Сиёсат

Омрико ба хотири терури Қосим Сулаймонӣ ҳазинаҳои зиёде хоҳад пардохт

Инки Эрон чӣ мавқеъ, дар куҷо ва чӣ гуна интиқом хоҳад гирифт, номушаххас аст. Агарчӣ, дар интиқомгирии Эрон тардиде нест, бо ин ҳол, раҳбарии Эрон, ки ҳаргиз дар масоили калидии жеустротежӣ аҷулона амал накарда. Ба эҳтимоли зиёд барои интихоби аҳдофи худ сабурона ва бо ҳавсала таъаммул мекунад ва мутмаиннан роҳҳои дигаре ғайр аз ҷанги маъмулро интихоб хоҳад кард; зеро медонад, ки наметавонд бад-ин гуна дар баробари Омрико пирӯз шавад…

Бахше аз мақолаи Вилфрид Бухто (Wilfried Buchta), пажӯҳишгар ва таҳлилгар дар нашрияи Neue Zürcher Zeitung

Женерол Қосим Сулаймонӣ ҳамвора зиндагии худро вақфи муборизаҳои мусаллаҳона барои инқилоби исломӣ карда буд. Ӯ пас аз муборизаи шуҷоъона дар ҷанги Эрону Ироқ, дар соли 1998 ба раҳбарии ягони Қудси Сипоҳ мансуб шуд. Дар замони женерол Сулаймонӣ ягони Қудс ба як ниҳоди қудратманд ва қобили муқоиса аз лиҳози қудрату тавоноӣ бо созмони CIA (Ожонси иттилооти марказии Омрико = ЦРУ) табдил шуд, ки ҳадафи аслии он судури идеулужӣ ва ҳамчунин бахши низомии инқилоби исломии Эрон аст.

Вилфрид Бухто (Wilfried Buchta), пажӯҳишгар ва таҳлилгар

Сулаймонӣ ҳамчунин меъмори “ҳилоли исломӣ” буд ва расонаҳои давлатии Теҳрон аз вай ба унвони қаҳрамони инқилобӣ тақдир мекарданд. Ин яке аз далоиле буд, ки ӯ ба унвони ситораи дар ҳоли зуҳур дар осмони сиёсии Эрон дар назар гирифта шуда буд.

Ба гузориши опозисиюни Эрон, Сардор Сулаймонӣ дар даруни низоми печидаи ҳукуматӣ, ки вежагии он кашмакаш байни аҳзоб ва ҷараёнҳои мухталиф аст, ба таври ғайрирасмӣ ба унвони шахси дуввуми ин низом маҳсуб мешуд. Иллатҳои ин амр маҳбубияти фаровони вай дар байни бахшҳое аз мардуми миллигарои эронӣ ва ҳимояти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ӯ буд. Сулаймонӣ ҳар андоза, ки дар Эрон маҳбуб буд, ба ҳамон андоза манфури артиши Омрико буд.

Омрико ва Эрон, аз замони суқути ҳукумати диктотурии ҳизби Баъси Ироқ то кунун, ҳамвора дар ҳоли рақобат бар сари таъйини сарнавишт ва контроли ин кишвар будаанд. Пас аз зуҳури ДОЪИШ, ба ночор ин ду рақиб душманӣ бо якдигарро канор гузоштанд. Аммо бар асоси сиёсати хориҷии ҷадиди Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дубора рақобати қадимӣ байни Вошингтун ва Теҳрон оғоз шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои низомӣ ва иқтисодии Бағдод бо Теҳрон ва Вошингтун, давлатҳои ҳоким бар Бағдод тамоми талоши худро барои ҳифзи таъодули шикананда байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон анҷом додаанд, аммо тамоми ин талошҳо дар ниҳоят маҳкум ба шикаст будаанд.

Бидуни шак Омрико бо кушта шудани женерол Сулаймонӣ морпечи ташдидро идома додааст. Инки Эрон чӣ мавқеъ, дар куҷо ва чӣ гуна интиқом хоҳад гирифт, номушаххас аст. Агарчӣ, дар интиқомгирии Эрон тардиде нест, бо ин ҳол, раҳбарии Эрон, ки ҳаргиз дар масоили калидии жеустротежӣ аҷулона амал накарда. Ба эҳтимоли зиёд барои интихоби аҳдофи худ сабурона ва бо ҳавсала таъаммул мекунад ва мутмаиннан роҳҳои дигаре ғайр аз ҷанги маъмулро интихоб хоҳад кард; зеро медонад, ки наметавонд бад-ин гуна дар баробари Омрико пирӯз шавад.

Албатта Эрон бо ҳунари ҷанги нобаробар комилан ошност. Абзорҳои аслии Теҳрон як ё чанд созмоне хоҳад буд, ки дар Ироқ, Лубнон, Афғонистон, Сурия, Фаластин ё Яман шакл гирифта ва тавассути Эрон ба лиҳози ақидатӣ, молӣ ва низомӣ таъмину таҷҳиз шудаанд. Ин шева метавонад барои инкори масъулияти Теҳрон пас аз ҳамла ба аҳдофи омрикоӣ ва ҷилавгирӣ аз тарҳи иттиҳомот ё ҳатто эъмоли иқдомоти танбеҳӣ аз сӯи Созмони Милал муфид бошад.

Он чи ба маротиб аз ҳадсу гумон дар мавриди иқдомоти интиқомии эҳтимолии Эрон муҳимтар аст, баррасии осебҳои эҳтимолӣ ва тӯлонимуддат ба манофеи жеустротежии Омрико дар натиҷаи кушта шудани женерол Сулаймонӣ аст. Вазъияти пуртаниши сиёсии кунунӣ метавонад ба суқути давлати Ироқ ва бесуботии тӯлонимуддати сиёсӣ мунҷар шавад.

Паёмади аслии қатли Сулаймонӣ ин аст, ки даргирӣ байни ҳаводорони Омрико ва нерӯҳои тарафдори Эрон дар порлумон ва давлати Ироқ бисёр шиддат гирифтааст. Абӯмаҳдӣ Алмуҳандис низ дар миёни ёрони кушташудаи Сулаймонӣ буд. Қатли ӯ эҳсосоти миҳанпарастонаи бисёре аз ироқиҳоро барангехтааст ва ба руҳияи миллигаро ва зидди омрикоӣ дар ин кишвар доман мезанад.

Ин ҳамла истидлоли аҳзоб ва шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Ироқро тақвият мекунад, ки Омрико ҳамчунон монанди як қудрати ишғолгар ва мустакбир рафтор мекунад, ба қонунҳои Ироқ эҳтиром намегузорад ва на танҳо қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад, балки истиқлоли Ироқро низ зери по мегузорад.

Бад-ин тартиб Омрико маҷбур хоҳад шуд мушовирони низомии худро, ки ҳанӯз дар Ироқ мустақар ҳастанд, фаро бихонад ва ҷойгоҳи сиёсии худро дар Ироқ аз даст бидиҳад. Ин зарбае шармовар ва зарари азиме барои як қудрати ҷаҳонӣ аст, ки танҳо дар як давраи ҳаштсола ба таври расмӣ беш аз 880 милёрд дулор барои Ироқ ҳазина кардааст.

Баранда қатъан Теҳрон хоҳад буд, ки тавониста як шикасти фарзиро ба як пирӯзии сиёсӣ табдил кунад. Эрон ҳамчунин хоҳад тавонист Ироқро ба таври доимӣ ба худ вобаста кунад. Аз ин пас, ҳеч чиз монеъ нахоҳад шуд, ки Эрон Ироқро ба як кишвари таҳти контроли худ табдил накунад.

Neue Zürcher Zeitung

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.