Перейти к содержимому

Султони ҷадиди Умон кист?

Ҳайсам бен Ториқ Оли Саъид пас аз фавти Қобус бен Саъид султони Умон интихоб шуд; подшоҳи ҷадиде, ки собиқаи вазирӣ дар Вазорати меросу фарҳанг, муовинии нахуствазир дар умури ҳамкориҳои равобити байналмилал, риёсат дар Кумитаи иқтисодии чашмандози 2040 ва фаъолият дар Вазорати умури хориҷаи ин кишварро дар корномаи кории худ дорад.

Султон Қобус, ки дирӯз фавтид, яке аз аслитарин чеҳраҳои сиёсати Ховари Миёна ба шумор мерафт ва аз 1971 зимоми умури Умонро дар даст дошт. Вай кишвари Умонро, ки дар оғози зимомдориаш сахт ақибуфтода буд, ба тарафи пешрафти иқтисодӣ ҳидоят кард. Ӯ нақши басазое дар навсозӣ ва пешрафти Умон дошт. Султон Қобус аз ҳамон оғози салтанат, тарафдори пешрафт буд, бинобар ин бо даромадҳои ҳосил аз фурӯши нафт ба навсозӣ ва эҷоди таҳаввул дар кишвараш пардохт. Бар пояи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, султоннишини Умон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меояд, ки дар чаҳор даҳаи гузашта бештарин мизони пешрафтро шоҳид будааст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки Қобус дар миёни ҳуккоми кишварҳои арабӣ яке аз маҳбубтарини онҳо дар миёни мардумашон ба ҳисоб меояд.

Султон Қобус дар тӯли даврони ҳукмронии худ нақши бетарафиро дар пеш гирифт ва ба унвони як восита дар минтақа ва ҷаҳон амал кард бавежа метавон ба нақши восита миёни Эрон ва Омрико дар бораи тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) ишора кард, ҳамчунин Умон маҳалли гуфтугӯҳое миёни Арабистон ва Ансоруллоҳи Яман будааст. Дар ҳақиқат Султон Қобус сиёсати “дӯсти ҳама ва душмани ҳеч кас”-ро дунбол мекард. Султон Қобус бен Саъид дирӯз (11 январи 2010) пас аз як давраи беморӣ, ки ба саратони рӯда мубтало шуда буд, дар 79-солагӣ даргузашт.

Интихоби ҷонишини Султон Қобус

Дар Умон бояд барои интихоби ҷонишини подшоҳ дар се рӯз тасмимгирӣ шавад ва дар воқеъ интиқоли қудрат дар Умон бар пояи сохторе аст, ки дар соли 1996 тасвиб шуд, ки бар пояи он хонадони салтанатӣ се рӯз фурсат дорад, то ҷонишини подшоҳро муайн кунад; дар ғайри ин сурат Шӯрои муташаккил аз раисони артиш, додгоҳи олӣ ва 2 намояндаи шӯро номаи мӯҳру мумшудаи подшоҳро боз хоҳанд кард, ки дар он ба номи ҷонишини худ ишора кардааст.

Султон Қобус ба сурати аланӣ ҷойгузинеро барои худ интихоб накарда буд, аммо чанде пеш ба сурати махфиёна ҷонишини худро дар номае мӯҳру мумшуда ба Шӯрои салтанатӣ ироа кард. Бинобар ин ба дунболи эъломи хабари даргузашти султони ин кишвар, Шӯрои олии дифои Умон ҷаласае фавқулъода дар мақарраш дар Албустон ташкил дод ва дар он Ҳайсам бен Ториқ Оли Саъид, маросими савганди подшоҳӣ ёд кард. Лозим ба зикр аст, ки дар сохтори ҳукуматии Умон, султон ҳамакора аст ва илова бар ифои нақши шахси аввали мамлакат, ҳамзамон фармондеҳи кулли қуво, нахуствазир, вазири дифоъ ва вазири дороӣ ҳам ҳаст.

Ҳайсам бен Ториқ Оли Саъид, подшоҳи ҷадиди Умон кист?

Ҳайсам бен Ториқ дар 13 октябри 1954 дар Умон мутаваллид шуд. Вай дар соли 1979 дар риштаи барномаи хадамоти хориҷии Донишгоҳи Оксфорд фориғуттаҳсил шуд. Подшоҳи ҷадиди Умон пеш аз ин ки ба унвони султони ҷадиди ин малакат интихоб шавад, ба унвони вазири меросу фарҳанги Умон анҷоми вазифа мекард. Ӯ аз соли 2002 ба унвони фиристодаи вежаи Султон Қобус фаъолият дошт. Муовини нахуствазир дар умури ҳамкориҳо ва равобити байналмилал, аз дигар мансабҳои вай буд ва дар охирин маъмурият ба унвони намояндаи расмии Умон ба иҷлоси Иттиҳодияи Араб дар Ӯрдун эъзом шуд.

Подшоҳи ҷадиди Умон, ки гуфта мешавад аз алоқамандон ба варзиши футбол аст, собиқаи фаъолият дар Вазорати умури хориҷаи ин кишварро низ дорад ва то унвони қоиммақомӣ дар ин вазоратхона низ пеш рафта буд. Вай ҳамчунин раиси Кумитаи иқтисодии чашмандози 2040-и Умон аст ва аз 2018 ҳам аз ҷумлаи гузинаҳои ҷонишинии подшоҳи Умон матраҳ шуд.

Дар воқеъ чун Султон Қобус фарзанде надошт, аз ин рӯ, Асъад, Ҳайсам ва Шиҳоб, писарамуҳои Султон Қобус билқувва шонси ҷонишинии вайро доштанд. Интихоби Ҳайсам ба унвони подшоҳи Умон дар ҳоле сурат гирифт, ки тамоми гумоназаниҳо аз интихоби Асъад бен Ториқ Оли Саъид ҳикоят дошт. Қабл аз ин интихоб расонаҳои Умон гузориш дода буданд, ки Асъад бен Ториқ Оли Саъид, писарамуи султон Қобус, ба унвони муовини нахуствазир дар умури ҳамкориҳо ва равобити байналмилал интихоб шудааст. Пешбинӣ шуда буд, ки ӯ ба унвони султон муайян шавад, аммо бар хилофи гумоназаниҳои расонаҳои Умон, Ҳайсам бен Ториқ ба унвони подшоҳи ҷадиди Умон муаррифӣ шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз Султон Ҳайсам бен Ториқ ингуна нақл мекунанд, ки вай ҳамчунон бар идомаи масири Султон Қобус таъкид дорад ва маниши Султон Қобус бен Саъид дар тавсиъа ва пешрафти султоннишини Умонро пай хоҳад гирифт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: