Перейти к содержимому

Эътирозҳои зидди давлатӣ дар Лубнон аз сар гирифта шуд

Мӯътаризони лубнонӣ мавҷи ҷадиде аз тазоҳуроти худро таҳти унвони “Ҳафтаи хашм” дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодӣ ва низ тӯлонӣ шудани раванди ташкили давлат оғоз карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алъаҳд, эътирозоти мардумии Лубнон бо мавҷи ҷадид таҳти унвони “Ҳафтаи хашм” пас аз як оромиши нисбӣ дар ин кишвар, аз сар гирифта шуд. Дар ин миён донишомӯзон ва донишҷӯён ва бархе аз коргарон ва кормандон низ мушорикати худро дар ин тазоҳуротҳо эълом карданд.

Тазоҳуроткунандагони лубнонӣ, ки теъдоде аз роҳҳои аслӣ дар манотиқи мухталифи ин кишварро бастаанд, эълом карданд, ки имрӯз рӯзи хашм ва эътисоби умумӣ дар эътироз ба авзои кишвар ва тӯлонӣ шудани замони ташкили давлате аст, ки мутолиботи онҳоро бароварда кунад.

Ин эътирозот дар манотиқи мухталифи Лубнон дар ҷараён аст. Мӯътаризон дар Бейрут бо оташ задани лостикҳо бузургроҳи аслии шаҳрро бастанд.

Дар ҷануб низ мӯътаризони лубнонӣ дар шаҳри Сайдо аз субҳи имрӯз иқдом ба бастани дарҳои ширкати барқу об ва дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодии ин кишвар муқобили шӯъбаи бонки Лубнон дар Сайдо таҷаммӯъ карданд.

Ҳамчунин донишҷӯёин мӯътаризи лубнонӣ низ дар баробари идораҳои расмии минтақаи Сайдо ва ширкати барқ таҷаммӯъ карда ва дар миёни интишори густурдаи нерӯҳои амниятӣ шиорҳои зидди давлатӣ сар доданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: