Ҳуқуқи башар

“Мақомоти интизомӣ ба мо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи боздоштшудаҳо худдорӣ варзем”

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Родию Озодӣ бо таъйиди боздошти 5 тан аз устодони ин донишкада, гуфта, ки мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, шумораи онҳое, ки бо гумони узвият дар созмони «Ихвонул-муслимин» дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздошт шудаанд, ба 70 нафар расидааст. Мақомот дар ин бора расман ҳеч хабар ва шарҳ намедиҳанд.

Ду манбаи боварбахши Родию Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 20-уми январ гуфтанд, давоми ду ҳафтаи ахир шумораи боздоштшудаҳо дар чаҳорчӯби парвандаи «Ихвонул-муслимин” бештар шудааст.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огоҳ аст, ба ин родию гуфтааст, то имрӯз ҳаддиақал нисбат ба 70 нафар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин афрод асосан бар асоси моддаи «ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ» ва «узвият дар ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст» муттаҳаманд. Дар қонун барои ин ҷиноят аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале мақомот ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба гуфтаи манобеи Родию Озодӣ, «чанд нафари дигар ба бозпурсӣ даъват мешаванд, аммо маълум нест, ки нисбат ба онҳо низ парванда боз хоҳад шуд, ё не.» Эҳтимол меравад, ки теъдоди боздоштшудаҳо аз ин ҳам бештар бошад. Аммо мақомоти интизомии Тоҷикистон аз додани ҳар гуна шарҳ дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Бино бар гузориши Родию Озодӣ, манбаъҳои гуногун аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон чанд феҳристи афродеро фиристодаанд, ки ба гуфтаи онҳо боздошт шудаанд. Дар байни онҳо устодони донишгоҳҳо, мансабдорони давлатӣ, кормандони бонк, руҳониён ва ғайра ҳастанд. Бархе аз номҳои ин феҳристро наздикони боздоштшудаҳо тасдиқ карданд.

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Родию Озодӣ тасдиқ кард, ки 5 устоди ин донишкада аз сӯи мақомот дастгир шудаанд. Ӯ гуфт, мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Манбаъ афзуд, муаллимони боздоштшуда аз забони арабӣ дарс медоданд.

Родию Озодӣ рӯзи 20-уми январ ба раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дархост фиристод, то воқеият доштан ё надоштани хабарҳои марбут ба боздоштҳои ахирро шарҳ диҳанд. Сомонаи Ахбор низ бо такя ба манобеаш рӯзи 19-уми январ навишт, Тоҷиддин Яъқубов, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар миёни боздоштшудаҳо ҳаст. Манобеи Родию Озодӣ низ ин хабарро тасдиқ мекунанд, аммо масъулони Донишгоҳи миллӣ аз суҳбат дар ин бора худдорӣ меварзанд.

Ба ҷуз аз устодони донишгоҳҳо, инчунин, Абдухолиқ Ҳасанов, як тоҷири тоҷик бо гумони узвият дар созмони мамнӯи “Ихвонул-муслимин” дастгир шудааст. Ёсин Ҳасанов, фарзанди Абдухолиқ Ҳасанов, рӯзи 20-уми январ ба Родию Озодӣ гуфтааст, падарашро дар оғози моҳи январи имсол дастгир карда, то ҳол нишон надодаанд.

Ҳасанов гуфт, падараш вакили мудофеъ надорад ва намедонанд, ки нисбат ба ӯ бо кадом моддаи қонуни ҷиноӣ парванда кушодаанд. Ӯ баён дошта: «Ҳангоми дастгир кардани падарам гуфтанд, ки ту ба Эрон рафта, аз онҷо бор меорӣ. Чаро зуд — зуд ба Эрон меравӣ? Ҳамин қадар гуфтанд. Падарам пештар аз Эрон маҳсулот меоварданд, вале дар байн корро қатъ карданд. Имсол боз шуруъ карда буданд. Ҳуҷҷатҳои бори аз Эрон овардаро низ бо худ бурданд

Боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи «Ихвонул-муслимин» баъд аз ҷашни соли нав оғоз шудааст. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ қаблан ба Родию Озодӣ гуфтаанд, як шабакаи аъзои ин созмонро дар кишвар ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои манобеи Родию Озодӣ, дар миёни боздоштшудаҳо Исмоил Қаҳҳоров, домоди хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи кишвар низ ҳасттанд. Фирдавс Раҳимзода, раиси Идораи амволи давлатии шаҳри Исфара аз ҷумлаи онҳоест, ки бо гумони узвият дар созмони «Ихвонул-муслимин» дастгир шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар бо гумони узвият дар созмони мамнӯи «Ихвонул-муслимин», нишон надодани онҳо ба наздиконашон ва надоштани вакили мудофеи мустақил, нигаронии баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овардааст. Дар гузашта низ созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии дину эътиқод танқид кардаанд. Чизе, ки мақомот ҳамвора рад карда, ҷорӣ шудани баъзе маҳдудиятҳоро ба мубориза бо ифротгароӣ рабт додаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.