Дидгоҳ

Як мулоҳизаи қонунӣ дар бораи боздоштҳои ахир дар Тоҷикистон

Қонун нозир ба рафтори харобкоронаи шаҳрванд аст, на ба ақида ва андешаи ӯ; ҳар андеша ва ақидае ҳатто андешаи ифротӣ. Ба баёне дигар, вақте гурӯҳ ё созмоне тавассути як давлат “теруристӣ” эълон мешавад, ин ба маънои он нест, ки ҳар касе, ки гароиш ба ақидаи ин гурӯҳ дорад, пас “терурист” унвон шуда ва боздошт ва равонаи зиндон гардад. Чунин нест. Балки меъёр дар “терурист” унвони шудан ва муҷозоти ӯ, фақат рафтор ва амалкарди ӯст, на андешаи вай.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ахиран, шумори зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои қудратии кишвар боздошт шуданд. Ҳанӯз маълумоти дақиқ аз шумори боздоштшудаҳо вуҷуд надорад. Дар ҳоле, ки Родию Озодӣ теъдоди онҳоро 27 нафар эълом карда, сойти Паём – ки барои нахустин бор аз ин боздоштҳо парда бардошт – шуморашонро аз 100 то 250 нафар гузориш кардааст. Аммо тибқи ахбори расида аз дохили Тоҷикистон, теъдоди онҳо ба маротиб бештар аз он чӣ будааст, ки дар расонаҳо омада. Аз боздоштшудаҳо, то кунун, фақат номи чанд нафар расонаӣ шуда: Мулло Исмоил (Исмоил Қаҳҳоров), аз наздикони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Домулло Қурбоналӣ ва Абдулло Мукаммилов.

Ва аммо иттиҳоме, ки ин шаҳрвандон ба сабаби он боздошт шудаанд, пайравӣ аз як гурӯҳи исломие будааст, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шуда. Дар ин ёддошт, чанд ҷумла дар бораи ҳамин иттиҳом ва иттиҳомоти мушобеҳи он, сухан хоҳам кард.

1) Фарқ ҳаст байни узвият дар як гурӯҳ ё созмоне, ки “теруристӣ” эълон мешавад, ва байни доштани фикр ва андешаи он ва ҳатто таблиғи он. Ба унвони мисол, дар Омрико созмони Алқоъида ва ё ДОЪИШ “теруристӣ” эълон шудааст ва бинобар ин, ҳар шаҳрванди омрикоӣ, ки узви ин ду созмон буда ва дар ростои аҳдофи ин ду гурӯҳ даст ба амалиёте бизанад, қатъан ӯро боздошт ва муҷозот мекунанд. Аммо агар як шаҳрванди омрикоӣ ҳомили фикру андешаи яке аз ин ду созмон буда ва ҳатто ба таблиғу тарвиҷи ин андеша бипардозад, то модоме, ки дар ростои пиёдасозии аҳдофи ин созмон ҳеч иқдоми амалӣ накунад, коре ба кори ӯ надоранд. Ва пӯшида ҳам нест, ки дар Омрико (ва ҳамчунин дар кишварҳои урупоӣ) ҳазорон шаҳрвандони мусалмон ёфт мешаванд, ки ҳомили фикру андешаи Алқоъида ва ё ДОЪИШ ҳастанд ва аҳёнан аз минбарҳои масоҷид ба таблиғу тарвиҷи он мепардозанд; бо ин ҳама аммо ин давлатҳо коре ба кори ин шаҳрвандон надоранд ва масалан, онҳоро боздошт ва зиндонӣ намекунанд. Чаро?

Далелаш ин аст, ки қонун нозир ба рафтори харобкоронаи шаҳрванд аст, на ба ақида ва андешаи ӯ; ҳар андеша ва ақидае ҳатто андешаи ифротӣ. Ба баёне дигар, вақте гурӯҳ ё созмоне тавассути як давлат “теруристӣ” эълон мешавад, ин ба маънои он нест, ки ҳар касе, ки гароиш ба ақидаи ин гурӯҳ дорад, пас “терурист” унвон шуда ва боздошт ва равонаи зиндон гардад. Чунин нест. Балки меъёр дар “терурист” унвони шудан ва муҷозоти ӯ, фақат рафтор ва амалкарди ӯст, на андешаи вай.

Аммо ин ки чаро қонун наметавонад нозир ба андеша ва ақоиди шаҳрвандон бошад – ҳатто як андешаи ифротӣ – далелашро дар нуктаи дуввум арз мекунам.

2) Далелаш ин аст, ки андеша ва ақида, дар ихтиёри худи инсон нест, то ба сабаби он муҷозот шавад, балки як чизи ғайриихтиёрӣ аст. Тавзеҳ он ки: бовар ба андешае (ҳоло ин андеша чӣ як ақидаи динӣ бошад ё андешаи ғайридинӣ ва ё масалан афкори морксистӣ ё як ақидаи ифротӣ), барои инсон замоне падид меояд, ки ӯ ба “дурустӣ”-и он (дуруст аз назари худаш албатта) қаноати дарунӣ ҳосил намояд. Вақте як нафар ба шумо бо далелу бурҳон собит кунад, ки “Худо ҳаст” ё “Худо нест” ва ё “Андешаҳои иқтисодии Моркс дуруст аст”, шумо нохудогоҳ ба он гароиш пайдо мекунед, дасти худатон нест. Зеро инсон фитратан тобеъи далелу бурҳон аст ва замоне як матлаб барояш дуруст намоён шавад, ӯ ба он гароиш пайдо мекунад. Бале, далелу бурҳон метавонад нодуруст бошад, аммо ин як баҳси дигар аст.

Бинобар ҳамин аст, ки “озодии андеша” ва “озодии баён”, дар қонуни асосии ҳар кишваре аз ҷумла Тоҷикистон гунҷонида шуда ва қайду шарте ҳам надорад. Яъне чунин нест, ки қонуне бигӯяд, андеша озод аст ба истиснои фалон андеша. Ин ғайримантиқӣ аст. Ва бар фарз агар як давлат андешаи муайянеро мамнӯъ эълон кунад, ин қонун замонати иҷроӣ надорад. Зеро инсон вақте қаноати дарунӣ ба он ҳосил кунад, ҳатто қонун манъаш карда бошад, ӯ ба он гароиш пайдо мекунад.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки қонунҳо нозир ба рафтор ҳастанд ва на нозир ба андеша.

3) Додгоҳи Олии Тоҷикистон 18 гурӯҳу созмонро дар қаламрави кишвар “экстремистӣ” ё “теруристӣ” эълон карда. Амалкарди мақомоти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки фаҳми онҳо аз “теруристӣ” эълон шудани ин созмонҳо — масалан ҲНИТ ё Ихвонулмуслимин ё Ҳизбут-таҳрир ё ҳар гурӯҳе дигар – ин аст, ки: ҳар шаҳрванде, ки ба ин афкор гароиш пайдо кунад ва ба таблиғи он дар ҷомеа бипардозад, пас ӯ “терурист” аст ва бояд боздошт ва равонаи зиндон шавад, чӣ он ки сокит ва хомӯш нишаста ва чӣ он ки амалан дар ростои пиёдасозии аҳдофи созмон даст ба коре шуда. Яъне, ҳар ду мавридро шомил мешавад.

Инки мақомот эълон мекунанд, ин ё он шаҳрванд ба далели пайравӣ аз он ё ин гурӯҳ — ки қонунан мамнӯъ дониста шуда – боздошт ва муҷозот шуд, ба хотири ҳамин фаҳмашон аз қонун аст. Ва ин хеле хатарнок аст.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.