Сиёсат

Омрико фармондеҳи ҷадиди нерӯи Қудсро ҳам таҳдид ба терур кард

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи ҷадиди нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро ба терур таҳдид кард.

Ба гузориши Reuters, Броён Ҳук (Brian Hook) — намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар умури Эрон, дар суханоне таҳдидомез гуфт: “Агар ҷонишини женерол Сулаймонӣ дар нерӯи Қудси Сипоҳ бихоҳад ҳамон роҳи Сулаймониро биравад, сарнавишти Сулаймонӣ дар интизори ӯ хоҳад буд.

Ҳук, ки дар Довуси Суис (Шветсария) бо хабарнигори рӯзномаи Ашшарқул-авсат (наздик ба Арабистони Саудӣ) мусоҳиба мекард афзуд: “Ин таҳдиди ҷадиде нест, зеро раисиҷумҳур (Тромп) ҳамвора таъкид дошта, ки ӯ қотеъона аз манофеъи Иёлоти Муттаҳида ҳифозат хоҳад кард. Фикр мекунам, ки ҳукумати Эрон дигар дарк кардааст, ки наметавонад ба омрикоиён ҳамла кунад ва натиҷаи онро набинад.”

Гуфтанӣ аст сардор Исмоил Қоонӣ дар маросими муорафаи ахири худ таъкид кард: “Роҳи дурахшони шаҳид Сулаймонӣ бо қувват идома меёбад ва нерӯи Қудси Сипоҳ интиқоми хуни шаҳид Сулаймониро дар муборизае ҷавонмардона бо Омрико хоҳад гирифт.” Ӯ таъкид кард: “Хунбаҳои шаҳид Сулаймонӣ хуруҷи нерӯҳои низомии Омрико аз минтақаи ғарби Осиё хоҳад буд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.