Сиёсат

Тромп бо шӯхӣ худашро “ҳаромзода” хонд — видео

Раисиҷумҳури Омрико дар як суханронӣ, дар изҳороте аҷиб, худашро “ҳаромзода” хонд ва аз ин ки намояндагони демукроти Кунгура талош мекунанд ӯро барканор кунанд, гилоя кард.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи ҷумъа дар як суханронӣ, худро “ҳаромзода” тавсиф кард.

Ба гузориши UsaToday, Тромп, ки дар ҷамъи аъзои тими варзишии LSU сӯҳбат мекард, бозикунон ва мураббиҳои ин тимро ба Кохи сафед даъват кард ва аз онҳо хост бо ҳузур дар дафтари раисиҷумҳур, бо вай акс бигиранд.

Ӯ гуфт: “Пушти мизи риёсати ҷумҳурӣ акс мегирем. Муддатҳост, ки (он миз) онҷост. Раисони ҷумҳури зиёде (онҷо будаанд), баъзеашон хуб буданд ва баъзе ҳам на чандон хуб.”

Тромп афзуд: “Аммо алъон як (раисиҷумҳури) хуб дорад, ҳарчанд ки талош мекунанд ин ҳаромзодаро истизоҳ кунанд, боваратон мешавад? Боваратон мешавад?

Ин изҳороти хилофи урфи Тромп, бо хандаи ҳозирон дар ин дидор рӯ ба рӯ шуд.

Ин аввалин бор нест, ки Тромп бо адабиёти дур аз ҷойгоҳи як раисиҷумҳур сӯҳбат мекунад. Ӯ пеш аз ин ҳам рақибони сиёсии худ ва ҳамчунин мақомҳои хориҷиро бо лақаҳое зишт хитоб карда буд. Вай Ҳилори Клинтунро “мутаққаллиб”, Ҷу Бойденро “хоболуд”, Мойкл Блумбергро “Мойк кучулу” ва Берни Сандерзро “Бернии девона” хонда буд.

Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳон

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.