Машоҳир

Потрис Лумумбо

Ба баҳонаи рӯзи қатли Потрис Лумумбо

Потрис Лумумбо раҳбари истиқлоли Кунгу (Конго) аз истеъмори Белжик (Белгия) аст. Ӯ пас аз пирӯзӣ дар касби истиқлоли ин кишвар, дасти истеъморгаронро аз манобеъи кишвараш кӯтоҳ сохт, аммо пас аз гузашти чанд ҳафта аз нахуствазирӣ, бар асари тавтиаи CIA ва Созмони амниятии Белжик, барканор шуд ва ба таври мармузе ба қатл расид ва дар он кишвар ва дар саросари ҷаҳон “шаҳиди роҳи озодӣ” ном гирифт.

Потрис Лумумбо, нахуствазири мунтахаби мардуми Кунгу, 60 сол пеш дар 17 январи 1961 ба василаи пулиси Белжик ва ба фармони вазирони ин кишвар ба қатл расид. Давлати Белжик пас аз ин ҷинояти ваҳшатнок, кучактарин вокунише дар ҷиҳати таъйид ё тақбеҳи он аз худ нишон надод. Ҷасади ӯро дар махзани бузурге аз асид андохтанд, то маҳалли дафни ӯ ба зиёратгоҳи мардум табдил нашавад.

Зиндагиномаи Лумумбо

Потрис Лумумбо 2 июли 1925 дар хонаводае кишоварз дар Кунгу (Кунгуи Белжик) чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ аз қавми Титло буд, ки ӯро Илёс Укит Осумбу (Élias Okit’Asombo) ном гузоштанд. Номи хонаводагии аслии ӯ ба маънои “вориси лаънат” аст. Потрис дар як мадрасаи ибтидоии прутестон, сипас як мадрасаи мазҳабии котулик ва дар ниҳоят дар омӯзишгоҳи давлатӣ таҳсил кард. Ӯ ба забонҳои титло, фаронсавӣ, линголо, савоҳилӣ ва тшилубо мусаллат буд.

Хориҷ аз мутолеоти роиҷ, Лумумбо ба ормонҳои равшангароёнаи Жон Жок Русу ва Вултер мӯътақид буд. Ӯ ҳамчунин Виктур Ҳугуро дӯст дошт. Аз вай шеър ва навиштаҳои бисёре бо мазмунҳои зидди империёлистӣ ба ёдгор мондааст.

Потрис ба унвони як корманд дар идораи пост барои 11 сол кор кард. Дар давраи пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, раҳбарони ҷавон дар сар то сари Офриқо ба таври фазояндае барои аҳдофи миллӣ ва истиқлол аз қудратҳои истеъморӣ талош мекарданд. Дар соли 1955 Лумумбо ба Ҳизби либероли Белжик пайваст. Ӯ асос ва қавонини ҳизбро вироиш ва тавзеъ кард. Пас аз як давраи таҳсилӣ дар Белжик дар соли 1956, ӯ ба иттиҳоми ихтилос аз идораи пост дастгир шуд. Лумумбо як сол баъд ба 12 сол ҳабс ва ҷарима маҳкум шуд. Баъд аз озодӣ, Лумумбо дар 5-уми октябри 1958 Ҳизби миллии Кунгу (MNC)-ро таъсис кард ва ба суръат раҳбари ин созмон шуд.

Истиқлол ва интихоб ба унвони нахуствазир

Дар конфронсе, ки дар 30 июни 1960 дар Белжик баргузор шуд, истиқлоли Кунгу ба расмият шинохта шуд. Лумумбо, ки ҳизби ӯ дар интихоботи порлумонӣ баранда шуда буд, чанд рӯз пеш аз истиқлоли Кунгу ба унвони нахуствазири қонунии Кунгу интихоб шуд, аммо ба хотири мавзеъи сиёсие, ки дошт, номи ӯ аз феҳристи суханронони маросими рӯзи истиқлол ҳазф шуд. Бо ин ҳол, Лумумбо ба тавсияи дӯст ва мушовираш, Жон Ван Лирд (Jean Van Leirde), ки як белжикии озодихоҳ буд, дар рӯзи истиқлол пушти минбар рафт ва суханронӣ кард. Бар хилофи суханронони дигар, ки истиқлолро аз “лутфи” подшоҳии Белжик медонистанд, Лумумбо дар изҳороти ҷанҷолӣ аз зулму ҷавру чаповуле, ки дар даврони истеъмори Белжик бар мардуми Кунгу гузаштааст, ҳарф зад. Лумумбо дар ин суханронии таърихии худ гуфт: “Истиқлоли Кунгу аз сӯи подшоҳи Белжик ва аз рӯи бузургворӣ ба мо эъто нашудааст, балки бо ҷангу муқовимат ба даст омадааст ва мо ба тамоми хунҳои рехташуда дар роҳи решакан сохтани истеъмор ва бардадорӣ, ки солҳо ба мо таҳмил шуда буд, эҳтиром гузошта ва ифтихор мекунем.”

Бо оғози кори давлати Лумумбо, мухолифатҳои пай дар пайи ӯ ҳамчун нахуствазир бо мақомоти белжикӣ шиддат гирифт. Истихроҷ ва содироти маъданҳои саршори Кунгу аз устони Котонго дар ҷануби ин кишвар, созмонёфта набудани артиши Кунгу ва давлати марказӣ ва ҳарҷу марҷ дар Кунгу, аз ҷумлаи масоиле ба шумор мерафтанд, ки Лумумбо бо мақомот ба хотири онҳо кашмакаш дошт.

Дар ҷануби ин кишвар яке аз душманони қасамхӯрдаи Лумумбо ба номи Мӯсо Чумба, устони Котонгоро мустақил аз давлати Кунгу эълом кард ва худро раисиҷумҳури ин бахш аз кишвар номид. Устони Котонго аз маъданҳои мис, урониюм ва тило бархӯрдор буд ва солҳо қутби аслии сарват ва даромади подшоҳии Белжик ва таъминкунандаи урониюм барои барномаҳои атомии Вошингтун буд. Лумумбо дар моҳҳои нахустини нахуствазириаш аз нуфузи Белжик дар Котонго бохабар буд ва барои ҳамин дастури ихроҷ ва халъи мусташорони белжикиро содир кард, аммо ин фармон тавассути мақомоти белжикӣ нодида гирифта шуд.

Лумумбо, ки аз барқарории назм ба василаи нерӯҳои Созмони Милал ноумед шуда буд, ин бор аз Маскав дархости кӯмак кард; дархосте, ки барои Омрико ва муттаҳидонаш убури Лумумбо аз хатти қирмиз маҳсуб мешуд, зеро дар авҷи ҷанги сард миёни Шӯравӣ ва Омрико, дархости кӯмак аз Шӯравӣ гуноҳе нобахшуданӣ маҳсуб мешуд.

Марги Лумумбо

Марги Лумумбо ба унвони нахустин қурбонӣ мадраки инкорнопазире бар ин амр буд, ки низоми истеъморгар ҳатто пас аз истиқлоли як кишвар, чӣ гуна тамоми равишҳои худро ба кор мебандад, то аз барпоии кишваре мустақил дар саҳнаи байналмилалӣ ҷилавгирӣ ба амал оварад ва дар ин росто аз ҳеч ҷинояте рӯйгардон нест.

Мақомоти белжикӣ бо ёрии маъмурони CIA ин меҳандӯсти бузурги кунгуиро ба қатл расонданд, то манофеъи ширкатҳои бузург ҳифз шавад. Агарчи дар оғози истиқлоли Кунгу, Омрико худро аз лиҳози усулӣ мувофиқи он нишон дода буд, аммо ба маҳзи эъломи мухолифати Лумумбо бо доир кардани шӯъбаҳои ширкатҳои бузурги омрикоӣ дар Кунгу, ба корзори зидди Лумумбо пайваст.

Порае аз асноди табақабандишуда, ки акнун дар ихтиёри умум қарор гирифтааст, мушаххас мекунад, ки Дуойт Ойзенҳовер (Dwight D. Eisenhower), раисиҷумҳури вақти Омрико, дар нишасте бо мушовиронаш, нақшаи қатли Потрис Лумумборо тарроҳӣ кард. Талошҳои маъмурони CIA барои ҳазфи Лумумбо бо мақомоти белжикӣ саранҷом ҷавоб дод ва онҳо дар тамосе хостори ҳазфи Лумумбо шуданд. Аммо белжикиҳо равиши зарифтареро пешниҳод карданд; Лумумборо ба дасти душманони хунии вай яъне шӯришиёни Котонго, ки савганд ёд карда буданд, ки ӯро ба қатл бирасонанд, супурданд.

Фармони қатли Лумумбо дар воқеъ андаке пас аз 30 июни 1960 баъд аз суханронии вай дар баробари шоҳи вақти Белжик буд. Саранҷом Лумумбо ба ҳангоми парвоз ба шаҳри Элизобетвил, муҳосира шуд. Ӯ ва ҳамкоронаш, пас аз боздошт тавассути афсарони Котонго ва белжикӣ мавриди зарбу шатм ва шиканҷа қарор гирифтанд. Ҳамон шаб, онҳо ба минтақае барои эъдом бурда шуданд. Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯҳои вақти Созмони Милали Муттаҳид дар Кунгу, Лумумбо дар ҳоле, ки мӯҳояш баҳам рехта буд ва айнак бар чашм надошт, ба пойтахт бозгардонда шуд ва дар муқобили чашми рӯзноманигорон ва маъмурони Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳоле, ки дар ақиби як мошин занҷир шуда буд, бо ҳолате хору хафиф ба боздоштгоҳ мунтақил шуд.

Саранҷом дар иқдоме дигар Лумумбо, Мпулу ва Укитуро дар баробари дарахте қарор доданд ва ба дастури мақомоти Котонго ба онҳо шиллик шуд. Марги онҳо се ҳафта баъд ба таври расмӣ эълом шуд. Пас аз эъломи хабари кушта шудани Лумумбо, шаҳрҳои мухталифи Урупо шоҳиди тазоҳурот бар зидди нерӯҳои белжикӣ буд ва дар эътироз бо иқдомоти ваҳшиёнаи ин кишвар мардум ба сафоратҳои Белжик дар кишварҳои мухталиф ҳамла ва эътироз карданд.

Бо марги Лумумбо умеди мардуми тозараҳида аз юғи истеъмор, ки метавонист сарчашмаи гомҳои дигаре барои Офриқо бошад ба яъсу ноумедӣ табдил шуд. Марги вай пирӯзии торикӣ бар рӯшноӣ ё шояд беҳтар битавон гуфт, идомаи торикӣ буд.

Саранҷом бо поёни баррасии кумисиюни расидагии порлумони Белжик ба қатли Лумумбо, ки дар соли 2000 дар Бруксел (Брюссел) ташкил шуд, чунин эътироф шуд, ки “дар партави меъёрҳои кунунӣ, бархе аз аъзои давлати Белжик дар он замон масъулияти инкорнопазир дар он рӯйдодҳо бар ӯҳда доштаанд. Ин кумисиюн аз халқи Кунгу мехоҳад, ки пӯзишҳои содиқона ва таассуфи амиқи давлатро бипазирад.”

Аммо оё эътироф ба иштибоҳҳо ва ҷиноятҳои гузашта дар ҳаққи як халқ метавонад роҳе ба сӯи растгорӣ ва нигоҳе умедворона ба оянда бошад…?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.