Забон ва адабиёт

Нусхаи тозакашфшудаи Девони Ҳофиз – тасовир

Сарнавишти нусхае камназир аз Девони Ҳофиз, ки ахиран кашф шуда ҷолибу хонданӣ аст; нусхае, ки пас аз солҳо пайгирии пулиси Олмон, дар опортумоне дар Омстердоми Ҳуланд кашф шудааст.

Як корогоҳи ҳуландӣ бо номи Ортур Бренд (Arthur Brand), моҳи гузашта нусхае аз Девони Ҳофизро, ки гуфта мешавад арзише як милюн евро дорад, кашф кардааст. Ин нусха пеш аз ин дар маҷмӯаи фарде ба номи Қозӣ дар Муних (Мюнхен) нигаҳдорӣ мешуд, аммо дар соли 2007 пас аз марги ин маҷмӯадор, ин нусха ба ҳамроҳи дигар нусхаҳои мавҷуд дар ин ганҷинаи шахсӣ, дуздида шуд. Ин дар ҳоле буд, ки Қозӣ пеш аз фавт, теъдоде аз нусхаҳои мавҷуд дар маҷмӯаи худро ба Эрон эҳдо карда буд.

Пулиси Олмон дар соли 2011 бисёре аз ин осор аз ҷумла 174 ҷилд аз ин осорро дар хонаи он дузд, ки яке аз дӯстони Қозӣ будааст ёфт, аммо муҳимтарин қитъаи ин маҷмӯа, ки Девони Ҳофиз буд, пайдо нашуд.

Пулиси Олмон дар соли 2016 бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммияти ин нусхаи хаттӣ, подоши 55 ҳазор дулорӣ барои пайдо шудани ин нусха дар назар гирифт, аммо натиҷаи хоссе то соли 2018 ҳосил нашуд. Дар ҳамин замон фарде бо Ортур Бренд тамос мегирад ва аз ӯ мехоҳад, ки дар робита бо ин парванда фаврӣ бо ӯ мулоқот кунад. Марди тамосгиранда дар ин ҷаласа ба Ортур Бренд мегӯяд, ки китоби гумшударо дидааст. Ортур Бренд дар ниҳоят тавонист бо анҷоми пайгириҳое, харидорро дар Омстердом шиносоӣ кунад. Тибқи гуфтаи Ортур Бренд, харидор аз ин ки огоҳ шуда буд нусхаи харидашуда, нусхаи дуздидшуда будааст ва пулиси Олмон низ дар пайи он аст, музтариб шуда буд. Ортур Бренд дар ниҳоят тавонист ӯро тарғиб кунад, ки китобро аз тариқи як восита ба дасташ бирасонад, то ӯ онро ба пулис таҳвил диҳад.

Ортур Бренд (Arthur Brand)

Ортур Бренд соли гузашта низ тавонист яке аз наққошиҳои Пикосуро ба арзиши 30 милюн дулор дар яке аз қоиқҳои шуюухи саудӣ дар наздикии рӯдхонаи Фаронса кашф кунад.

Гуфта мешавад нусхаи хаттии пайдо шуда, марбут ба солҳои 1462-1463 аст, яъне ҳудуди 74 сол пас аз даргузашти Ҳофиз китобат шудааст. Тибқи гузориши Фронс24, ин нусхаро метавон яке аз қадимитарин нусхаҳои Девони Ҳофиз ба шумор овард, ки арзиши он ҳудуди як милюн евро тахмин зада шудааст. Ин нусха, ки аз қарни 15-уми мелодӣ ба ёдгор монда, як барги тилоии наққошишуда дорад ва андозаи он 21 дар 13 сантиметр эълом шудааст. Дар ин нусха дар 159 сафҳа ашъори Ҳофиз китобат шудааст.

Ин корогоҳ мӯътақид аст, ки кашфи бузурге анҷом шуда, зеро аз Ҳофиз мероси мактубе ба дасти мо нарсидааст, мо ҳар он чи аз ӯ дар даст дорем, мероси шифоҳӣ аст, ки солҳо пас аз марги ӯ сабт шудааст. Дар ин миён, нусхаҳое, ки ба замони даргузашти шоир наздиктар аст, арзиши бештаре доранд.

Оё ин нусхаи тозакушфшуда ба Эрон бозмегардад?

Ба гузориши хабаргузории Тасним, бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки ин нусха метавонад барои пажӯҳишгарон дар ҳавзаи шеъри Ҳофиз аз назари таърихӣ ва адабӣ бисёр арзишманд ва коромад бошад. Ба гуфтаи ин коршиносон, нусхаи кашфшуда қадимитарин нусхаи мавҷуд нест, аммо метавон онро яке аз ангуштшумор нусхаҳои қадимии мавҷуд дар ин замина ба шумор овард; ба ҳамин далел нусхаи кашфшуда аз арзиши болое бархӯрдор аст.

Тибқи бархе ривоятҳо, марҳуми Қозӣ қабл аз фавт, ду нусха аз маҷмӯаи худро ба давлати Эрон эҳдо карда буд. Ҳоло бо кашфи ин нусха, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки оё имкон дорад ин нусха низ ба Эрон мунтақил шавад?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.