Ваҳдати исломӣ

Баргузории Конфронси байналмилалии “Гурӯҳҳои исломии тундрав ва пешгирӣ аз тафриқа дар ҷаҳони ислом” дар Молезӣ

Конфронси байналмилалии “Гурӯҳҳои исломии тундрав ва пешгирӣ аз тафриқа дар ҷаҳони ислом” дар 15 январи 2020 дар Куоло-ломпур, пойтахти Молезӣ (Малайзия) баргузор мешавад.

Маркази мутолеотӣ ва пажӯҳишии ASIA WE бо ҳимояти Дабирхонаи “Мубориза бо ҷараёнҳои такфирӣ”, дар идомаи фаъолиятҳои пажӯҳишӣ ва илмии худ ва дар ростои равшангариҳои илмӣ бо мушорикати Маркази мутолеоти пешрафтаи исломии Молезӣ (IAIS), Ҷамъияти уламои минтақаи ҷануби шарқи Осиё (SHURA), Шӯрои машваратии созмонҳои исломии MAPIM, конфронси илмиеро бо мавзӯи “Гурӯҳҳои исломии тундрав ва пешгирӣ аз тафриқа дар ҷаҳони ислом; баррасии масъала ва чашмандози оянда” баргузор мекунад.

Бар пояи гузориши сойти Дабирхонаи “Мубориза бо ҷараёнҳои такфирӣ», ин конфронси илмӣ бо суханронии Доту Роҷо Коморул Баҳриншоҳ, муовини вазири кишвари Молезӣ ва ҳузури ҷамъе аз андешамандони молезиоӣ, эронӣ, фаластинӣ, андунезиоӣ ва соири кишварҳои минтақа ва бо мушорикати Дабирхонаи “Мубориза бо ҷараёнҳои такфирӣ” дар 15 январи соли ҷорӣ дар Маркази мутолеоти пешрафтаи исломии Молезӣ (IAIS) баргузор хоҳад шуд.

Суханронон ва унвонҳои суханронии онон дар ин конфронси якрӯза ба шарҳи зерин мебошад:

* Дуктур Муҳаммадҳасани Замонӣ – устоди донишгоҳ ва раиси Дабирхонаи “Мубориза бо ҷараёнҳои такфирӣ”. Унвони суханронӣ: “Баррасии роҳҳои муқобила бо ҷараёнҳои такфирӣ ва роҳҳои улгусозии як ҷомеаи идеоли исломӣ ва баррасии роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони такфир”.

* Шайх Абдулғанӣ Шамсуддин – раиси Ҷамъияти уламои ҷануби шарқи Осиё. Унвони суханронӣ: “Мубориза бо ифротгароӣ ва теруризм; рӯйкарди исломӣ”.

* Пруфесур Дониёл Муҳаммадюсуф – аз Муассисаи байналмилалии фикр ва тамаддуни исломии Молезӣ, устоди донишгоҳи исломии Молезӣ. Унвони суханронӣ: “Таҳдиди ифротгароии хушунатомез дар асри диҷитол”.

* Устод Азмӣ Абдулҳамид – раиси Дабирхонаи созмонҳои мардумниҳоди исломии Молезӣ ва фаъоли ҳуқуқи башари исломӣ. Унвони суханронӣ: “Барномаҳои исломҳаросон”.

* Дуктур Муслим Умрон – раиси Созмони фарҳангии фаластиниён дар Молезӣ. Унвони суханронӣ: “Муборизоти фаластиниён ва чолиши гурӯҳҳои ифротгарои ҳомии Исроил

* Пруфесур Ҷондро Музаффар – раиси Бунёди адолати Молезӣ. Унвони суханронӣ: “Нақши ифротгароӣ дар эҷоди тафриқа дар ҷаҳони ислом”.

* Пруфесур Фавзӣ Аҳмад – устоди донишгоҳ ва пажӯҳишгари Донишгоҳи улуми Молезӣ. Унвони суханронӣ: “Воқеияти такфиргароӣ дар Молезии муосир”.

* Дуктур Момусто Сайидмустафо Хотамӣ  – руҳонии аҳли суннати Эрон ва устоди донишгоҳ. Унвони суханронӣ: “Нақши мутафаккирон ва уламои ҷаҳони ислом ҷиҳати эҷоди ваҳдат ва бозофаринии тамаддуни навини исломӣ”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.