз ҳимояти Омрико ҳам бархӯрдор аст – муқовимат кунад ва балки пирӯзи майдон шавад. Чаро? Ба ин далел, ки аз ирода ва имон ва эътимод ба нафсе бархӯрдор аст, ки Арабистони Саудӣ, ва Омрико аз пушти он, фоқиди онанд. Ҳеч чиз дар баробари иродаи инсонӣ тавони истоданро надорад. Таҷрибаи Ҳизбуллоҳи Лубнон (дар солҳои 2000 ва 2016) дар набардаш бо “Исроил” низ шоҳиди ин муддаост. Таҷрибаи муқовимати Фаластин ҳам ҳамин нуктаро собит мекунад.

Иштибоҳи бештари афрод ва ҳатто коршиносон дар қазоватҳояшон дар бораи ин ё он ҷанг, дар ин аст, ки омили ирода ва имон ва эътимод ба нафсро ҳамвора нодида мегиранд ва меъёри қазоватҳои худро танҳо имконоти моддӣ ва низомии ду тарафи ҷанг қарор медиҳанд. Хусусан дар набардҳое, ки як тарафаш Омрико бошад. Омрико, ки филмҳои ҳоливудиаш руъбу ваҳшат дар дилҳо эҷод карда, ба назари бисёре аз афрод гӯӣ “кун фаякун” аст ва бовар намекунанд, ки Омрико бо шикаст рӯ ба рӯ шавад.

* * *

Дар поёни ин ёддошт, лозим аст ба ин нукта ишора кунам, ки шаҳодати Сардор Сулаймонӣ на танҳо шаклу сурати ҷанги Омрико ва Эронро ошкортар намуд, балки саффбандиҳо дар ҷаҳон ва бахусус ҷаҳони исломро низ комилан мушаххас кард. Имрӯз дар саффи Омрико на танҳо давлатҳое мисли “Исроил” ва чанд кишвари муртаҷеи арабии халиҷи Форс истодаанд, балки нохудогоҳ афрод ва гурӯҳҳое низ қарор гирифтанд, ки аслан миёнае бо Омрико ва “Исроил” надоранд ва балки худро душмани ин ду кишвар меҳисобанд. Ва чизе, ки ин афрод ва гурӯҳҳоро водор ба қарор гирифтан дар ҷабҳаи Омрико намуд, душмании муфрит бо Эрони Исломӣ ва кина ва нафрати васфнопазир нисбат ба давлати ин кишвар аст. Ин афрод ва гурӯҳҳо ба дараҷае кина дар дил доранд, ки мусалмонони шиъаро “бадтар аз яҳуд” ва Ҷумҳурии Исломии Эронро “хатарноктар аз Исроил” мешуморанд, ки агар қарор аст набарде байни ҷабҳае, ки “Исроил” дар он аст, бо ҷабҳае, ки Эрони Исломӣ дар он қарор гирифта воқеъ шавад, тарҷеҳ медиҳанд дар ҷабҳае қарор бигиранд, ки “Исроил” дар он аст. Бахусус дар набарди нарм ва ҷангҳои равонӣ миёни ин ду ҷабҳа, ин афрод ва гурӯҳҳо ба сурати ошкор ва сареҳ дар ҷабҳаи “Исроил” меистанд ва нохудогоҳ ҳамон корҳоеро мекунанд, ки имрӯз саҳюнистҳо ва расонаҳояшон мекунад.

Дар июни соли 2009 дар пойгоҳи “Кимиёи саодат” (нусхаи пешин), гузоришеро аз гирдиҳамоии бузурги коршиносон ва назарияпардозони исроилӣ дар Ҳертзилиё (яке аз шаҳрҳои Фаластини ишғолӣ) ба нақл аз расонаҳои исроилӣ нашр карда будам. Ин гирдиҳамоӣ дуруст пас аз се ҷанги “Исроил” баргузор шуда буд. Яъне ҷанги Ҳизбуллоҳ бо “Исроил” дар соли 2006 ва ду ҷанги муқовимати Фаластин бо ин кишвари ҷаълӣ дар солҳои 2008. Дар ҳар сеи ин ҷанг, “Исроил” бо шикасте шармовар рӯ ба рӯ шуд. Ва аз тарафе ҳам, дар пайи ин се ҷанг, бар олами ислом ваҳдат ва ҳамдилии камназире соя афканд. Хулоса, дар суханрониҳои чанд нафар аз назарияпардозони саҳюнист дар гирдиҳамоии Ҳертзилиё гуфта шуд, ки “танҳо роҳи халосӣ аз муқовимати Фаластин ва муқовимати Лубнон (Ҳизбуллоҳ) эҷоди як даргирӣ миёни сунниҳо ва шиъаён аст, ки зеҳни мусалмононро аз фикри Фаластин ва чира шудан бар “Исроил” машғул бисозад, вагарна агар вазъ бар ҳамин минвол идома биёбад, то чанд соли дигар аз “Исроил” дигар номе боқӣ нахоҳанд монд.” Ин гузориш ҳатто дар рӯзномаҳои маъруфи ҷаҳон низ дар ҳамон замон нашр шуда буданд.

Дар 16-умин гирдиҳамоии Ҳертзилиё дар 15 июни соли 2016 низ — ки гузориши он ба нақл аз рӯзномаи Ҳоаретз дар пойгоҳи “Кимиёи саодат” ҳаст — тақрибан шабеҳи ҳамин масоил аз сӯи назарияпардозони саҳюнист матраҳ шуда буд.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.