Достон ва ҳикоёт

Ҳамон об гӯсфандонро бурд

Дар як рустои хушобуҳаво марде ба номи Ҳасан зиндагӣ мекард. Ҳасан гӯсфандони бисёре дошт. Обуҳавои хубу гиёҳони бисёре, ки дар доманаи кӯҳ‏ҳои русто рӯйида шуда буд, боиси чоқ шудани гӯсфандон ва зиёд шудани шири онҳо шуда буд. Ӯ бо фурӯши шири гӯсфандон ме‏тавонист зиндагии хубе дошта бошад.

Аммо аз он ҷое, ки марди тамаъкору хасисе буд, ҳар рӯз вақте шири гӯсфандонро медӯшид, ширро коса ба коса дар сатл мерехт ва ба ҳар косаи шир як коса об изофа мекард ва мефурӯхт ва чанд баробари қимати воқеӣ суд мебурд.

Занаш ҳар рӯз илтимос мекард, ки даст аз ин кор бардорад ва обро дохили шир нарезад. Аммо Ҳасан ба ӯ механдид ва ба шӯхӣ мегуфт:

— Шири гӯсфандони ман мисли мост сифту ғализ аст, бояд коре кунам, то барои мардум қобили хӯрдан шавад.

Ҳасан ҳар рӯз оби бештаре дохили ширҳо мерехт ва пули бештаре ба даст меовард.

Рӯз ба рӯз вазъи зиндагии Ҳасан беҳтару беҳтар мешуд ва ҳар рӯз гӯсфанде ба гӯсфандони ӯ изофа мешуд.

То ҷое, ки барои галаи гӯсфандонаш чӯпоне гирифт. Ҳар рӯз субҳ чӯпон галаи бузурги Ҳасанро ба болои теппа мебурд ва шаб галаро ба Ҳасан таҳвил медод. Чанд коргар ҳам шири гӯсфандонро ба шаҳр мебурданд ва мефурӯхтанд.

Як рӯз, ки Ҳасан дар хона нишаста буд ва пул‏ҳои бодовардаро ме‏шуморид, абрҳои сиёҳ осмонро пӯшонид, раъду барқе зада шуд ва борони селосое шурӯъ ба боридан кард. Кам‏-кам борон табдил ба сел шуд. Ҳанӯз соате нагузашта буд, ки чӯпон бар сарзанону фарёдкунон аз роҳ расид.

Ҳасан саросема ба ҳавлӣ давид ва суроғи гӯсфандонашро аз чӯпон гирифт. Чӯпон ҳамон ‏тавр ки ба сару сураташ мезад, гуфт:

— Ҳасан-оқо, дар доманаи кӯҳ нишаста будам, ки сели азиме омад ва ҳамаи гӯсфандонро бурд. Ман ҳам ба зӯр худамро наҷот додам, ҳатто як гӯсфанд ҳам зинда намонда.

Зани Ҳасан бо шунидани садои чӯпон ба ҳавлӣ омад ва гуфт:

— Ҳасан! Чаро ин қадр нороҳатӣ? Ёдат меояд чӣ қадр об дар шир рехтӣ?! Ҳамон об‏ҳо ҷамъ шуд ва галаатро бурд, ту бо дасти худат галаатро нобуд кардӣ!

Манбаъ: Tebyan

Рубрики:Достон ва ҳикоёт

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.