Перейти к содержимому

Арабистони Саудӣ: “Бори дигар эълом мекунем, ки Подшоҳии Саудӣ таҷовузҳои Эрон ва нақзи ҳокимияти Ироқро маҳкум мекунад”

Арабистони Саудӣ имрӯз (сешанбе, 14 январ) ба вокуниши мушакии Эрон ба иқдоми Омрико ва ба шаҳодат расондани Сардор Қосим Сулаймонӣ вокуниш нишон дод.

Кобинаи давлати Саудӣ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер, он чиро “таҷовузи Эрон ва нақзи ҳокимияти Ироқ” хонд, маҳкум кард ва гуфт: “Шӯрои вазирони Саудӣ бори дигар эълом мекунад, ки Подшоҳии Саудӣ таҷовузҳои Эрон ва нақзи ҳокимияти Ироқро маҳкум мекунад.

Шӯрои вазирони саудӣ пойгоҳи Айнуласадро, ки Омрико дар он мустақар аст, “ироқӣ” тавсиф кард ва гуфт: “(Маҳкум кардани мо ба хотири) ҳамлаи Эрон ба ду пойгоҳи низомии ироқӣ аст, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба далели мубориза бо ДОЪИШ дар он мустақар ҳастанд.”

Гуфтанист, бомдоди 3 январ соате пас аз интишори ахборе аз инфиҷор ва исобати мушак ба ду худрав дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, Ҳашдушаъбии Ироқ аз шаҳодати Сардор Қосим Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Ҳашдушшаъбии Ироқ дар ҳамлаи ҳавоии Омрико хабар дод; хабаре, ки соате баъд Сипоҳи Эрон онро таъйид кард.

Дар пайи ин хабар, Вазорати дифои Омрико (Пентогун) масъулияти терури шаҳид Сулаймонӣ  ва ҳамроҳонашро бар ӯҳда гирифт ва дар баёнияе эътироф кард, ки ин терур ба дастури раисиҷумҳури Омрико сурат гирифтааст.

Эрон дар вокуниш ба ин иқдоми теруристӣ, эълом кард, ки посух медиҳад ва чаҳор рӯз баъд пойгоҳи Айнуласад дар ғарби Ироқро, ки аз муҳимтарин пойгоҳҳои Омрико дар ин кишвар аст, ҳадафи беш аз даҳ мушак қарор дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: