Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (397)

Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдааст (2)

* * *

Гашт соқӣ хоҷа аз оби ҳамим

Мар ғуломонрову хӯрданд он зи бим.

Хоҷа оби гармро ба ғуломонаш хӯронд ва ғуломон аз тарс он обро хӯрданд.

Баъд аз он мерондашон дар даштҳо,

Медавиданд он нафар таҳту уло.

Ва сипас онҳоро дар саҳроҳо мекашонид ва он ғуломон дар саҳро рӯ ба болову пойин медавиданд.

Қай дарафтоданд эшон аз ъано,

Об меовард з-эшон меваҳо.

Аз заҳмату ранҷи давидан дучори ҳолати қайу истифроғ шуданд. Пас он оби гарм сабаб шуд, ки меваҳоеро, ки ғуломон хӯрда буданд, баргардонанд.

Ъано: ранҷу сахтӣ.

Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,

Мебаромад аз дарунаш оби соф.

Вале ҳамин ки Луқмон қай кард, фақат оби зулол аз даруни шиками ӯ хориҷ шуд. Бад-ин васила покӣ ва адами хиёнати ӯ зоҳир шуд.

Ҳикмати Луқмон чу донад ин намуд,

Пас чӣ бошад ҳикмати Раббулвуҷуд?

Вақте ҳикмати Луқмон айбҳои ниҳонро ин гуна кашф мекунад, ту бибин, ки ҳикмати ҳазрати Паврардигор чӣ гуна хиёнату маъсияти пӯшидаи мардумро кашф мекунад? (Аз инҷо истинтоҷ аз ҳикояти Луқмон оғоз мешавад.)

“Явма тубло ассароир куллуҳо,

Бона минкум коминун ло юштаҳо.”

Рӯзи растохез фаро мерасад ва ҳамаи дарунҳо ва розҳои шумо фош мешавад. Дар он рӯз аз шумо асроре фош мешавад, ки майл надоред онҳо бармало шаванд.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 9 сураи Ториқ:

يَوْمَ تُبْلَى السَّرَائِرُ

Рӯзе, ки розҳо ошкор шавад.”

Чун “суқу моъан ҳамиман, қуттиъат,

Ҷумлатул-астори миммо афзаъат.”

Ҳангоме ки аз оби ҷӯшони дӯзах хӯранд ва аъзои дарунии онҳо пора-пора шавад, ҳамаи пардаҳо канор равад ва расвоӣ ба бор ояд.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 15 аз сураи Муҳаммад (с):

وَسُقُوا مَاءً حَمِيمًا فَقَطَّعَ أَمْعَاءَهُمْ

Ва аз оби ҷӯшони дӯзах хӯронда шаванд ва аъзои дарунии онҳо пора-пора гардад.”

Нор аз он омад азоби кофирон,

Ки ҳаҷарро нор бошад имтиҳон.

Оташ аз он ҷиҳат азоби кофирон аст, ки озмоиши санг ба василаи оташ аст.

Ҳаҷар: санг.

Нукта: Оташ ҳақиқати ҳар сангеро ошкор мекунад, зеро ҳеч санге қудрати муқовимат дар баробари оташро надорад. Ишорат аст ба мазмуни ояти 74 сураи Бақара.

Он дили чун сангро мо чанд-чанд,

Нарм гуфтему намепазруфт панд.

Он дили сангро мо чанд бор бо лутфи тамом мавриди насиҳату андраз қарор додем, вале напазируфт.

Реши бадро доруйи бад ёфт раг,

Мар сари харро сазад дандони саг.

Ба унвони мисол, захми музмину бадхимро бояд бо доруи тунду тез мудово кард, чунонки сари хар лоиқи дандонҳои тези саг аст.

“Ал-хабисот лил-хабисин”, ҳикмат аст,

Зиштро ҳам зишт ҷуфту бобат аст.

Ин ки палидиҳо вежаи палидон аст, ношӣ аз ҳикмат аст. Шахси зиштхӯю палид қарини ҳамтои худ аст.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 26 сураи Нур:

الْخَبِيثَاتُ لِلْخَبِيثِينَ وَالْخَبِيثُونَ لِلْخَبِيثَاتِ ۖ وَالطَّيِّبَاتُ لِلطَّيِّبِينَ وَالطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَاتِ

Занони палид аз они мардони палид бошанд ва мардони палид аз они занони палид. Занони пок аз они мардони пок бошанд ва мардони пок аз они занони пок…”

Пас, ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бирав,

Маҳву ҳамшаклу сифоти ӯ бишав.

Пас ту ҳар ҷуфтеро, ки мехоҳӣ, бирав ҳамшаклу ҳамсифати онҳо бишав ва дар миёни онон маҳву фонӣ шав. Яъне ба шакли онон дарбиё ва худро дар онон маҳв кун.

Нур хоҳӣ, мустаъидди нур шав,

Дур хоҳӣ, хешбину дур шав.

Агар толиби равшанӣ ҳастӣ, истеъдоди гирифтани нурро дар худ падид овар. Ва агар мехоҳӣ аз Ҳақ дур бошӣ, мояаш ин аст, ки худбин бошӣ, зеро ин худдбинӣ туро аз Худобинӣ дур мекунад.

В-ар раҳе хоҳӣ аз ин сиҷи хариб,

Сар макаш аз дӯст “васҷуд вақтариб”.

Ва агар мехоҳӣ, ки роҳе биёбӣ, то аз зиндони тан раҳо шавӣ, пас, аз дӯсти ҳақиқӣ саркашӣ макун, ки фармудааст: саҷда кун ва ба Худо наздик шав.

Сиҷни хариб: зиндони вайрон, марод ҷисми фонӣ аст.

Нукта: Дар ояти 19 сураи Алақ омадааст:

وَاسْجُدْ وَاقْتَرِبْ

Ва ба саҷда шав ва ба Ҳақ наздиктар.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.