Перейти к содержимому

Алим Шерзамонов: “Сабаби заъфи мо ғайришаффоф ва махфиёна пеш бурдани гуфтушунидҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон аст.”

Алим Шерзамонов, бо ишора ба таниши нави ба вуҷудомада дар марз бо Қирғизистон, яке аз сабабҳои заъфи мақомоти Тоҷикистон дар таъомул бо мақомоти қирғизро “ғайришаффоф ва махфиёна пеш бурдани гуфтушунидҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон” донист ва афзуд: “Дар муқобил, мақомоти қирғиз қариб ягон чиро аз мардумаш пинҳон намедорад ва ин боиси бартарии онҳо ва эътимод ба нафси миллиашон мешавад.”

Бар пояи гузориши расонаҳо, баъди ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти расмии ду тараф гуфтаанд, ки авзоъ дар сарҳад мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад.

Ба гузориши Родию Озодӣ ба нақл аз Ховар, дар пайи таниши нави ба вуҷудомада дар минтақаи марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баёнияе содир ва дар он гуфтааст, ки рӯзи 10-уми январ як сокини деҳаи Коктоши вилояти Ботканд, бо сангандозӣ тирезаи як нонвонхонаи деҳаи Сомониёни Исфараро шикастааст ва шаби 11-уми январ, гурӯҳе аз сокинони деҳаи Коктош барои тарсонидани аҳолии Сомониён аз туфанги шикорӣ ба осмон 15 маротиба тир холӣ кардаанд.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки сокинон ва сарҳадбонони қирғиз мошини як сокини Тоҷикистон Фарҳодҷон Аҷобиддинзодаро сангборон ва ӯро сахт захмӣ кардаанд.

Неруҳои Қирғизистон дар вилояти Ботканд. Акс аз рӯзи 11-уми январ. Родию Озодӣ.

Дар баёнияи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамчунин омада: “Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, бо истифодаи яроқ ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.”

Тибқи ин гузориш, баъди ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, мақомоти расмии ду тараф гуфтаанд, ки авзоъ дар сарҳад мураккаб, вале зери назорат боқӣ мемонад. Ҷонибҳо аз нооромӣ дар марз изҳори нигаронӣ ва айни замон сокинони деҳоти ду тарафи сарҳадро ба печида шудани авзоъ муттаҳам кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки инчунин танишҳое дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ мешаванд, ва дар ҳар навбат аз ин танишҳо, мақомоти Тоҷикистон музокирот ва гуфтугӯҳоеро бо ҳамтоёни қирғизи худ анҷом медиҳанд ва мутассифона барои ҷомеа чизе аз муҳтавои ин музокирот ироа дода намешавад. Алим Шерзамонов, муовини иҷроии раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар гуфтугӯ бо Кимиёи саодат, гуфт:

Мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаҳои марзӣ аз ибтидо гузаштҳои яктарафа мекард. Аз ҳама пеш мо маҳз ба Қирғизистон заминҳоро таслим кардаем ва аз ҳама зиёд аз ҳисоби ВМКБ.”

Вай афзуд: “Аввалин замине, ки бе ягон суолгузорӣ таслим кардем, ин чарогоҳҳои кирояи ВМКБ дар Олой ба Қирғизистон бозгардонда шуданд. Дар ноҳияи Исфара низ имрӯз кишвари ҳамсоя маҳз даъво нисбати заминҳои ба кироя додашудаи қаламрави мо дорад.”

Алим Шерзамонов, муовини иҷроии раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)

Шерзамонов идома дод: “Дар пайи он дар вилояти Ӯши Қирғизистон ширкати ҳамлу нақли 49-и мутаъаллиқ ба ВМКБ бо маблағи ночиз таслими кишвари ҳамсоя шуд ва як замини дигаре, ки расман ҳудуди ВМКБ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Ҷирғатол ва ахиран 3%-и ҳудуди ВМКБ ба Чин фурӯхта шуд.”

Муовири иҷроии раиси ПМТ, дар идома, бо баёни ин ки аз ҷузъиёти он чи дар дар ноҳияи Исфара воқеъ мешавад дар ҷараён нест, гуфт: “Гумон кунам, ки дар ин ҷо ҳам мо рӯз аз рӯз ақибнишинӣ дорем.”

Шерзамонов, яке аз сабабҳои заъфи мақомоти Тоҷикистон дар таъомул бо мақомоти қирғизро “ғайришаффоф ва махфиёна пеш бурдани гуфтушунидҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон” донист ва афзуд: “Дар муқобил мақомоти қирғиз қариб ягон чиро аз мардумаш пинҳон намедорад ва ин боиси бартарии онҳо ва эътимод ба нафси миллиашон мешавад.”

Лозим ба ёдоварист, Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Бино бар гузориши Родию Озодӣ, ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзбро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: