Иқтисод

Сарватмандтарин сиёсатмадорони ҷаҳон чӣ касоне ҳастанд?

Ҳарчанд Дунолд Тромп бо пирӯзӣ дар интихоботи соли 2016 ба унвони нахустин раисиҷумҳури милёрдери Омрико лақаб гирифт, вале пеш аз ӯ, аз Филипин гирифта то Русия даҳҳо милёрдер тайи 10 соли гузашта вориди ҳавзаи сиёсат шуда буданд ва таъми комёбиҳо ва нокомиҳои арсаи қудратро чашида буданд; сиёсатмадорҳое, ки гоҳ дар ҳоли пок шудан аз ҳофизаи мардуми ҷаҳон ҳастанд.

Ба гузориши Euronews, нашрияи Forbes ин сиёсатмадоронро бад-ин шарҳ рутбабандӣ кардааст:

1) Мойкл Блумберг (Michael Bloomberg)

Сарвати холис: 56.1 милёрд дулор

Симати пешин: шаҳрдори Ню-йорк (2002 то 2013)

Манбаи касби сарват: молики Bloomberg L.P. (Ширкати додаҳои молии ҷаҳон)

Фаъолияти сиёсии феълӣ: номзади демукроти интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020-и Омрико

2) Сулаймон Каримов

Сарвати холис: 9.7 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: сармоягузорӣ

Симати пешин: узви Маҷлиси Думои Русия (1999 то 2007)

Фаъолияти сиёсии феълӣ: узви Шӯрои Федеросиюни Русия (аз 2008 то кунун)

3) Силвиу Берлускунӣ (Silvio Berlusconi)

Сарвати холис: 7.2 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: расона

Симати пешин: нахуствазири Итолиё (1994 то 1995, 2001 то 2006, 2008 то 2011)

Фаъолияти сиёсии феълӣ: узви порлумони Урупо (аз 2019 то кунун)

4) Тери Гу (Terry Gou)

Сарвати холис: 7.1 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: санъати электруник

Фаъолияти сиёсии феълӣ: номзади риёсати ҷумҳурии Тойвон (шикаст дар интихоботи 2019)

5) Монуил Вилор (Manuel Villar)

Сарвати холис: 6.7 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: амлок ва мустағиллот

Симати пешин: сенотур (аз 2001 то 2013)

Фаъолияти ахири сиёсӣ: номзади риёсати ҷумҳурии Филипин (шикаст дар интихоботи 2010)

6)  Совитри Ҷиндол (Savitri Jindal)

Сарвати холис: 6.5 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: санъати филизӣ

Симати пешини сиёсӣ: узви Маҷлиси қонунгузории аёлати Ҳориёнои Ҳинд (аз 2005 то 2014)

7) Оливер Досолт (Olivier Dassault)

Сарвати холис: 6.3 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: мутанаввеъ

Симати сиёсии феълӣ: намояндаи Маҷлиси Фаронса (аз 2002 то кунун)

8) Могдолино Блушер (Magdalena Blocher)

Сарвати холис: 5.3 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: санъати шимиёӣ

Симати сиёсии феълӣ: узви Маҷлиси Суис (Швейтсария) (аз 2015 то кунун)

9) Андрей Скоч

Сарвати холис: 5.1 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: санъати филизӣ

Симати сиёсии феълӣ: узви Маҷлиси Думои Русия (аз 1999 то кунун)

10) Бидзино Ивонишвили

Сарвати холис: 4.9 милёрд дулор

Манбаи касби сарват: сармоягузорӣ

Симати сиёсӣ: нахуствазири Гурҷистон (аз 2012 то 2013)

Дар ин феҳрист Дунолд Тромп бо сарвати холиси 3.1 милёрд дулорӣ як пилла болотар аз раисиҷумҳури Шилӣ, дар ҷойгоҳи 17-ум қарор дорад. Нахуствазири Чек низ бо сарвати холиси 3.6 милёрд дулорӣ дар ҷойгоҳи 14-умини сиёсатмадорони сарватманди як даҳаи гузашта қарор дорад.

Дар маҷмӯъ 33 сиёсатмадори фаъол тайи даҳаи гузашта дар феҳристи милёрдерҳои ҷаҳон қарор дорад. Албатта 8 сиёсатмадори дигар ҳамонанди Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон низ ҳастанд, ки рӯзгоре сарвати холиси онҳо беш аз як милёрд дулор буда, вале ин рӯзҳо дар ҷамъи милёрдерҳои ҷаҳон ҳузур надоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.