Сиёсат

Арабистони Саудӣ ним милёрд дулор ба Омрико бобати истиқрори нерӯи низомӣ дар минтақа дод

Мақомоти Пентогун мегӯянд, давлати Омрико аз Арабистони Саудӣ 500 милюн дулор ба унвони кӯмак дар таъмини ҳазинаҳои истиқрори нерӯ дар минтақа дарёфт кардааст.

Ба гузориши шабакаи CNN, як мақоми Пентогун рӯзи ҷумъа (17 январ) гуфт, Арабистони Саудӣ бобати таъмини ҳазинаи нерӯҳои омрикоии ҳозир дар ин кишвар наздик ба 500 милюн дулор ба Вошингтун пардохт кардааст.

CNN навишт, ин нахустин бор нест, ки саудиҳо ба таъмини ҳазинаҳои низомии Омрико кӯмак мекунанд. Арабистони Саудӣ, Кувайт ва соири кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс барои таъмини ҷанги халиҷи Форс дар солҳои 1990 ва 1991, 36 милёрд дулор ба Омрико пардохт карданд.

Пардохти маблағи 500 милюн дулор кулли ҳазинаҳоеро, ки Арабистони Саудӣ бояд бипардозад шомил намешавад ва тибқи гузориши CNN, музокирот миёни ду тараф бар сари ин ки Риёз чӣ миқдор маблағи дигаре ба Вошингтун пардохт кунад, дар ҷараён аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.