Дидгоҳ

Говдуздӣ

Ёддошти Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигор

Таҷрибаи талхи гаравгон шудани бархе шаҳрвандони кишвар, ки дар марз бо Афғонистон сукунат доранд, рабудани моли онҳо аз ҷониби сокинони он сӯи марз, бо гузашти чанд вақт ва таҳқиқ як воқеъият ё далели аслиро мушаххас мекунад: ин афрод худашон ё бастагонашон ва ҳамчунин соҳибони мол ва ё пайвандони онҳо ба қочоқи маводди мухаддир иртибот доштаанд.

Гузашта аз ин, фурӯшандагони маводди мухаддир аз он сӯи марзро фиреб додаанд ва мисли хеле аз соҳибмансабони кишвар бар усули “кидат разбор надорад” кор кардаанд.

Аммо зоҳиран барои қочоқчиён “кидат” “разбор” доштааст ва онҳо аз киву чӣ кора будани “кидатчик” ҳеч ибое надоранд ва ба қимати ҷонашон ҳам бошад, ба дунболи пули маводди мухаддирашон мераванд. Аз ҳар қадами тарафи муомила ё ҳамон харидори маводдашон бохабаранд ва агар даст аз по хато кард, ҳатман нуқтаи заъфашро пайдо мекунанду аз ҳамон ҷо зарба мезананд.

Ҳоло дар пасманзари гум шудани чиҳилу анд гов ва як аспи додари раиси Кумитаи амнияти кишвар ба ёдам он ҳаводиси пештар иттифоқуфтода омад. Албатта иддао надорам, ки ин ба он иртибот дорад. Аммо ҳикмати мардумие ҳаст, ки “Шамол набошад, шохи дарахт намечунбад”.

Дар ин миён шояд ҷолибтарин нукта ин латифа аз Ҳаким Убайди Зоконист:

Вардакӣ хар гум карда буд. Гирди шаҳр мегашт ва шукр мегуфт. Гуфтанд:

— Чаро шукр мекунӣ?

Гуфт:

— Аз баҳри он ки бар хар нанишаста будам, вагарна ман низ имрӯз чаҳорум рӯз будӣ, ки гум шуда будам.”
Нафаҳмидед? Бале, соҳиби чиҳилу анд гову як асп ва эҳтимолан пуштупаноҳи дастдарози ӯ низ ҳатман шукрона доранд, ки савори асп ва ҳамроҳи ин говҳо набуданд. Вагарна ҳоло чӣ ифтизоҳе ба бор омада буд ва шояд тайи ин рӯзҳо онҳоро ҳам меҷустанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.