Сиёсат

Дурӯғи навбатии хабаргузории “Ховар”

Хабаргузории “Ховар” дирӯз (15 январ) гузорише аз сафари кории Раиси Риёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, Аҳмад Зиё Сироҷ ва ҳайати ҳамроҳ ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯи ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ироа кард.

Дар гузориши хабаргузории “Ховар” аз ҷумла омадааст, ки дар дидору гуфтугӯи тарафайн “дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки дар гузориши расонаҳои Афғонистон аз ҷумла хабаргузории “Уфуқ” ва чанд хабаргузории дигар, ҳарфе аз Ҳизби наҳзати исломӣ наомада. Ба унвони мисол, дар хабаргузории “Уфуқ” овардааст:

Сарони амнияти миллии ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба таҳдиди мустақими созмонҳои теруристии байналмилалӣ, аз ҷумла «Алқоъида», «ДОЪИШ», «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» бар ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ таъкид кардаанд.”

Дар сомонаи хабарӣ-таҳлилии “Вақт» низ овардааст:

Мақомоти амниятии ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба таҳдиди мустақими созмонҳои теруристии байналмилалӣ, аз ҷумла “Алқоъида», «ДОЪИШ», «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» бар ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.”

Чунонки мулоҳиза мешавад, дар гузориши хабаргузориҳои порсизабон аз ҷумла хабаргузории “Уфуқ” ҳарфе аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оварда нашудааст.

Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.