Ҳуқуқи башар

“Ҳеч кас ба доди ман намерасад”

Номае аз як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Самадов Мирзохӯҷа Назирхӯҷаевич расид, ки ӯ дар ин нома, аз дасти ҳамсояҳои худ шикоят карда ва муддаӣ аст, ки касе ба додаш намерасад.

Пойгоҳи Кимиёи саодат бо ин ки аз ҳақиқати ҳол дар робита бо ин шаҳрванд мутталеъ нест, аммо ба ҳар сурат, лозим мешуморад номаи ӯро ҳамроҳ бо як ду номааш ба мақомоти кишвар мунташир кунад. Агар воқеан ба ин шаҳрванд ситам мешавад, мақомоти масъул бояд ба шикояташ расидагӣ кунанд. Ва дар сурате, ки онҳо нарасанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба доди ин бандаи Худо бирасанд.

Инак, номаи Самадов Мирзохӯҷа Назирхӯҷаевич:

Салом Дӯсти азиз,

Дӯсти Азиз, мондаи зиндагӣ шудам, рӯзе мешавад мурдаи манро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинед, ба доди ман ҳеҷ кас намерасад чунки ман маъюб буда манро мисли одам намешуморанд.

Аз хона хафтахост, ки намебром аз тарси ҳамсояи золима, ҳар вақте аз хона бром аз пуштам пайгири карда дар пеши ҳама дашномҳои қабеҳ зада манро тахкиру тахдид мекунанд ба сари ман бе ягон асос кормандони ҳифзи ҳуқуқро меоранд. Зиндагӣ даҳшат мебошад дар Тоҷикистон.

Зану фарзандонамро дар кади кӯча дар ҷои ҷамъиятӣ дашномҳои қабеҳ мезанданд, ҳамла мекунанд бар сари фарзандони ноболиғамро.

Безори зиндагӣ шудам.

Дар Тоҷикистон пайдо нашуд марди бо нангу номус, ки як бор аз тарафи адолат санҷиш барад. Ҳама пуштибони ҳамсояи золим мебошад, чунки маблағ дорад. Мақомоти давлатии Тоҷикистон болош кор мекунанд, ҳар чизи хоҳад ҳамсоя мақомотҳо итоат мекунанд.”

Ин шаҳрванд муддате пеш мушкилоти худро дар шабакаи “Центрально Азиатский Телеканал” матраҳ кардааст, ки ба ин шарҳ аст:

 

Вай ҳамчунин ин мавзӯъро бо барномаи “Садои мардум” низ ба миён гузошта будааст, ки бад-ин шарҳ аст:

 

Номаи Самадов Мирзохӯҷа ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

Номаи Самадов Мирзохӯҷа ба муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенанти адлия Ваҳҳобов.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.