Дидгоҳ

Оё беҳтар набуд ба ҳифозат аз марзу бум мепардохтед?

“Таъмини амният”-и шаҳрвандон ва ҷомеа, ба ин нест, ки шумо худро ба боздошту дастгирӣ ва ба зиндон андохтани шаҳрвандон дар дохили кишвар машғул созед – он ҳам ба ин баҳонаи воҳӣ ва пуч, ки шояд дар оянда мушкилсоз гарданд – балки ба ин аст, ки шумо амнияти мардум бахусус мардуми марзнишинро аз хатарҳои мавҷуд ва аз сӯи бегонагон дар марзҳои кишвар, яъне дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон, таъмин кунед…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҳоле, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, дар дохил, ба боздошту дастгирии шаҳрвандон машғуланд, ва он ҳам ба баҳонаи “таъмини амният” ва то ба кунун садҳо нафарро боздошт кардаанд, дар марз бо Афғонистон аммо чанд нафар шаҳрванди ин кишвари ҳамсоя вориди сарзамини мо мешаванд ва бе он ки касе чизе бифаҳмад, наздик ба 50 сар гову аспи як шаҳрванди Тоҷикистонро бармедоранд, ва дурусттараш, медузданд, ва роҳат ба Афғонистон мунтақил мекунанд.

Феълан, ва дар ин ёддошт, коре ба ин надорам, ки ин чорпоҳо ба чӣ касе таъаллуқ доранд ва барои чӣ шаҳрвандони Афғонистон онҳоро бурданд, феълан баҳси ман ин нест. Ин як баҳси дигар аст. Фарз кунед ин чорпоҳо мутаъаллиқ ба як инсони оддӣ ҳастанд, на ба бародари Саймумин Ятимов, раиси КДАМТ.

Хуб, дар он замон, нерӯҳои марзбонии кишвар, ки тобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошанд, куҷо буданд? Ва аслан онҷо буданд? Убури ғайриқонунии марз ин яъне нақзи ҳокимияти кишвар.

Қатъан, ин амалиёти дуздӣ тайи як муддати замонии зиёде анҷом гирифта. Кори 10 ё 20 дақиқаӣ нест. Ҳаддиақал ба 5 ё 6 соат ниёз дорад агар нагӯем ба як рӯзи комил.

Оё барои Кумитаи амнияти миллӣ марзу буми Тоҷикистон ба дараҷае беаҳаммият будааст, ки 5 ё 6 соат ҳокимият нақз мешавад ва дороии мардум аз сарзамин берун бурда мешаванд ва аммо ин ниҳод — ки муҳимтарин вазифа ва масъулияташ ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистон ва таъмини амнияти мардуми марзнишин аст — нафаҳмад ва надонад, ки дар марз чӣ иттифоқе дар ҳоли рух додан аст?! Саҳлангорӣ аз ин бештар?!

Мусибат замоне бештар эҳсос мешавад, ки бидонем, ин ҳодиса на дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ё Қирғизистон, балки дар марзҳои ҷанубии кишвар яъне дар марз бо Афғонистон иттифоқ афтода. Ҷойе, ки гуфта мешавад, ҳазорон ҷангҷӯи доъишӣ ва терурист дар онҷо мустақар ҳастанд.

Фарз кунед, ба ҷойи он говдуздҳо теруристҳои доъишӣ вориди сарзамини мо шуда буданд. Фарзаш, ки маҳол нест. Дар он сурат, оё медонед зарфи ин 5 ё 6 соат ин теруристҳо чӣ фоҷеае дар манотиқи марзии кишварамон ба бор оварда буданд?! Дар он сурат, на ин ки чорпоёнро бардошта ва бурда буданд, балки садҳо дупоёнро сар аз тан ҷудо карда ва қатли омме роҳ андохта буданд.

“Таъмини амният”-и шаҳрвандон ва ҷомеа, ба ин нест, ки шумо худро ба боздошту дастгирӣ ва ба зиндон андохтани шаҳрвандон дар дохили кишвар машғул созед – он ҳам ба ин баҳонаи воҳӣ ва пуч, ки шояд дар оянда мушкилсоз гарданд – балки ба ин аст, ки шумо амнияти мардум бахусус мардуми марзнишинро аз хатарҳои мавҷуд ва аз сӯи бегонагон дар марзҳои кишвар, яъне дар марз бо Афғонистон ва Қирғизистон, таъмин кунед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.