Сиёсат

“Он чи дар ҷануби Эрон қарор дорад, номаш халиҷи Форс аст”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон хитоб ба раисиҷумҳури Фаронса гуфт: “Халиҷе, ки дар ҷануби Эрон воқеъ аст, танҳо як ном дорад ва он халиҷи Форс аст.”

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба истифодаи Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса аз номи ҷаълии “арабӣ-форсӣ” барои халиҷи Форс дар твиттҳое ба фаронсавӣ, англисӣ ва форсӣ, навишт: “Ба ҷаноби Мокрун ёдовар мешавад, халиҷе, ки дар ҷануби Эрон воқеъ аст, танҳо як ном дорад ва он халиҷи Форс аст.”

Вай афзуд: “Ҳузури низомии шумо дар халиҷи Форс ба андозаи иштибоҳи шумо дар номидани он, иштибоҳ аст. Ҳар ду иштибоҳи бузург, аммо қобили ҷуброн аст.”

Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса, ахиран дар изҳороте аз иборати ҷаълии “арабӣ-форсӣ” ба ҷойи халиҷи Форс истифода кардааст.

Имонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса, рӯзи панҷшанбе аз қасди ин кишвар барои эъзоми як нови ҳавопаймобар ба минтақаи ғарби Осиё хабар дод. Хабаргузори Reuters ба нақл аз Мокрун навишт, Фаронса қасд дорад нови “Шорл де Гул”-ро аз январ то апрели 2020 дар Ховари Миёна мустақар кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.