Перейти к содержимому

Вокуниши Помпео ба ҳамлаи мушакии дигар ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар Ироқ

Вазири хориҷаи Омрико ба ҳамлаи мушакии якшанбешаб ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар Бағдод, ки мизбони низомиёни омрикоӣ аст, вокуниш нишон дод.

Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико дар вокуниш ба ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар шимоли Бағдод, ки мизбони низомиёни омрикоӣ аст, дар сафҳаи твиттери худ навишт:

Аз гузоришҳо дар бораи як ҳамлаи мушакии дигар ба як пойгоҳи ироқӣ хашмгин ҳастам. Умедворам маҷрӯҳон сареъ беҳбуд ёбанд. Аз давлати Ироқ мехоҳам масъулони ин ҳамларо, ки алайҳи мардуми Ироқ аст посухгӯ кунад.”

Вай дар идома афзуд: “Идомаи нақзи ҳокимияти Ироқ ба дасти гурӯҳҳое, ки ба ҳукумати Ироқ вафодорӣ надоранд, бояд поён ёбад.”

Помпео дар твитти дигаре низ навишт:

Бо Жон-Ив Ле Дриён, вазири хориҷаи Фаронса, дар бораи идомаи талошҳои муҳимми Омрико ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи ДОЪИШ ва ҳамчунин мубориза бо иқдомоти харобкоронаи Эрон ройзанӣ кардам.”

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки шомгоҳи якшанбе, чанд мушак ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар шимоли Бағдод, ки дар он нерӯҳои омрикоӣ ҳузур доранд, исобат кард.

Хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш дод, ки низомиёни омрикоӣ дар замони ин ҳамла дар пойгоҳ ҳузур надоштанд.

Манобеи амниятии Ироқ мегӯянд, ки ҳашт нафар аз сарбозони ироқӣ бар асари исобати ин мушакҳо ба ин пойгоҳи ҳавоӣ захмӣ шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: