Дидгоҳ

Номаи саргушода ба ҷаноби Саймумин Ятимов, раиси КДАМТ

Ҷаноби Саймумин Ятимов, раиси мӯҳтарами Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) ин номаи саргушодаро, ки ба Шумо менависам, на ба унвони як мухолифи сиёсии ҳукумати феълии Тоҷикистон ва ё узви Паймони Миллӣ, балки ҳамчун як шаҳрванди оддии ин кишвар менависам.

Ароизи худро дар чанд нукта хулоса мекунам:

1) Тибқи ахбори расида аз дохили кишвар, ахиран шумори зиёде аз шаҳрвандони азизи мо ба иттиҳоми гароиш ба андешае муайян, боздошт шудаанд ва эҳтимоли муҳокимаи бисёре аз онҳо ва сипас зиндонӣ шуданашон меравад. Ин ахбор на танҳо аз сӯи бастагон ва наздикони боздоштшудаҳо, балки ҳамчунин аз тариқи манобеи мувассақ низ ба дасти мо расидааст.

Ҳанӯз барои ман (ва шояд ҳазорон шаҳрванди дигари Тоҷикистон), ангезаи боздошти ин шумори зиёд аз афрод равшан нест. Ва низ маълумамон нест, ки пушти ин боздоштҳо кадом як ниҳоди қудратии кишвар истода; Вазорати дохила ё Кумитаи давлатии амнияти миллӣ? Аммо дар ҳар сурат, наметавон нақши КДАМТ дар ин боздоштҳоро, чӣ бевосита ё бовосита, мункир шуд.

2) Агар сабаби ин боздоштҳо “гароиши ин афрод ба ин ё он андеша” ва “баёни он” бошад — чӣ исломӣ ё ғайриисломӣ — пас суоли матраҳ ин аст, ки оё тибқи Қонуни асосии мавҷуд дар Тоҷикистон, “озодии андеша” ва “озодии баён” муқайяд ба қайде хосс ва машрут ба шарте муайян ҳастанд? То ҷойе, ки медонам, тибқи Қонуни асосӣ, на “озодии андеша” машрут аст ва на “озодии баён”.

Ва ҳатто агар бар фарз қонун андешаи хоссеро машрут созад, ин мусаввабаи (қарори) қонунӣ замонати иҷроӣ надорад. Зеро гароиш ба андеша чизе нест, ки битавон маҳдудаш кард. Масалан, агар як шаҳрванди Тоҷикистон андешаҳои сиёсии Макиавеллиро биписандад ва ба он гароиш пайдо кунад, ҳоло ба ҳар далел, оё метавон ба ӯ “дастур” дод, ки ту ҳаққи гароиш ба ин андешаро надорӣ?! Оё ин маъқул аст?!

Қонун ин дастур аст. Ва дастур — ҳар навъ дастуре — нозир ба рафтори инсонҳост, на ба қалбу зеҳни онҳо. Ва ба сухани дигар, вақте аз ноҳияи як шаҳрванд рафторе сар бизанад хилофи қонун ва баҳамзанандаи амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа, дар ин сурат, ӯ боздошт ва муҷозот мешавад; ин дуруст аст ва бояд ҳам чунин бошад, аммо агар андешаеро дар сар бипарваронад – ҳар андеша ва ақидаеро, ҳатто андешае, ки қонун онро “ифротӣ” қаламдод кардааст – дар ин сурат, то модоме, ки аз ноҳияи ӯ як рафтори хилофи қонун содир нашавад, касе ҳаққи боздошт ва муҳокимаи ӯро надорад, хусусан дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки иддао дорад тибқи қонун, “демукротик, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд” аст.

То ҷойе, ки огоҳӣ пайдо кардам, боздоштҳои густурдаи ахир, сабабаш фақат “гароиши ин афрод ба андешае хосс” ва “баёни он” (ки масалан, маҷолисе доштаанд) будааст, на ин ки рафтори хилофи қонун аз онҳо сар зада бошад. Оё ин афрод маконеро таракондаанд ва ё ба аъмоле даст ёзидаанд, ки баҳамзанандаи амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон будааст?!

Бинобар ин, ин боздоштҳо тавҷеҳе надоранд ҷуз ин ки ташбеҳашон бикунем ба амалкарди дастгоҳи калисо дар қуруни вусто, яъне “маҳкамаҳои тафтиши ақоид” (инквизиция), ки ҳукумат мардумро ба далели боварҳое, ки доранд бозхост ва мавриди тафтиш қарор медод.

3) Нуктаи севвум ва ахир ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон, бахусус ниҳоди зери назари шумо, иддао дорад дар ҳоли мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ аст. Аммо амалкарди ҳукумат бавежа КДАМТ, хилофи ин иддаоро собит мекунад. Ин ниҳод дар чанд соли ахир даст ба амалҳое зада, ки амалан боиси афзоиши хатари ифротгароӣ ва теруризм дар ҷомеаи мо шудааст, на баръакс.

Шумо бо иддаои мубориза бо теруризм, фаъолияти як ҳизби қонуниро яъне ҲНИТ-ро дар соли 2015 манъ ва раҳбаронашро ба зиндон андохтед. Оё пас аз ин иқдоми нобихрадона, хатари теруризм дар ҷомеа аз байн рафт ё бар он афзуда шуд? То замоне, ки ҲНИТ дар дохили кишвар расман фаъолият мекард, ҷомеаи мо ҳаргиз шоҳиди ҳамла ба туристҳои хориҷӣ, ошӯб дар зиндонҳо ва ҳамла ба марзбониҳо набуд. Тамоми ин амалиёти теруристӣ пас аз ин манъ рух дод.

Имрӯз низ шумо бо роҳ андохтани боздоштҳо ва дастгириҳои гурӯҳӣ, амалан коре мекунед, ки ҷавонон беш аз пеш рӯй ба ифротгароӣ биёваранд. Ин гуна амалкард ва рафтор, ба Худо, дуруст нест.

Умедворам, ин ҳарфҳо ба унвони як тавсияи холисона ва аз сӯи касе, ки дилаш барои миҳанаш месӯзад, пазируфта шаванд, ҳарчанд медонам, ки шумо ҳаргиз ба сухани афроди дилсӯз гӯш фаро надодаед. Фарди дилсӯз, аз назари шумо ва мақомоти дигар, танҳо чоплусон, мутамаллиқон ва лаббайкгӯён ҳастанд. Аммо дар ҳар сурат, ин вазифаи шаҳрвандии ман буд, ки бояд ин ҳарфҳоро ба шумо мегуфтам.

Саломат бошед.

Бо камоли эҳтиром Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.