Посух ба шубаҳот

Посух ба пурсише дар бораи “асолати тасаввур” (идеализми субьективӣ)

Ҷорҷ Беркли (George Berkli, 1685-1753)

Пурсиш: Оиди он нуқтаю назар, ки ин дунёи мо виртуалӣ буда он чизеро мебинем аслӣ нест, чӣ ақида доред? Яъне оиди назарияи идеализми субьективӣ дар фалсафа чӣ ақида доред?

Д.В.

Посух: Ба номи Худо. Аввалан, пӯзиш мехоҳам, ки посух ба пурсиши шумо бо андаке таъхир анҷом мегирад, зеро дар ду ҳафтаи ахир машғули пайгирии таҳаввулоти минтақа будам, аммо ҳоло фурсат пеш омад, то ба посухи ин пурсиш бипардозам. Дар рӯзҳои наздик ба посухи ду пурсиши дигари шумо низ, иншоаллоҳ, хоҳам пардохт.

Посух ба ин пурсишро зимни баёни чанд нукта хулоса мекунам. (Барои он ки матлаб барои шумо ва ҳам барои азизони дигар равшан шавад, саъй мекунам ба забоне содда онро баён бидорам.)

1) Нуктаи аввал он ки: фалсафаи “асолати тасаввур (шуъур)” ё ҳамон “идеализми субьективӣ”, ба далелҳо ва бурҳонҳое, ки ба зудӣ ба баъзе аз онҳо ишора хоҳад шуд, дуруст нест. Аммо барои он ки бидонем, ин дидгоҳ чӣ мегӯяд, лозим аст матлаб аз забони худи файласуфоне, ки ба он боварманд ҳастанд баён бишавад, то бибинем ҳарфи онҳо чист ва чӣ мехоҳанд бигӯянд. Дар нуктаи севвум ин матлаб баён хоҳад шуд ва сипас ба нақди он мепардозем.

2) Нуктаи дигаре, ки пеш аз пардохтан ба асли матлаб ёдоварии он ҳам лозим аст ин аст, ки ғолибан файласуфони материалист масъаларо ин гуна тарҳ мекунанд, ки дар арсаи фалсафа ду хел дидгоҳ вуҷуд дорад: материалистӣ ва идеалистӣ. Ва он вақт мегӯянд, идеализм мактабе аст, ки мӯътақид ба асолати идрок (шуъур) аст, ва материализм қоил ба асолати модда. Сипас, ҳамаи фалосифаи илоҳиро дар ҷиргаи идеалистҳо қарор медиҳанд.

Ин тақсимбандӣ сад дар сад хатост. Тақсимбандӣ дар воқеъ бояд чунин бошад, ки дар арсаи фалсафа, ду дидгоҳ вуҷуд дорад: яке реализм ва дигаре идеализм. Идеалистҳо касонеанд, ки мӯтақид ба “асолати тасаввур (идрок, шуъур)”-анд ва реалистҳо қоил ба “асолати воқеъ”. (Ба зудӣ ҳар дуро тавзеҳ хоҳем дод). Ва он гоҳ худи реализм дар навбати худ ба шохаҳое тақсим мешавад, ки яке аз он, материализм аст, ва дигаре фалсафаи илоҳӣ ва ғайра. Зеро мо дар миёни фалосифаи илоҳӣ (чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмон) идеалист ба маъное, ки материалистҳо аз он таъриф мекунанд аслан надорем. На Афлотун ба ин маъно идеалист аст (ва касоне ҳам, ки “мусул”-и афлотуниро ин навъ идеализм мепиндоранд, сахт иштибоҳ мекунанд) ва на Арасту идеалист аст ва на ҳеч як аз фалосифаи исломӣ. Яъне на пайравони Машшоъ идеалист ба ин маъно ҳастанд ва на пайравони Ишроқ ва на ҳеч яки дигар. Зеро илоҳӣ будан рабте ба идеализм надорад. Фалосифаи исломӣ — монанди Кендӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Суҳравардӣ ва ғайра… — бо он ки идеалист нестанд, аммо дидгоҳҳои илоҳии худро бо далоили муҳкам исбот мекунанд. Ин муқаддима лозим буд баён шавад.

3) Инак бибинем идеализми субьективӣ чист. Идеалисти субьективӣ касе аст, ки ҷаҳони берун аз зарфи зеҳнро мункир аст, монанди Прутогурос ва Гургиёс аз фалосифаи қадими Юнон, ва монанди Беркли ва Шупенҳовер аз фалосифаи ахири Урупо. Инҳо идеалисти субьективӣ ҳастанд.

Ҷорҷ Беркли (George Berkli, 1685-1753) барҷастатарин намояндаи ин тарзи тафаккур аст. Ӯ барои ашёи берун аз зеҳн воқеият қоил нест. Ӯ мегӯяд, вуҷуд доштан яъне “будан” дар зеҳни шахси идроккунанда. Бале, ӯ сарчашмаи огоҳиро ҳисс медонад, аммо сарчашмаи ҳиссро “вуҷуди хориҷии шайъ” намедонад. Балки мегӯяд, чун мебинем, ки ашёе, ки ҳисс мекунем, бо як тартибу назми махсус дар зеҳни мо пайдо мешаванд ва аз байн мераванд — ва ин омадану рафтанҳо аз ихтиёри мо хориҷ аст, масалан гоҳе мебинем рӯз аст ва дар он ҳол наме‏тавонем шабро бибинем ва пас аз чанд соат мебинем шаб аст ва дар он ҳол наме‏тавонем рӯзро бибинем, яъне дар дасти мо нест – пас, аз инҷо мефаҳмем, як зоти дигаре ҳаст, ки ин тасаввуротро бо назму ҳисоби муайяне дар зеҳни мо эҷод мекунад, ва он зоти Худост.

Ва агар шумо аз Беркли пурсед, ки чӣ далел бар ин иддао дорӣ, ки ашё дар хориҷ аз зеҳн вуҷуд надоштаанд? Магар мешавад одам ба ҳамин роҳатӣ бигӯяд, ки хуршеде, ки масалан алъон ман мебинам, дар хориҷ аз зеҳн вуҷуде надорад, балки фақат дар зеҳн вуҷуд дорад? Ӯ дар посух, ба шумо мегӯяд, ҳамин чизе, ки ту мегӯӣ, ки мебинам — масалан хуршедро мебинам — оё ғайр аз сурате аст дар зеҳни ту? Аз куҷо мегӯӣ, ки ин сурати зеҳнӣ, дар берун аз зеҳн ҳам вуҷуди хориҷӣ доштааст? Аз куҷо маълум, шояд Худо дар зеҳни мо ба як назму тартиби хоссе ин ашёро дар зеҳн падид оварда бошад?

Ин буд хулосаи иддаои Беркли (ва соири идеалистҳои субьективӣ), ки ман хеле мухтасар аз забонашон нақл кардам. Вагарна, як силсила шоҳидҳое ҳам бар ин иддаои ба зоҳир пучи худ меоваранд, мисли хатоҳои идрокӣ ва ғайра.

Хуб, ҳоло оё ин ҳарфи Беркли дуруст аст? Посухаш ба ҳамин соддагӣ ҳам нест. Зеро онҷо, ки Беркли мегӯяд, ки ҳар он чи мо ҳисс мекунем (мебинем, мешунавем, мечашем, мебӯем, ламс мекунем) инҳо ҳама суратҳои зеҳнӣ ҳастанд, инҷо ҳарфаш дуруст аст. Аммо иштибоҳаш дар ин аст, ки ӯ инро далел бар адами вуҷуди ашё дар хориҷ аз зеҳн қарор медиҳад. Иштибоҳаш инҷост. Дар ҳоле, ки ин далел, ба танҳоӣ, барои инкори вуҷуди ашё дар хориҷ аз зеҳн кофӣ нест. Чаро? Посухи ин чароро дар нуктаи чаҳорум, ки дар воқеъ нақди дидгоҳи идеализми субьективӣ аст, медиҳам.

4) Реалистҳо, ки дар муқобили идеалистҳо қарор доранд, касонеанд, ки барои ашё, дар хориҷ аз зеҳн воқеият қоиланд. Яъне мӯътақиданд, ки ашёе, ки ҳисс мекунем (мебинем, мешунавем, мечашем, мебӯем, ламс мекунем) инҳо вуҷуди хориҷӣ ва воқеият доранд. Масалан, ман вақте хуршедро мебинам, ба ин далел аст, ки хуршед як шаъйи хориҷӣ аст ва воқеият дорад, ки вақте ман бо он рӯ ба рӯ мешавам, сурати он дар зеҳни ман инъикос пайдо мекунад. Агар дар зеҳни ман сурати дарахте пайдо мешавад, ин ба хотири он аст, ки як шаъйи хориҷие ба номи дарахт вуҷуд дорад, ки вақте бо он рӯ ба рӯ шавам, сурати он дар зеҳни ман инъикос меёбад, ва ғайра…

Ва аммо дар посухи ин иддаои Беркли, ки мегӯяд, ки аз куҷо маълум аст, ки сурати зеҳнӣ, дар берун аз зеҳн ҳам воқеият доштааст, инро аз куҷо мегӯӣ, шояд Худо бо як назму тартиби хоссе онҳоро дар зеҳнамон падид овардааст, дар посух ба ин иддао, гӯем: ба воқеият доштани ашё, аз фарқе, ки байни суратҳои зеҳнии мо вуҷуд дорад, пай мебарем.

Тавзеҳ он ки: тасаввуроти зеҳнии мо инсонҳо яксону якнавохт нестанд. Масалан, байни тасаввури зеҳнии хуршед пас аз дидан, бо тасаввури он ҳангоми рӯ ба рӯ шудан, фарқ аён аст. Шумо, ки рӯзона хуршедро мебинед, дар шаб ҳам метавонед он суратро дар зеҳни худ эҳзор кунед ва тасаввур намоед. Ин сурати зеҳнӣ, дигар он хоссиятҳоеро, ки ҳангоми дидан ва рӯ ба рӯ шудан дорад, доро намебошад. Зеро сурати хуршед ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ва дидан, дар шумо гармо эҷод мекунад, чашмонатонро вақте ба сӯи он нигоҳ доштед, хира мекунад ва ғайра аз хоссиятҳо; дар ҳоле, ки тасаввури хуршед дар шаб ин хоссиятҳоро надорад. Ва ё як мисоли беҳтари дигар: сурати оташ дар зеҳни шумо ҳангоми мувоҷеҳа ва рӯ ба рӯ шудан ва тамоси мустақими бо он, бо сурати он ҳангоме ки бихоҳед ба зеҳнатон эҳзор кунед яъне биёваред, фарқ дорад.

Бинобар ин, аз фарқе, ки байни суратҳои зеҳнии инсонҳо вуҷуд дорад, пай мебарем, ки сурате, ки ҳангоми тамоси мустақим бо ашё дар зеҳни мо ҳосил мешавад, ин сурат кашфкунандаи вуҷуди хориҷии он ашё будааст. Вагарна, байни тасаввуроти зеҳнӣ ҳеч фарқе вуҷуд надошт.

5) Лозим ба ёдоварист, идеализми субьективиро метавон навъе аз суфастоигарӣ донист, зеро ҳар ду, дар инкори воқеияти хориҷӣ муштараканд. Ҳол, холӣ аз фоида нест сухане аз Ибни Сино нақл бикунам. Ибни Сино, ки далелҳо ва бурҳонҳои қотеъе дар радди андешаҳои суфастоиён меоварад ва ин ки ашё дар хориҷ аз зеҳн воқеият доранд, дар бахши илоҳиёти китоби “Шифо” (с.53) мегӯяд, агар касе мункири воқеият доштани ашё дар хориҷ аз зеҳн бошад ва ҳатто заруриётро ҳам инкор кунад ва дар ин инкораш пофишорӣ намояд, “шоиста аст, ки бар ӯ таклиф кунанд, ки дар оташ дарояд, зеро аз назари вай оташ ва ғайри оташ яксон аст; ва ӯро бизананд, зеро дард ва ғайри дард дар назари вай яксон аст; ва ӯро аз хӯрдан ва нӯшидан боздоранд, зеро хӯрдану нӯшидану тарки онҳо аз назари вай яксон аст.”

Саломат бошед.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.