Перейти к содержимому

Чаро амири Қатар ба Теҳрон омад?

Имрӯз (якшанбе, 12 январ) Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, дар сафаре ногаҳонӣ ба Теҳрон омад ва бо раҳбар ва раисиҷумҳури Эрон дидор ва гуфтугӯҳое анҷом дод. Тибқи гузориши расонаҳои эронӣ, бештари гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳанӯз чизе аз муҳтавои ин гуфтугӯҳо ба берун дарз накардааст. Таҳлилгарон дар ин замина назароти мухталиферо ироа мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар дидор бо Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар таъкид кардааст: “Шароити кунунии минтақа беш аз пеш ниёзманди тақвияти иртибототи кишварҳои минтақа ва таъсир напазируфтан аз талқинҳои бегонагон аст.”

Вай шароити кунунии минтақаро номуносиб дониста ва афзудааст: “Иллати ин вазъият фасодангезии Омрико ва руфақои ӯст ва танҳо роҳи муқобила бо он ҳам такя бар ҳамкориҳои дарунминтақаӣ аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба равобити сиёсии хуби Эрону Қатар хотирнишон кардааст: “Равобити иқтисодии ду кишвар дар сатҳи равобити сиёсӣ нест ва бояд ҳамкориҳои Эрону Қатар дар заминаҳои муштарак беш аз пеш густариш ёбад.”

Раҳбари Эрон таъкид кардааст: “Албатта бархеҳо бахусус онҳое, ки аз он сари дунё ба ин минтақа омадаанд, тамоюл ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа надоранд, вале ин мавзӯъ рабте ба онҳо надорад ва кишварҳо ва миллатҳои минтақа, дигар чунин таҳаккумҳо ва дахолатҳоеро қабул намекунанд.”

Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар низ дар суханоне, бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо раҳбари Эрон, шароити минтақаро душвор хонда ва гуфтааст: “Мо бо сӯҳбатҳои шумо дар хусуси лузуми афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ комилан мувофиқем ва мӯътақидем бояд гуфтугӯҳои ҷомеъ миёни кишварҳои минтақа баргузор шавад.”

Амири Қатар ҳамчунин бо ишора ба музокироти худ дар Теҳрон афзуда: “Қарор бар ин шуд, ки кумисиюни муштараки ду кишвар, ҳудуди се моҳи дигар дар Эрон баргузор шавад ва умедворем равобити иқтисодии Эрон ва Қатар ба сатҳи равобити сиёсӣ бирасад.”

Вай ҳамчунин аз кӯмакҳо ва ҳимоятҳо ва мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароити таҳрими Қатар, ташаккур ва қадрдонӣ кардааст.

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ дар нишасти хабарии муштарак бо амири Қатар гуфт: “Барои ҳама равшан аст, ки равобити ду кишвари бародар, дӯст ва ҳамсояи таърихӣ ва ҳусни ҳамҷиворӣ байни мо барқарор будааст. Дар солҳои ахир баъд аз он ки бархе кишварҳо таҳримҳое алайҳи Қатар ба вуҷуд оварданд, дар канори Қатар будем ва дар оянда ҳам дар канори Қатар хоҳем буд.

* * *

Гуфтанист, ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки пеш аз ин, Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар, дар як сафари аз пеш эъломнашуда, дар 4 январ, бо Ҳасани Руҳонӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кард.

Вазири хориҷаи Қатар пас аз ин дидор, дар твитте навишта буд: “Имрӯз (4 январ) дар Теҳрон бо раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кардам. Дар ин дидор дар хусуси таҳаввулоти Ироқ ба таври хосс ва дар минтақа ба сурати омм баҳсу табодули назар шуд.

Алорағми ин ки мақомоти расмии Қатар ҳадафи ин сафарро “талош барои коҳиши таниш дар минтақа” унвон кардаанд, аммо пеш аз ин сафар, яке аз диплумотҳои собиқи Эрон (бино ба гузориши Тобнок) гуфт, вазири умури хориҷаи Қатар ҳомили паёми раисиҷумҳури Омрико барои Эрон аст. Амир Мӯсавӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твитер ба забони арабӣ навишт: “Вазири умури хориҷаи Қатар дар сафар ба Теҳрон ҳомили паёме аз сӯи Дунолд Тромп ба Эрон аст.” Вай афзуд: “Раисиҷумҳури Омрико Қатарро миёнҷӣ қарор додааст, то монеъи вокуниши Эрон ба терури шаҳид Сардор Қосим Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш шавад.”

Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳамон замон, рӯзномаи Daily Mail тайи гузорише муддаӣ шуд, ки бар асоси бархе иттилоот, паҳподе, ки худрави ҳомили Сардор Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандисро ҳадаф гирифт, аз мақарри ситоди фармондеҳии марказии Омрико дар Алъадиди Қатар парвоз кардааст. Ба дунболи ин иддаои Daily Mail бархе гумоназаниҳо, иллати сафари вазири хориҷаи Қатар ба Теҳронро дар ростои ироаи тавзеҳоте дар ин хусус ба Теҳрон донистаанд.

Бо вуҷуди ин иддаои рӯзномаи Daily Mail, Сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво ва фазои Сипоҳи Эрон, дар ҷараёни шарҳи ҷузъиёти ҳамлаи мушакии Сипоҳи ин кишвар ба пойгоҳи Айнуласад дар Ироқ, аз мушорикати пойгоҳҳои Тоҷӣ, Айнуласад, шаҳид Маъфури Ӯрдун ва Алӣ Ассолими Кувайт дар нақшаи терури Сардор Сулаймонӣ ва шиносоии ин пойгоҳҳо тавассути Сипоҳи Посдорони Эрон хабар дод. Бар ин асос, номе аз пойгоҳи Алъадиди Қатар, дар миёни пойгоҳҳои дахил дар шаҳодати Сардор Сулаймонӣ оварда нашуд.

Чанд рӯз пас аз ин иддаоҳо ва сафари вазири умури хориҷаи Қатар ба Теҳрон, рӯзи гузашта (шанбе, 11 январ) хабаргузории NBC News дар гузорише ба ироаи ҷузъиёти ҷадид аз терури Сардор Қосим Сулаймонӣ пардохт. NBC News муддаӣ шуд ин ҷузъиётро аз ду манбаи огоҳи омрикоӣ ба илова масъулони омрикоии дигаре, ки аз ин мавзӯъ огоҳ будаанд, касб кардааст.

Ба гузориши NBC News, ин амалиёт аз Димишқ оғоз шуда — ҷое, ки иттилооти Омрико ҳокӣ аз ҳаракати Сардор Сулаймонӣ аз фурудгоҳи Димишқ ба фурудгоҳи Бағдод будааст ва омрикоиҳо дар интизори ӯ будаанд. Ин гузориш меафзояд, пас аз таъқиби худравҳо дар фурудгоҳи Бағдод ва таъйиди ҳувияти сарнишинони он тавассути ҷосусҳои майдонӣ, нозирони утоқи амалиёт, ки дар мақарри фармондеҳии нерӯҳои марказии Омрико дар Дуҳа, пойтахти Қатар ҳузур доштанд, дастури шиллики чаҳор мушак ба худравҳоро доданд.

Пас аз ин гузориши NBC News буд, ки хабаргузории Алмаёдин дар хабаре эълом кард, ки Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар барои гуфтугӯ бо мақомоти Эрон “дар хусуси масоили дуҷониба ва умури минтақаӣ” ба Теҳрон сафар кардааст. Агарчи иддаоҳои Daily Mail ва NBC News дар бораи мушорикати пойгоҳҳои Қатар дар амалиёти терури Сардор Сулаймонӣ то кунун тавассути мақомоти расмии Эрон таъйид нашудааст, аммо бархе нозирон бар ин бовар ҳастанд, ки иртиботе миёни сафарҳои мақомоти расмии Қатар ба Теҳрон ва ин иддаоҳо вуҷуд дорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: