Ҷаҳон

Як сарҳанги омрикоӣ ба CNN аз моҷарои шаби ҳамла ба Айнуласад гуфт – (Видео ва тасовир)

Як мақоми аршади низомии омрикоии ҳозир дар пойгоҳи Айнуласад, дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN, дар бораи ҳамлаи интиқомии Эрон ба ин пойгоҳи низомии Омрико гуфт.

Шабакаи CNN видеое аз гуфтугӯ бо сарҳанг Истечи Кулемсан (Staci Colemsan) – ки дар шаби ҳамла, дар ин пойгоҳ қарор доштааст, мунташир кард, ки ба шарҳи вазъи низомиёни омрикоӣ дар замони исобати мушакҳои Эрон ба ин пойгоҳ пардохтааст.

Вай ба ин расона гуфт: “Вақте нахустин мушакҳо исобат кард, ҳатто барои мо, ки дохили сангарҳои зеризаминӣ будем, мавҷи инфиҷор комилан маҳсус буд ва ларзишу таконҳои сангари зеризаминӣ ба ҳадде буд, ки дари сангар бо шиддат бозу баста шуд. Ба таври комил ҳисс кардем, ки дастикам ҳафт фарванд мушак дар наздикии сангари мо исобат кард, ки бениҳоят тарснок буд.”

Хабарнигори CNN аз ин сарҳанги омрикоӣ пурсид: “Оё зинда мондани шумо шонсӣ буд? Барои мувоҷеҳа бо ин гуна маворид омӯзиш дида будед ё ин ки аз қабл ба шумо дар бораи ҳамла иттилоъ дода шуда буд?” Ӯ дар посух гуфт: “Росташ бояд бигӯям, ки ҳамаи инҳо дар зинда мондани сарбозҳо нақш дошт ва албатта Худо ба мо раҳм кард.”

Вай афзуд: “Каме пеш аз ҳамла, ба мо гуфта шуд, ки мумкин аст ин пойгоҳ мавриди исобати мушак қарор гирад, аммо касе аз вуқӯъи он мутмаин набуд, бинобар ин мо иқдомоти эҳтиётиро анҷом додем ва нерӯҳоро аз иқоматгоҳҳояшон дар пойгоҳ хориҷ кардем.”

Гуфтанист, дирӯз (шанбе 11 январ) шабакаи CNN-и Омрико нахустин тасвирҳои видеоӣ аз пойгоҳи низомии омрикоии Айнуласад дар Ироқро пас аз ҳамалоти мушакии рӯзи чаҳоршанбеи Эрон пахш кард.

Хабарнигори CNN бо ҳузур дар вайронаҳои баҷомонда аз он чи замоне як пойгоҳи муҷаҳҳази нерӯҳои Омрико буд, филми мустанад аз харобиҳои густурдаи ношӣ аз исобати мушакҳои Эронро ба тасвир кашид. Тасовир комилан ҳокӣ аз исобати дақиқи мушакҳо ба ҳадаф аст.

Хабарнигори CNN дар гузориши худ гуфт, ки тақрибан ҳеч чиз аз пойгоҳ боқӣ намонда ва хеле аҷиб аст, ки дар чунин вайронае, ба касе осеб нарасида бошад!

Ба гуфтаи ӯ, гӯё соате пеш аз ҳамла, як ҳушдори аввалия дода шуда буд ва нерӯҳо аз қабл бохабар шуда буданд, ки мумкин аст иттифоқе рух диҳад. Ҳудуди соати 11 шаб нерӯҳо шурӯъ ба паноҳ гирифтан дар сангарҳои зеризаминӣ карданд ва ҳудуди соати 1 бомдод буд, ки нахустин мушак исобат кард.

Гуфтанист, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе аз партоби чандин мушаки болистик ба самти пойгоҳи Айнуласади Омрико воқеъ дар устони Аланбори Ироқ хабар дод.

Бар асоси иттилоияи Сипоҳи Эрон, даҳҳо мушаки “замин ба замин” ба ин пойгоҳи омрикоӣ исобат кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.