Дидгоҳ

Оё ин модар ба доди он модар мерасад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Фикр мекунам, ҳамаи азизон номаи ахири Нилуфар Раҷабова ба Озода Раҳмонро хондаанд. Номае, ки ба ҳадде риққатангез ва такондиҳанда аст, ки маҳол аст як инсон онро бихонад ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ нашавад. Номае, ки ингуна шурӯъ мешавад: “Ин муроҷиатам на ба роҳбари дастгоҳ, балки ба як зан-модар аз ҷониби модари дигарест”.

Пурсише, ки имрӯзҳо зеҳни ҳамагонро ба худ машғул карда ва аз худ мепурсанд ин аст, ки: оё бону Озода Раҳмон, пас аз дарёфти ин нома, иқдоме анҷом хоҳад дод, ё мисли соири мақомот ва ҳатто падараш, ки ҳамеша ба масоил аз равзанаи масолеҳу манофеи сиёсӣ нигоҳ кардаанд, барои ӯ низ сиёсат ва бозиҳои сиёсӣ муҳимтар аз меҳри модарӣ аст?

Намедонам, қазоваташ бисёр душвор аст, аммо хушбинам, ва ҳиссам ин аст, ки мо, пас аз ин нома ва баъд аз он ки “меҳри модарӣ” аз сӯи бону Нилуфар Раҷабова қозӣ ва довар қарор дода шуд, шояд барои аввалин бор дар ҷомеаи Тоҷикистон шоҳид шавем, ки адолат пирӯз ва ҳақ ба ҳақдор бирасад. Ҳиссам ҳаминро мегӯяд… Чаро?

Ба ин далел, ки вақте як модар (на сиёсатмадор) номаеро мехонад, ки аз сӯи як модари дигар ба ӯ навишта мешавад ва дар он меояд: “Як моҳ аст, ки ман, модари се фарзандро, ки дутояш маъюб мебошанд, аз як ниҳоди ҳуқуқӣ ба дигараш мекашанд. Ва он ҳам ба хотири он, ки ман зани мазҳабӣ ҳастам ва нагузоштам, ки рӯймоли сарамро кашида гиранд. Ва ҳар вақте ки маро ба яке аз ин ниҳодҳо фарёд мекунанд, ё бо зӯрӣ мебаранд, дар дилам оташаки умеде аланга мезад, ки шояд имрӯз нафаре пайдо мешаваду аз ман дифоъ мекунад, аммо афсӯс!…” – магар мешавад аз ҷо такон нахӯрад ва ҳисси модариаш ӯро водор ба ҳаракат накунад?! Маҳол аст ба назарам, магар он ки ӯ дигар аз ҳисси модарӣ куллан маҳрум гардида бошад.

Вақте як модар ба ӯ менависад: “Чанд рӯз пеш бо даъват ба прокуратураи ноҳияи Сино охирин умедам аз даст рафт. Дар ҳама ниҳодҳо бо ҳам забон як кардаанд, то ҷинояткореро, ки дар либоси ҳомии ҳуқуқ аст, сафед кунанд…” – оё қобили тасаввур аст, ки Озода Раҳмон ба унвони як модар, бо шунидани инчунин ҳарфҳо дилаш ба дард наояд ва ба доди ин модари ғамдида нарасад?! Ҳиссам мегӯяд ин маҳол аст, магар ин ки дохили синаи ӯ дигар диле вуҷуд надошта, онҷо порае санг қарор гирифта бошад.

Вақте як модар аз ҳаҷми ҷинояте, ки ба ӯ шуда менависад ва мегӯяд: “Агар чунин ҷиноят дар дигар кишвар рух медод садҳо ё ҳазорон нафар бонувон ба хиёбонҳо мерехтанд, то аз ҳаққи ҳамҷинси худ дифоъ кунанд…” – оё имкон дорад қалби бону Озода Раҳмон баъд аз шунидани ин ҷумлаҳо натаракад?! Маҳол аст, магар он ки на танҳо модар, ки зан ҳам нашуморемаш.

Оё ин қобили тасаввур аст, ки Озода Раҳмон номае аз як модари бономуси тоҷик дарёфт кунад, ки дар он омада: “Чанд ҳафта боз дар гирдоби моҷароям. Моҷарое, ки аз он ними дунё тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ воқиф шуд ва худи шумо ҳам шунидагистед, агар инро ҳам аз шумо пинҳон надошта бошанд! Шунидед, ки як корманди полис, ҳамон ниҳоде, ки бояд ҳар як сокини кишварро ҳимоя кунад, ба номуси ман дастдарозӣ карданӣ буд…” – ва он гоҳ, пас аз хондани ин сатрҳо, сукут ихтиёр кунад?! Маҳол аст, магар ин ки номи ӯро аз ҷумлаи модарон хатт бизанем ва бигӯем ӯ дигар модар набудааст!

На танҳо Озода Раҳмон, ки ҳар зану модаре вақте якчунин фарёде аз як модар ба гӯшаш бихӯрад, ки: “Аммо ман худкушӣ намекунам ва аз ҳуқуқи худ ва фарзандҳои бемори худам дифоъ хоҳам кард! Ва муроҷиати мани модар ба шумои модар ҳам маҳз ба он хотир буд, ки шумо воқиф бошед ва пеши роҳи ин ҷинояткоронро гиред. Медонам, ки фақат шумо метавонед, ки маро ҳимоят кунед, агар воқеан бихоҳед. Дигарон рӯирост ба ман гуфтанд, мо метарсем, ки аз ҳуқуқи шумо дифоъ кунем. Истамзодаҳо дасти дароз доранд…” – оё мешавад баъд аз шунидани чунин мусибате об аз гӯлӯяш поин ояд ва такон нахӯрад ва бетафовут бошад?! Маҳол аст, магар ин ки на танҳо аз ҷумлаи занон, ки аз ҷиргаи инсоният хориҷ шуда ва ба мавҷуде сангдилу бераҳм табдил ёфта бошад.

Ба ҳамин далел аст, ки арз кардам, шояд барои аввалин бор дар 27 соли ахир, ба баракати ин нома, шоҳиди пирӯзии адолат ва расидани ҳақ ба ҳақдор дар ҷомеа бошем ва анқариб муҷозот шудани амсоли Истамзодаҳоро бибинем.

Шояд бигӯед, бисёр соддаам. Чунин нест. Ман аз “меҳри модарӣ” сухан мегӯям; ва бароям аслан боварнакарданист, ки Озода Раҳмон “меҳри модарӣ”-ашро қурбони бозиҳои сиёсӣ бикунад. Ва на танҳо ӯ, балки ҳеч модаре дар дунё ҳозир нест чунин бикунад. Зеро “меҳри модарӣ” чизе аст, ки ҳеч чиз наметавонад бар ин чира гардад.

Ин нақлро дар яке аз китобҳо хонда будам (ва дақиқан ёдам нест дар чӣ китобе буд), ки дар миёни қавми ҳазрати Мӯсо (с) ҷавони бадсиголе буд, ки ҳамвора модарашро ранҷ медод ва бемеҳрии ӯ ба модар ба ҷойе расид, ки рӯзе модари пиру нотавони худро болои кӯҳ бурд ва онҷо гузошт, то тӯъмаи дарандагон шавад. Ҳангоме, ки аз кӯҳ поин меомад, то ба хона баргардад, модари ӯ дар ин фикр уфтод, ки мабодо писараш дар масир аз кӯҳ биуфтад ва маҷрӯҳ гардад ё тӯъмаи дарандагон шавад! Аз ин рӯ, даст ба дуо бардошт ва гуфт: Худоё! Писарамро аз тӯъмаи дарандагон ва аз газанди ҳаводис маҳфуз бидор, то ба саломат ба хона баргардад! Он гоҳ аз сӯи Худо ба Мӯсо (а) хитоб шуд: эй Мӯсо, ба он кӯҳ бирав ва манзараи меҳри модариро бибин!

Ин аст меҳри модарӣ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.