Сиёсат

Эрон; уқдаи руҳии хатарноки Омрико

Омрико зоҳиран бидуни ҳеч гуна огоҳӣ аз таърихи (ахири) равобиташ бо Эрон, ва таҳти ҳидояти раисиҷумҳури номӯътадиле назири Дунолд Тромп, ки эҳтимолан фикр мекунад метавонад даст ба теруру қатл бизанад ва аз он (ва паёмадҳояш) фирор кунад, ҳанӯз ҳам дар ҳоли иқдом кардан бар асоси як бемории равонии 40-сола дар равобити худ бо Теҳрон аст…

Ба қалами Ҷефри Сокс (JEFFREY D. SACHS) дар нашрияи Project Syndicate

Дунолд Тромп раисиҷумҳури Омрико дастури терури женерол Сулаймониро дар ҳоле, ки вай барои як маъмурияти расмӣ вориди Ироқ шуда буд, содир кард. Амре, ки ба наҳви густурдае бо истиқболи ифротиҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳи Омрико низ мувоҷеҳ шуд. Қатлу терури мақомҳо, руҳониҳо ва рӯзноманигорони хориҷӣ, ки таҳти таҳримҳо ва муҷозоти давлатҳои мухталиф дар ҷаҳон қарор доранд, ба амре шойеъ дар дунёи кунунӣ табдил шудааст. Бо ин ҳол, нуктаи вежае дар мавриди иқдоми хунини Омрико алайҳи Эрон вуҷуд дорад. Омрико даргири як уқдаи руҳии хатарнок дар робита бо Эрон аст, ки ҳудудан 40 сол қидмат дорад ва ахиран ду кишварро дар остонаи ҷанг бо якдигар қарор додааст.

Тамаркузи ифротии Омрико бар Эрон, реша дар вуқӯи инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979 дорад. Пас аз вуқӯи инқилоби исломӣ донишҷӯёни эронии пайрави хатти Имом Хумайнӣ сафорати Омрико дар Теҳронро тасхир карданд ва 52 омрикоии мустақар дар сафоратро ба муддати беш аз як сол асир карданд. Он таҷрибаи манфии Омрико аз Эрон мӯҷиб шуда, то сиёсатмадорони омрикӣ аз лиҳози равонӣ натавонанд (ҳатто ин амр ба мавзӯи ғайримумкин бадал шуда) сиёсатҳои худ дар қиболи Эронро таҳти назму қоъидаи мушаххасе дароваранд. Шояд ба ҳамин далел аст, ки ахиран шоҳид будем Тромп дар изҳори назаре, Эронро ба як ҷинояти ҷангӣ таҳдид мекунад ва мегӯяд, омода аст, ки 52 нуқтаро дар дохили Эрон, ки дар миёни онҳо марокизи фарҳангӣ низ вуҷуд доранд (52 нуқта ба нишонаи 52 асири омрикоӣ, ки дар ҷараёни тасхири сафорати Омрико асир шуданд), дар сурати вокуниши Эрон ба терури женерол Сулаймонӣ ҳадаф қарор диҳад.

Тромп худро дар терури як раҳбар дар як кишвари хориҷӣ ва иртикоби ҷинояти ҷангӣ алайҳи он миллат, дар сурате, ки бихоҳад даст ба иқдоми интиқомҷӯёна бизанад, ҳақ медонад. Бо ин ҳол, мо шоҳидем, ки ин ҷиноят дар Омрико бисёр таҳсин мешавад. Ин амр ба навбати худ нишондиҳандаи навъе ихтилол ва осеб дар системи сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост (ҳаддиақал дар миёни ростгароёни омрикоӣ, ки ҷумҳурихоҳон бошанд). Ин мавзӯъ, бисёр шабеҳи бепарвоии Омрико дар ба роҳ андохтани ҷанг дар Ховари Миёна пас аз ҳамалоти теруристии 11 сентябри 2001 аст.

Ин ҳақиқат, ки Тромп аз лиҳози равонӣ ранҷ мебарад низ бар мизони хашму асабонияти Вошингтун алайҳи Эрон меафзояд. Кофист ин ҷумлаи маъруфи Тромпро, ки мегуфт: вай метавонад ба фарде дар хиёбони 5-уми Манҳетен шиллик кунад ва ҳеч раъйеро аз даст надиҳад, ба ёд биёваред. Тромп бо судури фармони терури женерол Сулаймонӣ, ба таври айнӣ ва дар саҳнаи амал, ин гузораро ба озмоиш гузоштааст.

Он чи ки ағлаби афкори умумии Омрико ва нухбагони сиёсии ин кишвар дарк намекунанд ин нукта аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар муқоиса бо Эрон, ба маротиб ҷиноятҳои бештареро бар алайҳи ин кишвар (Эрон) муртакиб шудааст. Дар ин замина, кофист, ки нуқтаҳои атф дар равобити ду кишвар аз даҳаи 1950-ро дар назар бигиред.

1) Аввал аз ҳама, дар соли 1953, Омрико ва Англистон давлати демукротики Эрон ба нахуствазирии Муҳаммади Мусаддиқро сарнагун карданд. Ин иқдом пас аз он анҷом шуд, ки Мусаддиқ саъй дошт нафти Эронро, ки солҳо дар контрол имперотурии Бритониё буд, миллӣ кунад. Омрико пас аз ин рӯйдод, давлати демукротикеро, ки соқит карда буд, бо режими худкома таҳти риёсати Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ ҷойгузин кард. Режиме, ки амиқан тавассути СОВОК (Ожонси иттилоотӣ ва пулиси махфии хашини шоҳ) дар фосилаи солҳои 1953 то 1978 (то ҳангоми суқути Муҳаммадризошоҳ), ҳимоят ва пуштибонӣ мешуд. Донишҷӯёни эронӣ пас аз ҳаракати Омрико дар пазириши шоҳи сарнагуншуда барои анҷоми дармони пизишкӣ дар ин кишвар, сафорати Омрико дар Теҳронро ба тасхири худ дароварданд.

2) Андаке баъд, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба таслеҳ ва ташвиқи режими Саддом Ҳусайн, барои ҳамла ба Эрон пардохт. Амре, ки ҷанги ҳаштсола миёни ду кишварро сабаб шуд. Дар ҷараёни ин ҷанг, ҳудудан 500 000 эронӣ ҷони худро аз даст доданд. То соли 2014 ҳудудан 75 000 эронӣ ҳамчунон ба далели иқдоми Саддом Ҳусайн дар истифода аз таслеҳоти шимиёӣ дар ҷараёни ҷанг алайҳи кишварашон, таҳти дармон қарор дошта ва аз ҷароҳатҳои ношӣ аз он ранҷ мебурданд.

3) Омрико ҳамчунин ба аҳдофи ғайринизомии эронӣ низ ҳамла кардааст. Соли 1988, артиши Омрико як ҳавопаймои мусофирбарии мутаъаллиқ ба хутути ҳавоии Эронро, ки бо 290 нафар мусофир ва хадама аз Бандар Аббос озими Дубай буд, бо мушак ҳадаф қарор дод.

4) Соли 1995 низ, мардуми Эрон ҳадафи таҳримҳои сангини иқтисодии Омрико қарор гирифтанд, ки то ба имрӯз ҳаргиз мутаваққиф ва лағв нашудааст. (Ин таҳримҳо бо мурури замон, фақат шадидтар шудаанд).

5) Иқдомоти зидди эронии давлати Омрико ҳатто пас аз 11 сентябри 2001 низ идома ёфт. Эрон ба эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Омрико барои ҳамла ба Афғонистон (ҷиҳати соқит кардани Толибон) кӯмак кард ва ҳамчунин аз раисиҷумҳури ҷадиди Афғонистон, ки мавриди ҳимояти Омрико буд яъне Ҳомид Карзай низ пуштибонӣ кард. Бо ин ҳол, дар январи соли 2002, Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури вақти Омрико, Эронро дар канори Ироқи Саддом Ҳусайн ва Куреи шимолӣ, ҳамчун бахше аз “меҳвари шарорат” мавриди хитоб қарор дод.

6) Ба ҳамин минвол, Омрико ба ҷойи ин ки тамоми кишварҳои Ховари Миёна назири “Исроил” (ки ҳудудан 80 кулоҳаки ҳастаӣ дар ихтиёр дорад)-ро таҳти фишор қарор диҳад то аз муфоди муъоҳидаи манъи ишоъаи таслиҳоти ҳастаӣ (NPT) пайравӣ кунанд ва аз талошҳо барои эҷоди як минтақаи холӣ аз таслеҳоти ҳастаӣ пуштибонӣ кунанд, мунҳасиран бар Эрон мутамаркиз шуда ва ин кишварро (дар заминаи ҳастаӣ) таҳти фишор қарор додааст.

7) Соли 2015, Омрико ба риёсати ҷумҳурии Борок Убомо ба ҳамроҳии Англистон, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон, ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон даст ёфтанд, ки бар асоси он Эрон бархе маҳдудиятҳоро дар барномаи ҳастаии худ ба иҷро мегузошт ва дар муқобил, таҳримҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби Омрико ва дигар кишварҳо бар алайҳи Эрон вазъ шуда буданд, боистӣ лағв мешуданд. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба сурати муттафиқулқавл аз тавофуқи ҳастаии Эрон, ки ба “Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак” (Барҷом) низ шинохта мешавад, ҳимоят кард. Бо ин ҳама, бар асоси он чи Мойк Помпео, вазири хориҷаи давлати Тромп гуфта: “Барҷом намуде аз созиш бо Эрон будааст”. Тромп дар соли 2018 ба сурати якҷониба Омрикоро аз Барҷом хориҷ кард. Омрико бо ин иқдом табдил ба танҳо кишваре шуд, ки дар чаҳорчӯби ин тавофуқ, даст ба якчунин иқдоми ғайриқонунӣ задааст. Давлати Тромп пас аз он, бори дигар таҳримҳои густурдаи иқтисодиро бар алайҳи Эрон вазъ кард.

Ҳадаф аз эъмоли таҳримҳои сангини Омрико алайҳи Эрон, дарҳам шикастани иқтисоди ин кишвар бо ҳадафи бесубот кардани сохтори сиёсии он аст. Эрон акнун амиқан таҳти таъсири таҳримҳои Омрикост. Тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар фосилаи солҳои 2017 то 2019, 14 дарсад коҳиш нишон медиҳад ва нархи таварруми он дар соли 2019, 36 дарсад будааст (ҳар ду омор бо истинод ба арзёбиҳои Сандуқи байналмилалии пул матраҳ шудаанд). Эрон ҳамчунин таҳти таъсири таҳримҳои Омрико, бо камбуди дору ва дигар ашёи ҳаётӣ рӯ ба рӯ шудааст. Зимнан Омрико алорағми хориҷ шудан аз Барҷом, ҳамвора исрор карда, ки Эрон бояд ба таъаҳҳудот (ӯҳдадориҳо)-и худ, ки мундариҷ дар Барҷом ҳастанд, тамому камол амал кунад.

Омрико зоҳиран бидуни ҳеч гуна огоҳӣ аз таърихи (ахири) равобиташ бо Эрон, ва таҳти ҳидояти раисиҷумҳури номӯътадиле назири Дунолд Тромп, ки эҳтимолан фикр мекунад метавонад дар рӯзи равшан даст ба теруру қатл бизанад ва аз он (ва паёмадҳояш) фирор кунад, ҳанӯз ҳам дар ҳоли иқдом кардан бар асоси як бемории равонии 40-сола дар равобити худ бо Теҳрон аст.

Дар шароити феълӣ, ҷаҳон бояд бори дигар суханони мондагор ва оқилонаи як раисиҷумҳури комилан мутафовити Омрикоро ба ёд биёварад. Дар июни 1963, Ҷон Кенедӣ, танҳо чанд моҳ қабл аз ин ки терур шавад, дар суханроние барои порлумони Ирланд гуфт: “Бо гузар аз халиҷҳо ва мавонеъи ҷуғрофиёӣ, ки моро аз якдигар ҷудо мекунанд, мо бояд ба ёд дошта бошем, ки ҳеч душмани доимӣ вуҷуд надорад. Хусумат ва душмании имрӯз, як ҳақиқат аст, бо ин ҳол, наметавон онро як қонуни муҳкаму қатъӣ (ва ҳамешагӣ) донист. Воқеияти бартари замони мо ин аст, ки мо ба унвони фарзандони Худо, қобили тақсим ва ҷудошуданӣ нестем ва ҳамагӣ аз осебпазириҳои муштараке ба воситаи зиндагӣ рӯи кураи замин бархӯрдор ҳастем.”

Project Syndicate

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.