Сиёсат

TV5 Туркия: “Нақши Қосим Сулаймонӣ дар ҷилавгирӣ аз кудетои нофарҷоми тобистони соли 2016 дар Туркия, бисёр калидӣ буд” — (Видео)

Мудири як шабакаи телевизиюнии туркӣ, дар гуфтугӯ бо шабакаи TV5 гуфт: “Нақши Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, дар ҷилавгирӣ аз кудетои нофарҷоми тобистони соли 2016 дар Туркия, бисёр калидӣ буд.”

Нуруддин Ширин, мудири як шабакаи телевизиюнии туркӣ, дар гуфтугӯ бо барномаи зиндаи Buluşma Noktası дар шабакаи TV5 Туркия, бо эъломи ин матлаб, гуфт: “Сардор Сулаймонӣ дар моҷарои кудетои нофарҷоми 15 июли 2016 яктана ҷилави тарҳи омрикоӣ-саҳюнистӣ-саудӣ барои барандозии ҳукумати Туркия истод.”

Ӯ гуфт: “Агар 80-у чанд милюн шаҳрванди Туркияро ҷустуҷӯ кунед, аз женеролҳояш гирифта то сиёсатмадорони крувотиаш, коре таъсиргузортар аз коре, ки ин сардори кирмонӣ (Сардори шаҳид Сулаймонӣ) барои дифоъ аз Туркия дар баробари тарҳи кудетои омрикоӣ-саҳюнистӣ-саудӣ кардааст, наметавонед пайдо кунед.”

Нуруддин Ширин изҳор дошт: “Раҷаб Тайиб Ардуғон худ ба хубӣ медонад нақши Сардор Сулаймонӣ дар ба шикаст кашондани кудеточиён дар Туркия чӣ будааст, ва ба ҳамин хотир дар изҳори назари худ дар бораи терури ӯ гуфтааст: ӯ ба таври мустақим ба раҳбарии Эрон васл буд ва ба таври табиӣ терури ӯ аз сӯи Омрико бепосух нахоҳад монд.”

Нуруддин Ширин бо таъкид бар ин ки Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ танҳо мутаъаллиқ ба Эрон набуд, гуфт: “Ӯ фармондеҳи лоиқи уммати ислом ва ҷабҳаи муқовимати зидди саҳюнистӣ буд ва ба ҳамин хотир солҳо буд, ки дар листи терури режими Исроил қарор дошт.”

Ӯ ҳамчунин таъкид кард: “Пружаи терури сипаҳбуд шаҳид Қосим Сулаймонӣ як пружаи саҳюнистӣ буд, ки ба дасти давлати империёлистии Омрико, ки комилан таҳти нуфузи саҳюнистҳост ба иҷро даромад.”

Вай гуфт: “Фақат кофист изҳороти Овигдур Либерман (раҳбари ҳизби ифротии “Исроил, хонаи мо” ва вазири дифои собиқи режими саҳюнистӣ)-ро ба ёд оваред, ки гуфтааст: “Исроил 3 мушкили аслӣ дорад: Эрон, Эрон ва Эрон.”

Ин шахсияти расонаии Туркия таъкид кард: “Ба гуфтаи Либерман, режими Исроил дар ҳар нуқтае аз минтақа, аз Ғазза гирифта то Лубнон ва аз Сурия гирифта то Яман, нақши шаҳид Сулаймониро ба унвони фармондеҳи созмондиҳандаи ҷабҳаи муқовимати зидди исроилӣ мушоҳида мекард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.