Ҷаҳон

“Содиқона ва сареҳ бо мардум матраҳ кунед!”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ба маҳзи иттилоъ аз хатои фоҷеабори суратгирифта дар сомонаи падофанди ин кишвар, дирӯз (ҷумъа, 11 январ) дастури ташкили фаврии ҷаласаи Шӯрои олии амнияти миллӣ ва баррасии мавзӯъро содир ва таъкид кардааст, асли ҳодиса ва натоиҷи баррасиҳо, сареҳ ва содиқона аз сӯи ниҳодҳо ба иттилои мардум расонда шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, пас аз суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ билофосила таҳқиқот дар мавриди чигунагии ин рӯйдод дар дастури кор қарор гирифт. Субҳи ҷумъа дар фосилаи камтар аз 48 соат пас аз ин иттифоқ, бо маълум шудани хатои инсонӣ барои раҳбари Эрон дастури ташкили фаврии ҷаласаи Шӯрои олии амният миллӣ ва баррасии мавзӯъро содир ва таъкид кардааст, ки ба маҳзи итмоми баррасӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии амният, асли ҳодиса ва натоиҷи баррасиҳо, сареҳ ва содиқона аз сӯи ниҳодҳои зирабт ба иттилои мардум расонда шавад.

Гуфтанист, ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон субҳ имрӯз (шанбе) эълом кард, ки суқути ҳавопаймоии мусофирбарии ширкати укройнӣ, ки ба кушта шудани 176 нафар аз эрониҳо ва атбоъи соири кишварҳо анҷомид, бо иштибоҳи инсонии падофанди Эрон сурат гирифтааст ва дар ҳамин робита билофосила раисиҷумҳури ин кишвар ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломӣ аз ин иштибоҳи фоҷеабор изҳори таассуф кард.

Дар баёнияи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон тасреҳ шудааст, ки ба ҷиҳати бархе ахбор аз мушоҳидаи аҳдофи ҳавоӣ ба самти марокизи роҳбурдии кишвар ва шиносоии бархе таҳаррукоти ҳавоӣ дар сафаҳоти родорӣ, маҷмӯаи падофанди ҳавоӣ ҳассосияти бештаре пайдо кард ва дар ниҳоят бо чархиши нобаҳангом ва наздик шудани ҳавопаймои мусофирбарӣ ба як маркази ҳассоси низомӣ, бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ба сурати ғайриамд, ҳавопаймои мазкур мавриди исобат қарор мегирад.

Ҳамчунин Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар паёме хитоб ба миллати Эрон бо ишора ба интишори гузориши ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ тасреҳ кард: “Дар фазои таҳдид ва иръоби режими мутаҷовизи Омрико алайҳи миллати Эрон пас аз шаҳодати Сардор Қосим Сулаймонӣ ва ба манзури дифоъ дар баробари ҳамалоти эҳтимолии артиши Омрико, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар омодабоши сад дар сад қарор доштанд, ки мутаассифона хатои инсонӣ ва шиллики иштибоҳ, ба як фоҷеаи бузург мунҷар шуд ва даҳҳо инсони бегуноҳ қурбонӣ шуданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.