Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (398)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (1)

* * *

Ин сухан поён надорад, хез, Зайд,

Бар буроқи нотиқа барбанд қайд.

Паёмбар (с) ба Зайд фармуд: ин суханоне, ки баёни асрору ҳақоиқи маънавиро мекунад, ҳадду андозае надорад. Бархез ва асби гуфторро дар арсаи ҳақоиқ бозистон ва хомӯш шав.

Буроқи нотиқа: киноя аз забон ва гуфтор аст, зеро буроқ ба ҳар маркаби тундрав гуфта мешавад. Бастани қайд: киноя аз лагом задан ба асб.

Нотиқа чун фозеҳ омад айбро,

Медаронад пардаҳои ғайбро.

Зеро ҳар гоҳ калом айбҳоро бармало кунад, пардаҳои ғайбро аз ҳам медаронад.

Фозеҳ: расво ва бармало.

Ғайб матлуби Ҳақ омад чанд гоҳ,

Ин дуҳулзанро бирон, барбанд роҳ.

Чанд замоне ғайб матлуби даргоҳи Ҳақ воқеъ шуда, яъне ҳақоиқи ашё ва умур ошкор нагардад ва дар олами ғайб мастур бимонад, то вақте ки пайки марг даррасад ин ҳақоиқи ғайбӣ матлуби илоҳӣ аст. Ин дуҳулзанро бирон ва роҳро бар ӯ бибанд, яъне аз гуфтани ҳақоиқу асрори ғайбӣ худдорӣ кун. Ва қувваи нотиқаро аз изҳори матолиб ва ифшои ҳақоиқ бозистон.

Дуҳулзан: киноя аз қувваи нотиқа.

Так марон, даркаш ъинон, мастур беҳ,

Ҳар кас аз пиндори худ масрур беҳ.

Бо аҷалаву суръат марон ва ъинони каломро бикаш, зеро пӯшида будани калом беҳтар аст. Ҳар кас аз гумону қиёсе, ки пеши худ дорад шодмон мегардад.

Так рондан: бо шитоб рондан. Ъинон: лагом ва даҳанаи асб. Мастур: пӯшидашуда.

Нукта: Ҳар кас аз гумону қиёсе, ки пеши худ дорад шодмон мегардад, яъне ҳар як аз оҳоди инсон боғе аз афкору андешаи худ сохта ва гумон дорад, ки ҳеч андешаи дигар ба зебоӣ ва волоии афкори ӯ нест, ба қавли Ҳақ Таъоло дар сураи Рум, ояти 32:

كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ

Ҳар гурӯҳе бад-он чи дар назди худ дорад, шодмон аст.”

(Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1031)

Ҳақ ҳамехоҳад, ки навмедони ӯ

З-ин ибодат ҳам нагардонанд рӯ.

Ҳақ Таъоло мехоҳад, ки ноумедони ӯ ҳам аз ибодат рӯй нагардонанд. Яъне онон, ки аз қурби илоҳӣ ва раҳмати ӯ навмед шудаанд, дилгарму умедвор бошанд ва аз ибодат рӯй барнатобанд.

Ҳам ба уммеде мушарраф мешаванд,

Чанд рӯзе дар рикобаш медаванд.

Ба воситаи умедвориашон ба Худо ташарруф меёбанд ва чанд рӯзе ҳам дар рикобаш медаванд ва кӯшиш мекунанд.

Мушарраф: шарафёфта.

Хоҳад он раҳмат битобад бар ҳама

Бар баду нек аз умуми марҳама.

Ҳақ Таъоло мехоҳад раҳмати оммаи ӯ бар ҳама шомил шавад ва ҳамаи некону бадонро низ таҳти пӯшиши худ дароварад.

Марҳама: меҳрубонӣ.

Нукта: Ҳақ Таъоло дорои ду навъ раҳмат аст: яке раҳмати омм ва дигаре раҳмати хосс. Раҳмати омми ӯро бо сифати “Раҳмон” ва раҳмати хосси ӯро бо сифати “Раҳим” баён мекунанд.

Ҳақ ҳамехоҳад, ки ҳар миру асир

Бо раҷову хавф бошанду ҳазир.

Ҳақ Таъоло мехоҳад, ки ҳар солору асире ба ӯ умедвор бошад, ва дар зимн аз ӯ низ битарсад.

Ҳазир: тарсон.

Нукта: Хавфу раҷо аз ҷумлаи аҳвол аст. Урафо гӯянд: Хавф натиҷаи илму маърифати солик аст, чунонки дар сураи Фотир, ояти 28 омадааст:

إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ

Танҳо бандагони олими (огоҳи) Худо аз ӯ метарсанд.”

Дар боби “хавфу раҷо” тақрироти бисёре шудааст аз он ҷумла Абӯҳафс гӯяд: “Хавф тозиёнаи худоӣ аст. Таъдиб кунад онро, ки аз даргоҳи ӯ рамида бошад.” (Рисолаи Қушайрия, с.190) Ва боз гуфтаанд: “Муваҳҳид аз хавф набояд, ки холӣ бошад, ки тавҳиди бе хавф бақо наёбад.” (Хулосаи шарҳи таъарруф, с.291)

Раҷо, ҳар ки дар оянда интизори некӯӣ дошта бошад, соҳиби раҷо ва умед аст. Дар оятҳои Қуръон раҷоро яке аз нишонаҳои имон қарор додааст. Аз ҷумла дар сураи Каҳф, ояти 110 мефармояд:

فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلا صَالِحًا

Ҳар ки ба дидори парвардигораш умед дошта бошад, бояд ки амали солеҳ баҷой орад.”

Аз ҳазрати Расули Акрам (с) нақл шуда, ки:

لو وزن خوف المؤمن ورجاؤه لاعتدلا

Агар хавфу раҷои мӯъмин бо ҳам санҷида шавад, ҳатман баробар хоҳанд буд.” (Алмақосидул ҳасанаи Саховӣ, ҳ.909)

Ва боз гуфтаанд: хавфу раҷо ду боли як паранда аст, ки парвоз ҳосил нашавад ҷуз бо вуҷуди он ду. Агар ҳар як аз ин ду дар солик қавитар гардад, сулуки ӯро ноқис хоҳад кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1032)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.