Бонувон

Номаи пур аз дарди Нилуфар Раҷабова ба Озода Раҳмон

Ба гузориши сойти Ахбор, Нилуфар Раҷабова, духтари сиёсатмадори зиндонӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки моҳи декабр аз таҳқиру латтукӯб шуданаш дар ШВКД-2 ноҳияи Сино шикоят карда буд, дар як муроҷиат, аз Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон хостааст, то ба қазияи ӯ расидагӣ ва аз вай дар муқобили қонуншиканиҳои мақомот ҳимоят кунад.

Нилуфар Раҷабова дар номааш ба Озода Раҳмон худро “як модари ҷафокашида ва озордида” номида, , ки ба ӯ на ҳамчун роҳбари дастгоҳи президент, балки ҳамчун як зан-модар муроҷиат мекунад. Нилуфар Раҷабова навиштааст, ки ӯро фақат барои он ки сатр дошт, ба идораи милиса бурданд ва дар ҳаққаш чунин бадрафториро раво диданд.

Нилуфар Раҷабоваро рӯзи 14 декабр ҳамроҳи як гурӯҳи дигари занони сатрпӯш бо баҳонаи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба ШВКД-2 Сино бурданд. Нилуфар Раҷабова баъди раҳоияш шикоят кард, ки муовини сардори ШВКД-2 Сино, Машраф Истамзода нисбат ба вай бадрафторӣ кардааст. Аммо рӯзи 18 декабр додгоҳи ноҳияи Сино худи Нилуфар Раҷабоваро ба ҷурми таҳқири мудири шӯъбаи занони ҳукумати ин ноҳия 550 сомонӣ ҷарима баст. Нилуфар Раҷабова мегӯяд, кормандони ШВКД-2 Сино бо гузашти қариб як моҳ телефони ӯро, ки ҳамон рӯзи 14 декабр гирифта буданд, то ҳол барнагардондаанд.

Инак матни комили номаи Нилуфар Раҷабова ба Озода Раҳмон ба нақл аз сойти Ахбор:

Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Аз номи сокини кӯчаи Ф.Аттор, 50-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна

Мӯҳтарам Озода Раҳмон, ба Шумо ман, Нилуфари Раҷаб, як модари ҷафокашида ва озордида муроҷиат мекунам. Ин муроҷиатам на ба роҳбари дастгоҳ, балки ба як зан модар аз ҷониби модари дигарест.

Чорае надорам ва танҳо фикр мекунам, ки чора ба шумо муроҷиат кардан аст, ки шояд худатон аз ин таҳқиру фишори бар сари зани тоҷик овардаи шахсони алоҳидаи мақомоти қудратӣ хабар надошта бошед, шояд аз серкорӣ надонед, ки имрӯз дар кишвар чӣ мегузарад ва чӣ балоеро дар сохторҳои қудратӣ ба сари зани муштипари тоҷик меоранд.

Оре, шояд шумо надонед. Шояд раиси Кумитаи занҳо, ниҳоде, ки бояд барои ҳифзи занону модарон кор кунад ва пайваста аз ҳоли ҳар модари тоҷик бохабар бошад, медонад, ки имрӯз зани тоҷик чӣ мушкил доранд, аммо барои шумо вазъро дигар хел тавзех медиҳад.

Дар ҳақиқат, ман намедонам дар долонҳои ҳукуматӣ чӣ мегузарад ва Шумо аз модари тоҷик чӣ гуна дифоъ мекунед. Фақат чун як шаҳрвандии одди кишвар ҳаминашро медонам ва мешунавам, ки занҳои оддӣ дар маъракаҳо аз Шумо васф мекунанд ва мегӯянд, ки Озодаи Раҳмон ба мушкили ман расидагӣ кард. Пас ман ҳам мушкиламро ба Шумо мегӯям.

Як моҳ аст, ки ман, модари се фарзандро, ки дутояш маъюб мебошанд, аз як ниҳоди ҳуқуқӣ ба дигараш мекашанд. Ва он ҳам ба хотири он ки ман зани мазҳабӣ ҳастам ва нагузоштам, ки рӯймоли сарамро кашида гиранд. Ва ҳар вақте ки маро ба яке аз ин ниҳодҳо фарёд мекунанд, ё бо зӯрӣ мебаранд, дар дилам оташаки умеде аланга мезад, ки шояд имрӯз нафаре пайдо мешаваду аз ман дифоъ мекунад, аммо афсус. Чанд рӯз пеш бо даъват ба прокуратураи ноҳияи Синоохирин умедам аз даст рафт. Дар ҳаманиҳодҳо бо ҳам забон як кардаанд, то ҷинояткореро, ки дар либоси ҳомии ҳуқуқ аст, сафед кунанд. Магар шумо нашунидед, ки бо ман дар ватани худам чӣ карданд ва чиҳо мехостанд, ки кунанд?

Агар чунин ҷиноят дар дигар кишвар рух медод садҳо ё ҳазорон нафар бонувон ба хиёбонҳо мерехтанд, то аз ҳаққи ҳамҷинси худ дифоъ кунанд. Шумо аз мани хонашин бештар иттилоъ доред, чунки таҳсилдидаву ҷахонгаштаед, аммо ман аз шунидаҳоям мегуям. Ва дар филмҳои ҳинди ҳам дидам, ки чи гуна занон аз ҳам дифоъ мекунанд. Ва шунидаму дидам дар интернет, ки дар Афғонистони ҷангзада занҳо чӣ гуна бори номуси Фархундаи ғӯррамаргро кашиданд.

Боз бармегардам ба қазияи худам. Чанд ҳафта боз дар гирдоби моҷароям. Моҷарое, ки аз он ними дунё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф шуд ва худи шумо ҳам шунидагистед, агар инро ҳам аз шумо пинҳон надошта бошанд! Шунидед, ки як корманди полис, ҳамон ниҳоде, ки бояд ҳар як сокини кишварро ҳимоя кунад, ба номуси ман дастдарозӣ карданӣ буд ва ин корро бо ин мақсад карданӣ буд, ки гӯё ман фарханги бегонаро дар Тоҷикистон тарғиб мекунаму чунин супорише аз ҷониби шумо сурат гирифтааст, ки ҳар нафаре, ки имрӯз сатр дорад, бояд боздошту муҷозот шавад.

Ин супоришро кӣ додааст, ки занҳои рӯсаридорро баранду таҷовуз, таҳқиру таҳвин кунанд? Магар бо ин амали зишт обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ намерезанд? Кӣ Кумитаи занонро вазифадор кардааст, ки бо занҳое мисли ман ба чунин шева рафтор кунанд? Ман акнун дарк кардам, ки чаро худкушӣ дар байни занони тоҷик зиёд шудаст.

Аммо ман худкушӣ намекунам ва аз ҳуқуқи худ ва фарзандҳои бемори худам дифоъ хоҳам кард! Ва муроҷиати мани модар ба шумои модар ҳам маҳз ба он хотир буд, ки шумо воқиф бошед ва пеши роҳи ин ҷинояткоронро гиред. Медонам, ки фақат шумо метавонед, ки маро ҳимоят кунед, агар воқеан бихоҳед. Дигарон рӯирост ба ман гуфтанд, мо метарсем, ки аз ҳуқуқи шумо дифоъ кунем. Истамзодаҳо дасти дароз доранд.

Додгоҳ ҳам бе иштироки ман гузашт. Фақат ба дастам баргаеро доданду гуфтанд, рав ҷаримаро ба маблағи 550 сомонӣ пардохт кун, дар ҳоле ки ман барои ду фарзанди маълумам ҳамагӣ 500 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Бо ин панҷсад сомонӣ ман барояшон дору ва хӯрокиву пӯшок мехарам. Бо марг ва зиндагии фарзандонам ҳамеша дар набардам. Ман ба шумо аз он шиква намекунам. Ба 540 сомони додагиашон шукрона мекунам, то имрӯз сабр кардам.

Баъде, ки мани бегуноҳро гунаҳкор карданду гуфтанд, ки ҷаримаро пардозам, фиткр кардам, ки бошад фарзандонамро як моҳ аз нони даҳонашон бенасиб мемонаму ҷаримаро мепардозам. Аммо баъдан ба хулосае омадам, чаро ман бояд дар сатҳи инҳо бошам, дар сатҳи онҳое, ки қонунро вайрон карданду ҳуқуқм инсонеро зери пой гузоштанд! Бо пардохти ин ҷарима ман гуноҳеро, ки накардаам, ба гардан мегирам. Ин аст, ки ин ҷаримаро намепардозам ва аз Шумо фақат як хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду Модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане аз ҷониби баргуҳаре поймол шавад.

Бо эҳтиром, Раҷбова Нилуфар

Тафсилоти қазияи Нилуфар Раҷабова

Ба гузориши сойти Ахбор, Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҳари Шӯҳрати Раҳматуллоҳ, як журналисти тоҷики муқими Аврупо қаблан шикоят карда буд, ки рӯзи шанбеи 14 декабр, ӯ ва 4 зани дигари ҳиҷобпӯшро мақомот аз роҳ дошта, ба ШВКД-2-и ноҳияи Сино бурдаанд ва вай дар онҷо дар тӯли чандин соат таҳти таҳқиру азият қарораш додаанд. Ӯ гуфт, мақомотвақте даст ба таҳқиру азияти ӯ заданд, ки духтари киву хоҳари кӣ буданашро фаҳмиданд ва аз аксу наворгирииҷараёни боздошти занони ҳиҷобпӯш аз ҷониби ӯ хабар ёфтанд.

Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 18 декабр худи Нилуфар Раҷабоваро бо ҷурми таҳқири мудири шуъбаи занон ва оилаи ин ноҳия Раъно Абдуллоева ба «майдаавбошӣ” гунаҳкор дониста, 550 сомонӣ ҷарима баст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ҳукми ҷаримаи Нилуфар Раҷабова навишт, ки «шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна соли таваллудаш 7 ноябри соли 1990 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Ф. Аттор хонаи 50, санаи 14 декабри соли равон тахминан соати 11-30 дақиқа дар кӯчаи Карамоваи шаҳри Душанбе ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони қабеҳи таққиромез зада, ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст ва шаҳрванд Абдуллоева Р.Х маҷбур шудааст оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. 18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид.”

ВКД ҳамчунин ёдовар шуд, ки падари Раҷабова Нилуфар шаҳрванд Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб 1958 соли таваллуд барои содир намудани ҷиноятҳои моддаҳои 179 қисми 3 (терроризм), 187 қисми 1 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 313 (исёни мусаллаҳона) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум шуда, бародараш журналист Шуҳрати Раҳматулло 1982 соли таваллуд бар асоси моддаҳои 187 қисми 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 189 қисми 3 (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти ифротгароӣ) КҶ ҶТ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад.

Аммо Нилуфар Раҷабова мегӯяд, ӯ ягон гуноҳро ба гардан нагирифтааст ва худро на гунаҳкор, балки ҷабрдида мешуморад. Ӯ ҳамон рӯзи мурофиа аз додгоҳ хостааст, ки сабти суҳбати ӯ бо Абдуллоеваро гӯш кунанд, дар он ягон таҳқир аз тарафи вай нест, вале додгоҳ ба ӯ гӯш надода, баъди эълони ҳукм як варақаеро ба дасташ додаанд, ки дар он навишта шудааст, 550 сомонӣ пули ҷаримаро дар шуъбаи «Амонатбонк” дар назди «Моҳи нав” бисупорад.

Ба гуфтаи наздиконаш, дар пайи судури ҳукми додгоҳ, байни Нилуфар Раҷабова ва Раъно Абдуллоева дар саҳни додгоҳ раддубадали лафзие ҳам сурат гирифтааст. Раҷабова хитоб ба Абдуллоева гуфтааст, ки «ин 550 сомони ҷаримаи маро Худованд аз биниат мекашад”. Мудири шуъбаи занони ноҳияи Сино дар посух гуфтааст, «к.ната бо шохи гов ҷанг наандоз, ҳукумат беҳад бузург аст”.

Бо вуҷуди ин ки заминаи қонунии манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, тақрибан аз соли 2015-2016 ба ин тараф ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш рейдҳо гузаронда мешавад ва дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ ҳиҷобпӯшонро иҷозати вуруд намедиҳанд. Аз онҳо талаб мекунанд, ки аввал рӯймоли худро «тоҷикӣ” баста, баъд дароянд.

Занону духтарон ҳамчунин аз бархе мавридҳои хушунатомези манъи ҳиҷоб низ шикоят мекунанд. Аз ҷумла дар Интернет дар бораи кормандони милиса гузориш шуда буд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаву бозор аз сари занон рӯймолҳояшонро кашида, дар як халта меандохтанд.

Маъракаи мубориза бо либосҳои «барои фарҳанги мардуми тоҷик бегона”, ки мақомот онро «корҳои фаҳмондадиҳӣ” ва мардум «рейди зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш” ном мебаранд, як сол пеш дар ҳамин шабу рӯз дар пайи суханронии раисиҷумҳурЭмомалӣ Раҳмондар нишасти бахшида ба 10-солагии қабули қонуни танзими расму ойин дар таърихи 11 июли соли 2017 авҷ гирифта буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар он суханрониаш бори дигар ба масъалаи ришу ҳиҷоб пардохт ва гуфт,»Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш.”Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот талаб кард, то «пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд”ва бахусус дар байни занону духтарон»ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшанд.”

Ба дунболи он суханронӣ дар саросари кишвар гуруҳҳои корӣ барои мубориза бо либосҳои «бегона” ташкил шуда, занону духтарони ҳиҷобпӯшро дар кӯчаву бозор манъ мекарданд ва кормандони милиса бо талаби даст кашидан аз ҳиҷоб ҳатто ба манзилҳои занони сатру ҳиҷобпӯш мерафтанд. Ҳамин тавр, дар дари идораҳои давлатӣ эълонҳое пайдо шуд, ки ба ин идораҳо ворид шудан бо сатру ҳиҷобро манъ мекард.

Мақомот мегӯянд, ҳадафи ин чорабиниҳо таблиғи либоси миллӣ бо роҳҳои фааҳмондадиҳист ва касе занонро ба кашидани сатру ҳиҷоб маҷбур намекунад. Вале шоҳидон мегӯянд, ин маъракаҳои «фаҳмондадиҳӣ”-и намояндагони мақомот бештар ба «фармондадиҳӣ” шабоҳат дорад.

Бар пояи гузориши Ахбор, дар бисёре аз идораҳои давлатии Тоҷикистон даромадани занону духтарон бо сатру ҳиҷобро манъ кардаанд. Аз ҳиҷобпӯшон талаб карда мешавад, ки аввали рӯмоли худро кӯтоҳ ва ба тарафи пушт, яъне ба таъбири масъулон, «тоҷикӣ” бубанданд ва сипас бидароянд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.