Машоҳир

Роҷер Эскрутон, аз боризтарин файласуфони муосир даргузашт

Роҷер Эскрутон (Roger Scruton), файласуфи бритониёӣ дар синни 76-солагӣ даргузашт.

Ин файласуфи бритониёӣ рӯйкарде муҳофизакорона дошт ва бархе аз андешаҳои ғолиби имрӯзиро мавриди нақд қарор медод. Бо феминизм мухолифат карда ва онро “рӯйкарде ифротӣ” медонист. Мӯътақид буд, ки феминизм равобити башарро дучори ихтилол мекунад, чаро ки вақте занон ҳувияти худро бар асоси он чи ки феминистҳо мегӯянд иҷро кунанд, дигар барои мардон ғайриҷаззоб хоҳанд буд. Вай мӯътақид буд, ки ҳақиқати ҷаҳон аз ду ҷинс сохта шуда ва намебояд ин ду ҷинсро ба ҳам омехта кард ва як вазифаро аз ҳар ду талаб кард. Дар ҳамин хусус ӯ ба ҳаё барои занон тавсия карда буд. (Мақолаи “Мардонагии мудерн”)

Эскрутон ҳамчунин ба бархе аз улуми ҷадид нақд дошт. Илми асабшиносиро мавриди нақд қарор медод ва мӯътақид буд, ки тамоми рафторҳои инсонро наметавон бар асоси ин илм таҳлил кард. Вай мегуфт, ки ҳамаи пурсишҳои мантиқӣ дар бораи сиришт ва рафтори инсон қобили тавсифу таҳлил бо ин илм нестанд. Мӯътақид буд, ки бисёре аз пурсишҳо дар бораи афрод ва рафторҳояшон тафсирӣ ҳастанд. Вай гуфта буд, вақте ки навбат ба вежагиҳои зарифи инсонӣ мерасад, барои тафсири дурусти онҳо мо ба улуми инсонӣ ниёз дорем на илми асабшиносӣ. (“Раҳоӣ аз мағз”).

Эскрутон ба зебоишиносӣ ҳам аҳаммият медод. Аз ҳамин рӯ мушовири Терезо Мэй (нахуствазири пешини Англистон) дар заминаи хонасозӣ ва зебосозии биноҳо шуда буд. Вай ба ҷараёнҳои чап, ки ба зебоӣ аҳаммияте намедиҳанд ва танҳо нигоҳе масрафгаро доранд, интиқод мекард. Ба бархе аз онҳо нақд мекард, ки ба тахриби маҳаллаҳои куҳани Порис дастур додаанд, дар ҳоле, ки худашон дар хонаҳое бо сабки меъмории суннатӣ зиндагӣ мекунанд.

Эскрутон аз ҳамин рӯ ба нақди ҷараёнҳои чап мепардохт ва мегуфт, ки равшанфикрони чап фикр мекунанд, ки чун мо чизеро дӯст надорем, пас метавонем бо як ҳаракати даст тамомашро нобуд кунем. Дар ҳоле, ки ин ба як ҳарҷу марҷ меанҷомад.

Роҷер Эскрутон, ки мегуфт илм ба танҳоӣ қодир ба ҳалли тамоми мушкилоти башар нест, наздик ба 50 китоб аз худ боқӣ гузошт.

Эскрутон беш аз 30 китоб бо мавзӯъҳои мухталиф аз ҷумла зебоишиносӣ, фалсафаи ахлоқ, сиёсат, ҳунар, фалсафаи сиёсӣ ва таърихи фалсафа нигоштааст. Китоби “Маънои муҳофизакорӣ” дарбардорандаи дидгоҳҳои муҳофизакоронаи вай аст. “Зебоишиносии меъморӣ”, “Таърихи мухтасари фалсафаи мудерн” ва “Фарҳанги андешаи сиёсӣ” аз ҷумлаи осори барҷастаи ӯ ҳастанд.

Китобҳои тарҷумашудаи ӯ ба забони форсӣ иборатанд аз:

“Мутафаккирони чапи нав”

“Дар бораи сиришти инсон”

“Зебоӣ”

“Фалсафаи ҳунар ва зебоишиносӣ”

“Конт”

“Таърихи мухтасари фалсафаи ҷадид”

“Эспинузо”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.