Сиёсат

Вақте мақомоти олии динии Арабистони Саудӣ ба зиёрати музейи Ҳулукост мераванд – Видео

Расонаҳо имрӯз аз сафари шайх Муҳаммад ал-Исо, дабири кулли “Робитаи ҷаҳони исломӣ”, ба Лаҳистон (Полша) барои боздид аз макони ҳодисаи Ҳулукост хабар доданд.

Дар ин миён, расонаҳои режими саҳюнистӣ сафари шайх Муҳаммад ал-Исо, вазири додгустарии собиқ ва дабири кулли “Робитаи ҷаҳони исломӣ”-ро дар ростои “идомаи сиёсати оддисозии равобити Арабистони Саудӣ бо Исроил” қаламдод кардаанд.

Ин расонаҳо эълом карданд, ки Муҳаммад ал-Исо дар остонаи солгарди қурбониёни иддаоии Ҳулукост, имрӯз (панҷшанбе) ба урдугоҳи Ошвитс (Освенцим) дар Лаҳистон меравад; сафаре, ки ба нудрат иттифоқ меафтад.

Бар асоси гузориши рӯзномаи исроилии Ҳоаретз, Муҳаммад ал-Исо, дабири кулли “Робитаи ҷаҳони исломӣ” (ташаккуле, ки аз сӯи Оли Сауд эҷод шуда) ба ҳамроҳи шуморе аз раҳбарони динии мусалмон ва масъулоне аз Кумитаи яҳудӣ-омрикоӣ, аз ин урдугоҳ (он чи саҳюнистҳо онро ба гумони худ қурбониёни Ҳулукост мехонанд) боздид мекунанд.

Ин расона афзуд, шайх Муҳаммад ал-Исо, ки пештар вазири додгустарии ҳукумати саудӣ будааст, дар канори шахсиятҳои динӣ ва масъулоне аз ташаккули мазкур, аз музейи таърихи яҳудиёни Лаҳистон дар Варшав дар рӯзи ҷумъа боздид хоҳад кард. Онҳо ҳамчунин аз канисае дар пойтахти Лаҳистон боздид мекунанд ва қасд доранд дидоре ҳам бо наҷотёфтагон аз Ҳулукост анҷом диҳанд. Ал-Исо ҳамчунин дар маросиме мавсум ба “Шанбеи муштарак” (маросиме яҳудӣ) ширкат хоҳад кард.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ ин гоми як мақоми баландпояи саудиро гоме муҳим ва дар ростои идомаи рӯйкарди ҳоким дар Арабистон донистанд, ки ба гуфтаи ин расонаҳо, ба шиддат бо инкори Ҳулукост ва ҳар иқдоми зидди яҳудӣ муқобила мекунад.

Ин расонаҳо афзуданд, ин рӯйкардро Муҳаммад ал-Исо ду сол пеш оғоз кард замоне ки бо ирсоли паёме барои музейи Ҳулукост дар Вошингтун, бар ҳамбастагии худ бо қурбониён таъкид ва аз касоне, ки Ҳулукостро инкор мекунанд, безорӣ ҷуст.

Сафари шайх Муҳаммад ал-Исо ба Лаҳистон пас аз сафар ба музейи ёдбуди қурбониёни Ҳулукост дар Вошингтун дар майи соли 2018 сурат мегирад.

Натонёҳу хостори тақобули кишварҳои ҷаҳон бо Эрон шуд

Дар ҳамин росто, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар нишасте бо ҳузури сарони кишварҳои ғарбӣ, хостори муқобилаи ҷаҳон бо Эрон шуд.

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, рӯзи панҷшанбе дар суханронии худ дар маросими Ҳулукост, хостори мавзеъи якпорчаи раҳбарони ҷаҳон алайҳи Эрон шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи Times of Israel, Натонёҳу дар ин суханронӣ муддаӣ шуд, бобати ин ки раҳбарони ҷаҳон “мавзеъи воҳид дар баробари зидди яҳудитарин режим дар ин сайёра иттихоз накардаанд” нигарон аст.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҷамъи раҳбарони кишварҳо аз ҷумла Путин, раисиҷумҳури Русия, ба иддаоҳои худ идома дод ва гуфт: “Исроил аз Дунолд Тромп, раиисҷумҳури Омрико ва муовинаш ба хотири муқобила бо раҳбарони золими Теҳрон, ки суботи Ховари Миёна ва кулли ҷаҳонро таҳдид мекунанд, ташаккур мекунад.”

Вай афзуд: “Ҳамаи давлатҳоро барои талош барои муқобила бо Эрон фаро мехонам.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.