Ҳуқуқи башар

Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе аз боздоштшудаҳои ахирро мунташир кард

Сомонаи Ахбор (Мирзо Салимпур) исми 17 боздоштшуда дар мавҷи ахири боздоштҳо дар Тоҷикистонро, ки бо номи «Парвандаи Ихвонул-муслимин” маъруф шудааст, мунташир кард.

Ду нафар аз боздоштшудаҳо: Мулло Исмоил (аз чап) ва Муслиҳиддин Абдуллоев, акс аз сомонаи «Ахбор»

Ин сомона дар гузорише навишт: Дар байни боздоштшудаҳо номзадҳо ва ҳатто докторҳои илм, устодони донишгоҳҳо, имомхатибони собиқ, рӯҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд.

Бар пояи ин гузориш, рӯйхати 17 боздоштшудае, ки номашон то имрӯз маълум шудааст, чунин аст:

1. Сатторов Икромшоҳ, сармуаллими Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё. Зодаи ноҳияи Данғара.

2. Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ, корманди радио. Зодаи ноҳияи Файзобод.

3. Тоҷиддин Яқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам. Зодаи ноҳияи Восеъ.

5. Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

6. Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил , домоди Тӯраҷонзодаҳо), шоир, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли «Насимнома». Зодаи Ваҳдат.

7. Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар бо тақрибан 25 шогирдаш.

8. Амонуллоҳи Абдурозиқ, мудири маркази забономӯзии «Дӯстӣ». Ноҳияи Рӯдакӣ.

9. Амриддини Аслиддин, муаллим. Аз Фархор.

10. Убайдуллох, муаллим. Ноҳияи Нуробод.

11. Абдуғаффор, устоди Донишгоҳ. Зодаи Истаравшан.

12. Аҳлиддин Ҳалимов, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалилов.

13. Ҳасанов Абдухолиқ, аз Душанбе.

14. Тағоев Комил Сидмуродович, с.т. 1981, сокини кӯчаи Гулистони ҷамоати Пули Сангин. Зодаи Норак.

15. Абдуллоев Муслиҳиддин Отамуродович, с.т. 1983, зодаи ҷамоати Тутқавули Норак.

16. Қорӣ, набераи Абдулло-Сиёҳак, с.т.1991, аз ҷамоати Тутқавули Норак.

17. Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии «Рӯҳафзо» дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе.

Ин сомона навиштааст, дар мавҷи боздоштҳои ахир дар чорчӯби «Парвандаи «Ихвонул-муслимин”, ки аз авали моҳи январ оғоз ёфт, фақат дар Нораку Бохтар беш аз 40 нафар дастгир шудаанд. Дар Бохтар аз ҷумла дар баробари рӯҳонии дар ин минтақа маъруф Мулло Қурбоналӣ 25 нафар аз шогирдони ӯро ҳам боздошт кардаанд. Модари Мулло Қурбоналӣ як рӯз баъди боздошти писараш бар асари сактаи дил вафот кардааст. Дар Норак, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони «Ахбор”, 16-17 нафар, аз ҷумла сокинони ҷамоати Тутқавул Комил Тағоев, Муслиҳиддин Абдуллоев ва Қорӣ ном набераи 29-солаи Абдулло-Сиёҳак дар боздошт қарор доранд. Комил Тағоевро дар пайи як баҳси мазҳабӣ бо имоми масҷиди Тӯғдона Эшони Нуриддин дастгир кардаанд.

Дар байни боздоштшудаҳо ҳамчунин Исмоил Қаҳҳоров, шавҳари хоҳари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Фирдавс Раҳимӣ, раиси идораи амволи давлатии Исфара низ ҳастанд. Аммо бино ба иттилои манобеи «Ахбор”, Абдулло Мукаммилов (Абдулло Оқилзода), як воизи маъруф, ки қаблан дар бораи боздошти ӯву писараш низ гузориш шуда буд, дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Маълум нест, ки ӯро баъди боздошт раҳо кардаанд ваё тавонистааст қабл аз мавҷи ахири боздоштҳо тарки кишвар кунад? Мақомот то ҳол боздоштҳои ахирро расман шарҳ надодаанд ва ин боиси пайдо шудани сарусадоҳо дар бораи боздошти садҳо ва ҳатто 1000 нафар дар рӯзҳои аввали соли нав дар Тоҷикистон шудааст.

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.