Фалсафа

Ду гуфтор аз Мавлоно

“Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ… Гуфт: Пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигарӣ мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад.

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кину ҳасаду бераҳмиву кибр – чун дар туст намеранҷӣ. Чун онро дар дигарӣ мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.78)

Ба ин мазмун, дар Маснавӣ низ фармояд:

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон!

Андар эшон тофта ҳастии ту,

Аз нифоқу зулму бадмастии ту.

Он туӣ в-он захм бар худ мезанӣ,

Бар худ он дам тори лаънат метанӣ.

Дар худ он бадро намебинӣ аён

В-арна душман будаӣ худро ба ҷон.

* * *

“Пеши ӯ ду “Ана” (Ман) намегунҷад, ту “Ана” мегӯӣ ва ӯ “Ана”. Ё ту бимир пеши ӯ, ё ӯ пеши ту бимирад, то дуӣ намонад. Аммо он ки ӯ бимирад, имкон надорад; на дар хориҷ ва на дар зеҳн, ки:

وَهُوَالْحَيُّ الَّذِي لا يَمُوتُ

(Ва ӯ зиндаест, ки намирад.) Ӯро он лутф ҳаст, ки агар мумкин будӣ, барои ту бимурдӣ, то дуӣ бархостӣ. Акнун чун мурдани ӯ мумкин нест, ту бимир, то ӯ бар ту таҷаллӣ кунад ва дуӣ бархезад. Ду мурғро бар ҳам бандӣ, бо вуҷуди ҷинсият ва он чӣ ду пар доштанд ба чаҳор мубаддал шуд, намепаррад; зеро ки дуӣ қоим аст. Аммо агар мурғи мурдаро бар ӯ бандӣ, бипаррад; зеро ки дуӣ намондааст…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.79)

Дар Маснавӣ низ гӯяд:

Он яке омад дари ёре бизад,

Гуфт ёраш: кистӣ, эй мӯътамад?

Гуфт: Ман. Гуфташ: бирав, ҳангом нест,

Бар чунин хоне мақоми хом нест.

Хомро ҷуз оташи ҳаҷру фироқ

Кай пазад? Кай вораҳонад аз нифоқ?

Рафт он мискину соле дар сафар,

Дар фироқи дӯст сӯзид аз шарар.

Пухта гашт он сӯхта, пас бозгашт,

Боз гирди хонаи ҳамбоз гашт.

Ҳалқа зад бар дар ба сад тарсу адаб,

То бинаҷҳад беадаб лафзе зи лаб.

Бонг зад ёраш, ки бар дар кист он?

Гуфт: Бар дар ҳам туӣ, эй дилситон!

Гуфт: Акнун, чун манӣ, эй ман, даро,

Нест гунҷое ду манро дар саро.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.