Машоҳир

Ихвонул-муслимин чӣ гурӯҳест? // Оё “теруристӣ” донистани он дуруст аст?

Ҳеч мадрак ва далеле мабнӣ бар ин ки Ихвонул-муслмин “теруристӣ” ва “ифротӣ” шумурда шавад вуҷуд надорад, магар ин ки кишварҳое, ки ин гурӯҳро “теруристӣ” эълон кардаанд, мушкилашон на бо Ихвон, ки ба асли ислом ва аз реша мухолифи он бошанд, ки як мусалмон дар умури сиёсии кишвараш изҳори назар ва ё мавзеъе бархоста аз динаш дошта бошад. Ман фикр мекунам, “теруристӣ” эълон шудани ин гурӯҳ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ангезае ҷуз ин надорад, ки мақомоти тоҷик аз реша ва усулан бо ислом мушкил доранд; чизе, ки дар оянда барояшон дардисарҳои фаровоне эҷод хоҳад кард…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо боздошти шумори зиёде аз шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ҷамоати Ихвонул-муслимин (Бародарони мусалмон), имрӯзҳо номи ин гурӯҳ дар ҷомеаи мо сари забонҳо афтода ва ҳама мехоҳанд бидонанд ин гурӯҳ чӣ гурӯҳе будааст. Ва бо ин ки ҳанӯз узвияти боздоштшудаҳо дар ин гурӯҳ собит нашудааст (чаро ки ҳанӯз додгоҳе баргузор нагардида), аммо лозим донистам як каме дар бораи ин гурӯҳ ва мавзеъи кишварҳои мухталифи дунё дар баробари он бинависам, то дар сурати баргузории додгоҳ барои азизони боздоштшуда, ҳам додгоҳ бидонад ин гурӯҳ чӣ гурӯҳе будааст ва ҳам вакилони дифоъ бидонанд.

Дар оғоз аммо як иштибоҳро, ки имрӯз дар як расонаи тоҷикзабон дар бораи ин гурӯҳ дидам тасҳеҳ кунам. Ин расонаи машҳур навишта, ки “фаъолияташ (фаъолияти Ихвонул-муслимин) дар бисёре аз кишварҳои арабӣ мамнӯъ аст.” Ин дуруст нест. Умедворам амде аз сӯи ин расона дар кор набошад, балки аз рӯи ноогоҳӣ навишта. Воқеият ин аст, ки имрӯза дар ҷаҳон 22 кишвари арабӣ вуҷуд дорад, ки аз байни онҳо, танҳо дар 5 кишвари арабӣ фаъолияти Ихвонул-муслимин мамнӯъ аст: Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн. Аммо 17 кишвари боқимондаи ҷаҳони араб ин гурӯҳро на танҳо “теруристӣ” намедонанд, балки ин гурӯҳ дар баъзе аз ин кишварҳо дар раъси қудрат аст ва дар баъзеи дигар дар порлумон намояндагоне дорад. Дар поёни ин мақола, онҷо, ки дар бораи мавзеъи кишварҳои дунё дар баробари ин гурӯҳ менависам, ин нуктаро бештар тавзеҳ хоҳам дод.

Таърихчаи пайдоиши ҷамоати Ихвонул-муслимин

Ихвонул-муслимин ҷунбише аст суннӣ, ки дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳаводор дорад. Ихвонул-муслиминро метавон бузургтарин гурӯҳи исломӣ дар ҷаҳон ба шумор овард. Ин ҷунбиш дар соли 1928 дар шаҳри Исмоилияи Миср бо ташаббуси Имом Ҳасан ул-Банно бунён ниҳода шуд ва сипас фаъолияти худро ба дигар кишварҳои арабӣ ва исломӣ густариш дод.

Имом Ҳасан ал-Банно, бунёнгузори Ихвонул-муслимин

Ин ҷунбиш ба таъсир аз андешаҳои мутафаккироне исломӣ чун Сайидҷамолуддин Асадободӣ ва Муҳаммад Абдуҳ ва дар вокуниш ба вазъи ногувори мусалмонон дар он замон ва султаи бегонагон бар кишварҳои исломӣ, падид омад. Имом Ҳасан ал-Банно, бунёнгузори ин ҷамоат, талошҳои худро дар се марҳила: таблиғ, ҷазбу созмондиҳӣ ва иқдомоти амалӣ оғоз намуд. Ҳадафи аслии вай, анҷоми ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи Миср ва ҷаҳони ислом буд.

Бо афзоиши аъзо ва густариши доманаи фаъолиятҳо, Имом Ҳасан ал-Банно қароргоҳи аслии Ихвонул-муслиминро аз Исмоилия ба Қоҳира мунтақил кард ва пас аз таъсиси Дорулихвон (дар апрели 1929), расман Ихвонул-муслимин эъломи мавҷудият кард. Имом Ҳасан ал-Банно ба созмондиҳии ташкилот пардохт ва доманаи фаъолияти Ихвон густурдатар шуд.

Баъдҳо Ихвонул-муслимин ҳадафҳои дигареро ҳам мадди назар қарор дод ва дар соли 1939 бо такя бар ормони Фаластин ва дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонони ҷаҳон, Ихвон ба як созмони сиёсӣ мубаддал шуд ва ин мунҷар ба густариши нуфузи онҳо дар Сурия, Ӯрдун ва то ҳудуде дар Лубнон, Судон ва шимоли Офриқо шуд ва Имом Ҳасан ал-Банно ба унвони муршиди омм эълом шуд.

Пас аз терури Имом Ҳасан ал-Банно тавассути ҳукумати вақти Миср, ба тадриҷ таҳаввуле дар ҷунбиши Ихвонул-муслимин сурат гирифт. Ин таҳаввул иборат буд аз: ҷойгузин кардани роҳҳои мусолиматомез ба ҷойи муборизаи мусаллаҳона алайҳи режим ва султаи бегонагон. Ин иқдом, ки дар пайи ноумедӣ аз муассир будани роҳи ҳалли низомӣ баргузида шуд, аз маҳбубият ва короии Ихвон кост ва гурӯҳҳои ҷадиди исломӣ (монанди “Ҷиҳоди исломӣ”-и Миср) ба вуҷуд омаданд, ки ағлаб мутаассир аз андешаҳои Сайид Қутб буданд ва бар муборизаи низомӣ пой мефишурданд. Албатта, имрӯза Ихвонул-муслимин фақат бар равиши мусолиматомез таъкид дорад.

Сохтори ташкилотӣ

Аркони аслии ҷамоати Ихвонул-муслимин шомили муршиди омм, Шӯрои машваратӣ ва Дафтари иршоди омм мебошад. Шӯрои машваратӣ (ё Ҳайъати муассисон) марҷаъи қонунгузорӣ ва сиёсатгузории Ихвонул-муслимин маҳсуб мешавад ва ӯҳдадори назорат бар фаъолиятҳои ҷамоат ва интихоби муршиди омм буда ва мусавваботи (қарорҳои) он барои тамоми аъзо илзомовар мебошад. Шӯрои машваратӣ дорои 30 узв аст, ки аз байни шӯроҳои машваратии манотиқи мухталифи Миср интихоб мешаванд ва шӯро метавонад ҷудогона 5 нафар аз мутахассисонро низ ба узвият бипазирад. Аъзои шӯро барои муддати 4 сол интихоб мешаванд.

Муршиди омми Ихвон тавассути ин шӯро интихоб мешавад ва пас аз поёни давраи маъмурияти худ, то поёни умр ҳамчунон узви Шӯрои машваратӣ боқӣ хоҳад монд, магар он ки дар натиҷаи сустӣ дар анҷоми вазоифи худ барканор шавад. Муршиди омми ҷамоат аз миёни аъзои анҷуман, ки ҳаддиақал 15 сол собиқаи узвият дошта бошад ва синни ӯ низ аз 40 сол камтар набошад, интихоб мешавад. Аъзои ҷамоат пас аз интихоби муршиди омм бояд бо ӯ байъат кунанд. Муршиди омм набояд дар корҳои тиҷорӣ ва ё машоғили дигар — ҷуз корҳои илмӣ ва адабӣ — машғул бошад. Давраи масъулияти ӯ 6 сол аст ва интихоби муҷаддади ӯ танҳо барои як давра биломонеъ аст.

Дафтари ҷаҳонии Иршоди омм масъулияти иҷрои фаъолиятҳои Ихвонул-муслиминро бар ӯҳда дорад ва тамоми фаъолиятҳои иҷроии Ихвонро идора мекунад. Дафтари иршод аз 13 узв ташкил мешавад, ки аз сӯи Шӯрои машваратӣ, аз манотиқи мухталиф интихоб мешаванд.

Дар соли 2010, Муҳаммад Бадеъ ба унвони муршиди омми Ихвонул-муслимин интихоб шуд. Пас аз боздошти ӯ дар соли 2013 тавассути ҳукумати низомии Миср, Маҳмуд Иззат ба унвони муршиди омми муваққат интихоб шуд.

Мавзеъҳо

Шиори шинохташудаи Ихвонул-муслимин “Ал-ислому ҳувал-ҳалл” (Роҳи ҳал ислом аст!) мебошад, аммо шиори аслиашон, ки ҳадаф ва нақшаи роҳашонро тарсим мекунад, чунин аст:

Аллоҳ ғоятуно, вар-Расул қудватуно, вал-Қуръон дастуруно, вал-ҷиҳод сабилуно, вал-мавт фи сабилиллоҳ асмо амонино!” (Худованд ҳадафи мо, паёмбар улгуи мо, Қуръон қонуни мо, кӯшишу пайкор роҳи мо, ва марг дар роҳи Худо, волотарин орзуи мост!)

Ҷамоати Ихвонул-муслимин дар имрӯз, ки Шайх Юсуф Қарзовӣ муршиди маънавии он ба шумор меояд, расман такассур дар ҳукуматро пазируфта ва бар хилофи ҷараёнҳои ҷиҳодӣ — ки демукросӣ ва такассурро хилофи шаръ талаққӣ мекунанд — амал мекунад.

Ихвонул-муслимини Миср дар ҷараёни эътирозоти соли 2011, ки ба суқути ҳукумати Ҳусни Муборак анҷомид ширкат дошт ва дар як нишасти хабарӣ раҳбарони аршади ин ҷамоат дар 9 феврали ҳамон сол эълом карданд, ки: “Ихвон бо ҳукумати мазҳабӣ мухолиф аст, ва хостаи он, барпоии ҳукумати маданӣ бо марҷаъияти ислом аст.”

Усули андешаи сиёсии Ихвонро метавон ба шарҳи зер хулоса намуд:

* Роҳнамоӣ, таблиғ ва созандагии ҷомеа барои таъсиси ҳукумати исломӣ;

* Сиёсати гом ба гом ва иттихози равишҳои мусолиматомез дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва дар иртибот бо низомҳои ҳоким;

* Ҳизбгароӣ ва баҳрагирӣ аз ташкилот барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ;

* Касратгароӣ ва эътиқод ба демукросӣ дар дарун ва беруни созмони Ихвонул-муслимин;

* Таъкид бар мафҳуми уммати исломӣ дар баробари миллат;

* Таъомул бо ҳамаи фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ва худдорӣ аз ҷидолҳо ва даргириҳои мазҳабӣ;

* Зиддият бо Исроил;

* Таъомул бо соири адён бавежа қибтиҳо (масеҳиён) дар дохили Миср;

* Ҳимояти қотеъ аз муқовимати Фаластин.

Шайх Аҳмад Ёсин, поягузори Ҳамос ва яке аз таъсиргузортарин шахсият дар Ихвонул-муслимин

Дар дидгоҳи Ихвонул-муслимин, занон метавонанд дар масъулиятҳои идорӣ ва иҷтимоӣ мушорикат намоянд. Дар замони Имом Ҳасан ал-Банно ва дар оғози таъсиси ҷунбиши Ихвонул-муслимин, бахши занони мусалмон низ дар созмон ташкил ва Лабиба Аҳмад риёсати онро ба ӯҳда гирифт. Дар куллияи феҳристҳои интихоботии Ихвон низ ҳамвора номи теъдоде аз занон дида мешавад.

Дар заминаи ҳимоят аз Фаластин, Ихвонул-муслимин ҳамвора дар ҷангҳои фаластиниҳо алайҳи “Исроил” мушорикати фаъол доштааст. Раҳбарони ҷунбиши Ҳамос аз ҷумла Шайх Аҳмад Ёсин, Исмоил Ҳаниа ва Холид Машъал, дорои гароиши Ихвонул-муслимин буда ва аз назари фикрӣ вобаста ба он ҷунбиш мебошанд.

Аъзо ва шахсиятҳо

Дар заминаи теъдоди аъзо ва ҳаводорони ҷунбиши Ихвонул-муслимин, ихтилофи назари фаровоне дида мешавад. Бар асоси эъломи Юсуф Нидо, масъули равобити сиёсии байналмилалии Ихвон, аъзои Ихвон дар 72 кишвари исломӣ ва ғайриисломӣ ҳузур доранд. Абдулҳамид Ғаззолӣ, мушовири сиёсии муршиди омм, теъдоди аъзои Ихвонул-муслиминро 10 милюн нафар ва ҳаводоронро 5 милюн нафар зикр кардааст.

Шайх дуктур Юсуф Қарзовӣ, раҳбари маънавии Ихвонул-муслимин ва касе, ки нақши умдае дар густариши андешаи Ихвонул-муслимин доштааст.

Теъдоде аз шахсиятҳои исломӣ нақши умдае дар густариши андешаи Ихвонул-муслимин доштаанд, аз ҷумла:

Шайх Юсуф Қарзовӣ — раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои муслимин;

Шайх Аҳмад Ёсин — муассиси ҷунбиши Ҳамос дар Фаластин;

Зағлул Наҷҷор — имом ва мубаллиғи исломӣ;

Мустафо Сибоъӣ — муассиси ҷунбиши Ихвон дар Сурия;

Муҳаммад Маҳмуд Савоф — муассиси ҷунбиши Ихвон дар Ироқ;

Абулаъло Мавдудӣ – бунёнгузор ва нахустин раҳбари Ҷамоати исломии Покистон;

Абдуллоҳ Аззом — раҳбари муҷоҳидини араб дар Афғонистон;

Маҳфуз Наҳноҳ — муассиси ҷунбиши Ихвон дар Алҷазоир;

Шайх Саъид Ҳавво — андешаманди исломии Сурия;

Ҳасан Туробӣ — мутафаккири исломии судонӣ;

Наҷмуддин Арбакон – раҳбари Ҳизби Рафоҳи Туркия ва нахуствазири асбақи ин кишвар;

Устод Бурҳонуддин Раббонӣ – раҳбари собиқи Ҷамъияти исломии Афғонистон ва раисиҷумҳури асбақи ин кишвар;

Рошид Ал-ғаннушӣ – раҳбари Аннаҳзаи Тунис;

Хайрат Шотир – тоҷири маъруфи мисрӣ;

Ҳусайн Молик …

ва ғайра ….

Муҳаммад Мурсӣ, яке аз раҳбарони Ихвонул-муслмин ва нахустин раисиҷумҳури мунтахаби Миср.

Гуфтанист, Ихвонул-муслимин дар Миср аз созмонёфтатарин гурӯҳи фаъол дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар нахустин интихоботи риёсати ҷумҳурии демукротик дар Миср, ки дар соли 2012 баргузор шуд, Муҳаммад Мурсӣ раиси ҳизби “Озодӣ ва адолат”, ки як ҳизби таъсисшуда тавассути Ихвонул-муслимин буд, бар асоси омори расмӣ дар рақобат бо женерол Аҳмад Шафиқ пирӯзи интихобот гардид. Пас аз кудетои соли 2013-и артиш алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ ва дастгирии теъдоди зиёде аз ҳаводорони он, фаъолияти Ихвонул-муслимин дар ин кишвар мамнӯъ эълом шуд.

Мавзеъи кишварҳои дунё дар баробари Ихвонул-муслимин

Ҳамон тавр ки дар оғози ин мақола ёдоварӣ шуд, фаъолияти Ихвонул-муслимин ба ҷуз 5 кишвари арабӣ (Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн), дар боқимондаи 17 кишвари арабии дигар озод аст ва балки дар баъзе аз онҳо дар раъси қудрат қарор дорад, масалан дар Тунис ҳизби ихвонии Аннаҳза дар порлумон аксариятро ташкил медиҳад ва ташкили давлати ин кишвар низ ба ӯҳдаи ин ҳизб аст. Ва ё дар Мағриб (Марокаш) нахуствазири ин кишвар раҳбари ҳизби ихвонии “Адолат ва тавсиъа”, Саъдуддин Усмонӣ аст. Дар Либӣ низ давлати Вифоқи миллӣ бештар дар ихтиёри ихвониҳост. Дар Кувайт, Ӯрдун, Ироқ, Лубнон, Судон, Муритонӣ, Алҷазоир ва Яман (ҳукумати Ҳодӣ) низ Ихвонул-муслимин дар порлумон намояндагоне дорад.

Ва аммо дар кишварҳои ғайриарабӣ, Ихвонул-муслимин ба ҷуз дар кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ (Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон) — ки ин гурӯҳро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ ворид кардаанд – дигар дар ҳеч як аз кишварҳо ин гурӯҳ “теруристӣ” дониста нашудааст.

Дар Англис ва ҳамчунин дар Омрико, пас аз кудето дар Миср, кумитаҳое барои баррасии фаъолияти Ихвонул-муслимин ташкил шуд. Натиҷаи баррасиҳои ин кумита дар Англис ин гуна эълон шуд: “Ҳеч мадраке мабнӣ бар даст доштани Ихвонул-муслимин ба фаъолиятҳои теруристӣ вуҷуд надорад” (Манбаъ: рӯзномаи “Мисрийин”, 20 ноябри 2014). Дар Омрико низ кумитаи арзёбӣ бо радди эътибори Ихвонул-муслимин ба унвони як гурӯҳе теруристӣ, эълон кард: “Ҳеч мадраки мувассақе дар даст нест, ки собит кунад Ихвонул-муслимин фаъолияти теруристӣ доштааст.” (Манбаъ: пойгоҳи интернетии шабакаи Алҷазира, 2 декабри 2014)

Дар Туркия ихвониҳо дар раъси қудрат қарор доранд. Раҷаб Тайиб Ардуғон ва ҳизби “Адолат ва тавсиъа” як ҳизби ихвонӣ ба шумор меояд. Дар Покистон низ ҳизби Ҷамоати исломӣ, ки дар порлумон намояндагоне дорад, ҳизбе бо гароишҳои ихвонӣ аст. Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ба раҳбарии Салоҳуддин Рабонӣ низ ҳизбе бо гароишҳои ихвонӣ ба шумор меояд, ки дар ҳукумат саҳим аст ва раҳбари ин ҳизб дар ҳоли ҳозир вазорати хориҷаи ин кишварро ба ӯҳда дорад. Дар Молезӣ, Андунезӣ, Ҳиндустон, Срилонко, Буснӣ, Крувосӣ, Банглодеш ва даҳҳо кишварҳои дигар ихвониҳо дар фаъолият озоданд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ фаъолияти ихвониҳо озод аст ва онҳо дорои як ҳизби расмии сиёсӣ ҳастанд ба номи “Ҷамоати даъват ва ислоҳ” ва дар порлумони Эрон ҳамеша яке ду намоянда доштаанд.

Робитаи Ихвонул-муслимин бо Ҷумҳурии Исломии Эрон

То вуқӯи “баҳори арабӣ”, робитаи Ихвонул-муслимин ва гурӯҳҳои вобаста ба он, бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хуб буд. Аммо пас аз вуқӯи “баҳори арабӣ” ва бахусус моҷарои Сурия ва Яман, робитаи ин ҷамоат ва ҳаводоронаш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шиддат тираву тор шуд. Дар Сурия ҷамоати Ихвонул-муслимин дар канори соири муъоризони сурияӣ, алайҳи низоми Сурия меҷангиданд ва аз ҳимояти Эрон аз низоми Сурия ба шиддат асабонӣ шуданд. Дар Яман низ, ки ҳизби ихвонии Ислоҳ бо Ҳусиҳо меҷангад, аз ҳимоятҳои Эрони Исломӣ аз Ансоруллоҳи Яман (Ҳусиҳо) нороҳат ва асабонӣ ҳастанд. Имрӯза кор ба ҷойе расидааст, ки ихвониҳо Ҷумҳурии Исломии Эронро як кишвари “ишғолгар” мешуморанд.

* * *

Ин буд як маълумоти тақрибан муфассал аз ҷамоати Ихвонул-муслимин ва ҷойгоҳи онҳо дар ҷаҳон ва низ мавзеъи кишварҳои дунё дар бораи он.

Ҳамон тавр ки хонандаи азиз мулоҳиза кард, ҳеч мадрак ва далеле мабнӣ бар ин ки Ихвонул-муслмин “теруристӣ” ва “ифротӣ” шумурда шавад вуҷуд надорад, магар ин ки кишварҳое, ки ин гурӯҳро “теруристӣ” эълон кардаанд, мушкилашон на бо Ихвон, ки ба асли ислом ва аз реша мухолифи он бошанд, ки як мусалмон дар умури сиёсии кишвараш изҳори назар ва ё мавзеъе бархоста аз динаш дошта бошад. Ман фикр мекунам, “теруристӣ” эълон шудани ин гурӯҳ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ангезае ҷуз ин надорад, ки мақомоти тоҷик аз реша ва усулан бо ислом мушкил доранд; чизе, ки дар оянда барояшон дардисарҳои фаровоне эҷод хоҳад кард.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.