Дидгоҳ

Як бор аз берун худамонро тамошо кунем

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар бештари филмҳое, ки тамошо мекунем, бахусус филмҳои ҳиндӣ, хайру шарре ба тасвир кашида мешаванд, ки бо ҳам дар ҳоли набарданд ва шарр ҳамеша аз имконоти бештаре бархӯрдор аст ва соҳибонаш одамони қудратманд ва дорои сарвату савлатанд, аммо хайр аз ин лиҳоз тақрибан чизе надорад.

Мову шумо, ки ин филмро тамошо мекунем, интизорамон аз тарафи хайр ин аст, ки аз чунон ирода ва шуҷоате бархӯрдор бошад, ки бо вуҷуди набудани имконот аммо лаҳзае дар баробари шарр кӯтоҳ наояд ва ноумед нашавад ва то пирӯзӣ ба муборизаи худ идома диҳад. Ва абадан аз ӯ намепазирем, ки як вақт таслими воқеият (реал) шавад. Яъне ба ин далел, ки ӯ аз ҳеч имконоте бархӯрдор нест ва тарафи муқобилаш ҳам бисёр қавӣ ва қудратманд аст, пас “мантиқан” ва ба ҳукми воқеият (реал), беҳтар аст даст рӯи даст гузорад ва сокит нишинад, то ҳар чи пеш омад, пеш ояд; “сарнавишт” ҳамин будааст!

Тамошобин ҳаргиз ва абадан аз ӯ якчунин мавзеъеро намепазирад, ки агар чунон кард, ӯро на танҳо ба тарсуӣ ва беҷуръатӣ маҳкум мекунад, балки аслан одамаш намешуморад ва пеши худ ӯро мавриди хитоб қарор дода мегӯяд, мубориза мекардӣ ва мемурдӣ беҳтар аз ин буд, ки таслим гардида ба хорӣ ва зиллат кашида шавӣ. Намегӯем, ӯ, ки имконоте надошт, пас айбе надорад ва як “амалгаро” (прагматик) будааст. Чунин намегӯем, балки ӯро инсоне хору залил мешуморем.

Оё медонед, барои чӣ мо, инсонҳо (бидуни истисно ҳамаи инсонҳо) қазоват ва довариамон чунин аст?!

Далелаш ин аст, ки одамӣ, вақте ба тамошои ҳодисаҳои берун аз худ менишинад, довар ва қозӣ ҳамвора фитрати салими ӯст. Мо, инсонҳо фитратан хайрхоҳем, дӯстдори адолатем, аз шарру зулму ситам мутанаффирем. Фитрати мо мегӯяд, бо сари баланд мурдан беҳтар аст аз хору залилона зистан. Сифатҳое чун хорӣ, зиллат, тарс сифоте ҳастанд, ки одамӣ фитратан аз онҳо мутанаффир аст ва аз инсонҳое, ки дорои ин сифоти пастанд, безорӣ ва танаффур меҷӯяд.

* * *

Аммо ҳамин ки навбат ба худамон бирасад ва дар мавқеъе қарор бигирем, ки қаҳрамони филм дар он қарор дошт, дигар варақ бармегардад. Яъне, замоне ки бо зулму ситам рӯ ба рӯ бишавем ва ноҷавонмардиҳо моро аз ҳар тараф бипечонад — вазъияте, ки табиати инсониамон бар мо воҷиб мегардонад дар баробари ситампеша биистем ва ӯро сари ҷояш нишонем – дигар, он интизоре, ки аз дигарон доштем фаромӯшамон мешавад. Албатта, на ин ки фитрати инсониамон ба фаромӯшӣ супурда шавад, на, чунин нест, фитрат чизе нест, ки аз миён биравад, балки мавқеъи залилонаи худ, хиффату хории худ, фирор аз масъулияти худ ва тарсуии худро “тавҷеҳ” мекунем ва худамонро гӯл мезанем ва мегӯем, ин мавқеъи ман номаш дигар хориву зиллат нест ва фирор аз масъулият нест, балки масалан эҳтиёт аст, аз боби ин аст, ки инсон набояд худро ба куштан бидиҳад, гоҳе номашро “амалгароӣ” ва “воқеънигарӣ” ҳам мехонем. Дигар фаромӯшамон мешавад, ки аз дигарон интизор доштем, то пойи марг алайҳи шарр пайкор кунанд ва даст аз мубориза барнадоранд ва ҳаргиз таслим нашаванд.

Қуръони Карим ин воқеияти талхро бисёр зебо баён доштааст; мефамояд:

بَلِ الْإِنْسانُ عَلى‌ نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ. وَ لَوْ أَلْقى‌ مَعاذِيرَهُ

Балки инсон бар хеш биност (ки чӣ карда ва чӣ мекунад), агарчӣ узрҳое битарошад.” (Сураи Қиёмат, оятҳои 14-15)

Яъне инсоне, ки бояд дар баробари як амали ноҷавонмардона меистод ва ҳарфи ҳақ ба забон меовард ва пайкор мекард, аммо тарсид ва сукут кард, ӯ медонад ин мавзеъаш ношӣ аз тарс аст, медонад кораш дуруст нест (“Балки инсон бар хеш биност (ки чӣ карда ва чӣ мекунад)”), аммо худро гӯл мезанад ва кори нописандашро тавҷеҳ мекунад. (“… агарчӣ узрҳое битарошад”)

* * *

Биёед ба худамон аз берун тамошо кунем. Яъне фарз кунем дар ҳоли тамошои як филм ва балки як сериёли ҳиндии дуру дароз, ки 27 сол аст дар телевизиюн пахш мешавад ҳастем. Дар ин филм дар як тараф як инсони дорои қудрату сарват ҳамроҳ бо хонавода ва хешовандонаш истода, ва дар тарафи дигар аммо мову шумо яъне ҷомеаи Тоҷикистон истода. Албатта, ин филм ва сериёл бисёр диданӣ аст. 27 сол аст он инсони дорои қудрат дороиҳои кишварро чаповул мекунад ва дар ин кишвар тақрибан чизе намонда магар ин ки ӯ онро тасоҳуб кардааст. Порае аз хоки ин сарзаминро ҳам шӯрбахтона фурӯхт. Дороиҳои кишварро байни хонавода ва фарзандону домодҳову хешонаш тавзеъ кард. Барои худаш ҳазору як унвону алқобро баргузид. Садҳо ва балки ҳазорон мухолифи сиёсии худ ва касонеро, ки дар баробараш истоданд, ба зиндон андохт. Ва имрӯз кор ба ҷойе расид, ки наздик аст як нерӯгоҳи бузургу азимеро, ки бо пули ин миллат сохта шудааст, аз худ кунад.

Аммо тарафи дигар дар баробари ӯ чӣ кор карда ва мекунад? Яъне мову шумо. Инҳоро мебинем ё намебинем? Қатъан мебинем. Оё мебинем кишвар талаву тороҷ шудааст? Мебинем. Оё мебинем хонавода ва наздикони он қудратманд ҳама чизи ин кишварро тасоҳуб кардаанд? Мебинем! Хуб, оё ин тараф коре кард? Масалан, ба рӯи он қудратманд истод ва ба ӯ гуфт, дигар бас аст?! Ё ин ки ҳамеша фирор аз масъулияти хешро “тавҷеҳ” кард? Масалан, гуфт, ман ки ҳарчанд дар берун аз кишвар зиндагӣ мекунам, бо ин вуҷуд агар ҳарфе бизанам, наздикон ва бастагонам таҳти фишор қарор мегиранд. Ё бе ҷиҳат роҳии зиндонам мекунанд… Магар солҳост бо инчунин “тавҷеҳот” худамонро гӯл намезанем?!

بَلِ الْإِنْسانُ عَلى‌ نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ. وَ لَوْ أَلْقى‌ مَعاذِيرَهُ

Балки инсон бар хеш биност (ки чӣ карда ва чӣ мекунад), агарчӣ узрҳое битарошад.” (Сураи Қиёмат, оятҳои 14-15)

Сериёли бисёр диданӣ аст. Агар ин сериёлро афроде дигар тамошо мекарданд, қазоват ва доварии онҳо дар бораи мо чӣ гуна буд? Оё ҷуз ҳамон доварие, ки мову шумо вақте ба тамошои филме менишинем ва афродеро, ки аз масъулият фирор мекунанд, маҳкум мекунем ва мегӯем, мурданатон беҳтар аз ин зиндагии хору залилона аст?!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.