Перейти к содержимому

“Замоне ки итминон пайдо кардам, ки ин иттифоқ уфтода орзуи марг кардам”

Фармондеҳи ҳаво ва фазои Сипоҳи Эрон эълом кард: “Баъд аз шунидани ин хабар ва замоне ки итминон пайдо кардам, ки ин иттифоқ уфтода орзуи марг кардам.”

Ба гузориши Тобнок, дар пайи иттилоияи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи ҳадаф қарор гирифтани ғайриъамдии ҳавопаймоии укройнӣ, Сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи ҳаво ва фазои Сипоҳи Эрон, дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур ёфт.

Вай эълом кард: “Баъд аз шунидани ин хабар дар ғарби кишвар пас аз иҷрои амалиёти низомӣ алайҳи пойгоҳҳои омрикоӣ ва замоне ки итминон пайдо кардам, ки ин иттифоқ уфтода орзуи марг кардам.”

Ҳоҷизода афзуд: “Мо як умр худамонро пешмарги мардум кардем ва имрӯз ҳам обрӯямонро бо Худо муомила мекунем ва дар шароити сахт муқобили дурбинҳо ҳозир мешавем.”

Вай таъкид кард: “Арзёбиҳо ва баррасиҳои ин ҳодиса тавассути ситодҳои болотар ва маҷмӯаи қувваи қазоия иншоаллоҳ анҷом мешавад ва иттилоот комил мешавад ва ҳамин ибтидо бояд бигӯям, ки мо гарданамон аз мӯ бориктар аст. Ҳамаи масъулиятҳои ин корро мепазирем ва ҳар гуна тасмиме, ки масъулон бигиранд, мо мутеъи иҷрои он ҳастем.”

Ҳоҷизода дар тавзеҳи ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт: “Беш аз як ҳафта шароити минтақа ва илтиҳоботи он хеле бештар аз ибтидои инқилоб то кунун будааст ва имкони даргирӣ бисёр боло буд ва ҳеч вақт чунин шароитеро шоҳид набудем. Ҳам омрикоиҳо дар омодабоши сад дар сад буданд ва ҳам мо.”

Вай афзуд: “Онон таҳдид карда буданд, ки 52 нуқта аз моро мезананд ва дар ҳамин росто ҳамаи ягонҳои падофандӣ дар омодабоши комил буданд ва табиатан сомонаҳои мустақар дар Теҳрон ҳам дар ҳамин шароит ба сар мебурд. Он чи ки дар баррасиҳое, ки анҷом додем, тавзеҳ доданд ин аст, ки шаби ҳодиса вазъияти омодагӣ дар шароити ҷангӣ қарор гирифта буд, ки болотарин сатҳи омодагӣ аст.”

Фармондеҳи ҳаво ва фазои Сипоҳи Эрон таъкид кард: “Ин сомонае, ки даргир шудааст ва мушакро шиллик карда, ки мо пешбинӣ кардем мусоҳибае бо худи оператур анҷом шуда ва он ҳам пахш хоҳад шуд иншоаллоҳ, худи шилликкунанда изҳор кард, ки мо чандин бор дархост кардем, ки фазои кишвар аз парвозҳо холӣ шавад ва ин дархостҳо анҷом шуд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: