Ақоиди исломӣ

Оё далеле муҳкамтар аз ин мехоҳем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Инсон бояд ҳар аз гоҳе (агар нагӯям ҳар рӯз) дар боварҳо ва чизҳое, ки ба онҳо эътиқод дорад ва дар роҳе, ки мепаймояд ғавр кунад ва таъаммул кунад; имонаш ба чизе, бояд бар пояҳои муҳкам устувор бошад. Имони кӯр-кӯрона ва ба тақлид аз дигарон, на ба дарди дунёи инсон мехӯрад ва на ба дарди охираташ, Худо ҳам имони кӯр-кӯронаро қабул надорад.

Яке аз роҳҳои ин ғавру таъаммул дар боварҳоро бароятон арза мекунам. Аз таҷрибаи шахсии худам бароятон мегӯям. Банда, ҳар замон, ки Қуръон ва ё ривоят мехонам, ҳамеша бо ин фарз (предварительная мысль) вориди хондани Қуръон ё ҳадис мешавам, ки: ҳазрати Муҳаммад (с), ки мегӯяд, ин Қуръон аз сӯи Худо бар ӯ нозил шудааст, ӯ дар ин иддао, ё рост мегӯяд ва ё дурӯғ. Эҳтимоли севвуме вуҷуд надорад. Баъд, ҳар чи ғавр мекунам ва фикр мекунам, мебинам маҳол аст дурӯғ буда бошад. Чаро?

Ҳоло барои фаҳми ин, ки маҳол аст дурӯғ буда бошад, бароятон як мисол аз ояти қуръонӣ ва як мисол аз ҳадис мезанам.

1) Ва аммо ояти қуръонӣ: Аввал, як ҳодисаи таърихиро, ки ҳамзамон бо оғозҳои паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайваст бароятон нақл кунам. Давлати Эрон ва Рум дар асри Паёмбар (с) ду абарқудрати бузурги ҷаҳон ба шумор меомаданд ва подшоҳи Эрон Хусрави Парвиз ва подшоҳи Рум Ҳерақл буд ва ҷангҳои бисёре байни онон дармегирифт. Нахуст сипоҳи Эрон ба сардории Шаҳрбуроз ва Шоҳин ба қаламрави Рум (Руми шарқӣ) ҳамла карданд ва румиёнро шикаст доданд; ба тавре, ки минтақаи Шомот, Миср ва Осиёи сағир (Туркияи кунунӣ)-ро тасарруф карданд. Ин шикаст дар ҳудуди соли 616 мелодӣ рух дод. (Таваллуди Паёмбар (с) дар соли 571 мелодӣ ва паёмбарии ӯ дар соли 610 мелодӣ буд‏.) Сипас подшоҳи Рум дар соли 622 мелодӣ таҳоҷуми худро ба Эрон оғоз кард ва Эронро зарфи 6 сол шикаст дод, яъне ҳудуди сол‏ҳои аввал то шашуми ҳиҷрӣ.

Бино бар он чи дар китобҳои таърих (аз ҷумла Таърихи Табарӣ) омада, дар замони ҷанги аввал, ки румиён шикаст хӯрданд (яъне соли 616), ин рухдод ҳамзамон буд бо оғозҳои паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва мусалмонон дар он замон ҳанӯз андак буданд. Мусалмонон, ки аз назари фикрӣ худро ба румиёни аҳли китоб наздик медонистанд, интишори хабари шикасти румиҳо дар баробари порсиён, онҳоро нороҳат ва мушриконро баръакс хушҳол кард ва мушрикон гуфтанд: “Хуб шуд румиён, ки аҳли китоб буданд мағлуби эрониён шуданд, бинобар ин мусалмонон ҳам, ки аҳли китоб ҳастанд, аз мо шикаст хоҳанд хӯрд.”

Дар ҳамин асно буд, ки ин ояти қуръонӣ нозил шуд:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيم

الم. غُلِبَتِ الرُّومُ. فِي أَدْنَى الأرْضِ وَهُمْ مِنْ بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ. فِي بِضْعِ سِنِينَ لِلَّهِ الأمْرُ مِنْ قَبْلُ وَمِنْ بَعْدُ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ. بِنَصْرِ اللَّهِ يَنْصُرُ مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ. وَعْدَ اللَّهِ لا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لا يَعْلَمُونَ

Ба номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон.

Алиф, Лом, Мим. Румиён шикаст хӯрданд; дар наздиктарин сарзамин. Вале баъд аз шикасташон, дар зарфи чанд (бизъ) соле ба зудӣ пирӯз хоҳанд гардид. Саранҷоми кор дар гузашта ва оянда аз они Худост, ва дар он рӯз (рӯзи пирӯзии румиён) аст, ки мӯъминон аз ёрии Худо шод мегарданд. (Худо) ҳар киро бихоҳад ёрӣ мекунад ва ӯст шикастнопазири меҳрубон. Ин ваъдаи Худост, Худо ваъдаашро хилоф намекунад, вале бештари мардум намедонанд.”

Ва ҳамон тавр ки дар боло зикр шуд, воқеан подшоҳи Рум дар соли 622 мелодӣ таҳоҷуми худро ба Эрон оғоз кард ва Эронро зарфи 6 сол шикаст дод, яъне ҳудуди сол‏ҳои аввал то шашуми ҳиҷрӣ, ки дар ин замон мусалмонон дигар дар Мадина буданд.

Аз ин даст оятҳо дар Қуръони Карим чандтои дигар ҳаст, ман фақат як намуна овардам.

Ҳоло баргардем бар сари асли матлаб. Гуфтем, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин, ки мегӯяд фиристодаи Худост ва Қуръони Карим аз сӯи Худо бар ӯ нозил шудааст, ӯ дар ин иддао, ё рост мегӯяд ё дурӯғ. Агар дурӯғ мегӯяд, ин яъне ӯ як инсони оддӣ аст. Оё як инсони оддӣ метавонад бо қотеияти тамом пешбинӣ кунад, ки зарфи чанд сол (бизъи синин) румиён пирӯз хоҳанд шуд? Ҳатто ин чанд солро ҳам таъйин карда. Зеро “бизъи синин” дар луғати араб ба ҳудуди 6 сол гуфта мешавад. Тоза, бо тамоми қотеият бигӯяд: “Ин ваъдаи Худост, Худо ваъдаашро хилоф намекунад, вале бештари мардум намедонанд.

2) Ва аммо ҳадис. Аввал инро арз кунам, ки як силсила ривоятҳое ҳастанд, ки ба “ғайбиёт” ё “ахбори ғайбӣ” маъруфанд, яъне аз рухдодҳое, ки дар оянда ба вуқӯъ мепайванданд хабар дода ва онҳо дуруст ба ҳамон сурате, ки хабар дода шуда воқеъ шудаанд. Мо дар манобеи ҳадисӣ, садҳо ривоят аз ин даст дорем. Ва хушбахтона ин ҳадисҳо бештарашон ё мутавотир ҳастанд (яъне аз он навъ ҳадисҳое ҳастанд, ки на аз сӯи як ё ду нафар, балки тавассути ҷамъи фаровоне аз он ҳазрат (с) шунида ва нақл шудаанд) ва ё ҳаддиақал мустафизанд (мустафиз ривояте аст, ки ҳарчанд ба ҳадди тавотур нарасида, аммо саҳобаи зиёде нақлашон кардаанд.)

Ба унвони намуна бароятон як ривоят аз ин даст меоварам. Ривояте, ки дар сарчашмаҳои ҳадисии ҳамаи фирқаҳои исломӣ нақл шуда ва Имом Ҷалолуддини Суютӣ дар китоби “Хасоис” онро ҳадисе мутавотир шумурдааст. Ривоятро ба нақл аз Саҳеҳи Бухорӣ меоварам.

عَنْ أَبِي سَعِيدٍ الخدري ره أَنَّهُ كَان يُحَدِّث يَوْماً حَتَّى أَتَى ذِكْرُ بِنَاءِ الْمَسْجِدِ، فَقَالَ: كُنَّا نَحْمِلُ لَبِنَةً لَبِنَةً، وَعَمَّارٌ لَبِنَتَيْنِ لَبِنَتَيْنِ، فَرَآهُ النَّبِيُّ ص فَيَنْفُضُ التُّرَابَ عَنْهُ، وَيَقُولُ: وَيْحَ عَمَّارٍ تَقْتُلُهُ الْفِئَةُ الْبَاغِيَةُ يَدْعُوهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ وَيَدْعُونَهُ إِلَى النَّارِ، قَالَ: يَقُولُ عَمَّارٌ: أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الْفِتَنِ

Рӯзе Абӯсаиъди Худрӣ (р), ки дар ҳоли сухан гуфтан буд, сӯҳбат аз сохтани масҷиди набавӣ ба миён овард ва гуфт: мо (ҳангоми сохтани масҷиди набавӣ) ҳар кадом як хишт бармедоштем, вале Аммор (Аммор ибни Ёсир (р) дуто-дуто бармедошт. Расули Акрам (с) ӯро дид ва дар ҳоле, ки ҳазрат (с) гарду хокро аз сару сурати Аммор дур месохт, фармуд: “Афсӯс барои Аммор, ки ба дасти як гурӯҳи боғӣ (ёғӣ) ба қатл мерасад; Аммор он гурӯҳро ба биҳишт фаро мехонад ва онҳо вайро ба сӯи оташ мехонанд.” Ровӣ мегӯяд: Аммор баъд аз шунидани ин сухан, гуфт: “Аз фитнаҳо ба Худо паноҳ мебарам!

Дар истилоҳи қуръонӣ, “гурӯҳи боғӣ” (ёғӣ) ба гурӯҳе гуфта мешавад, ки онҳо мусалмон ҳастанд, на кофир ё мушрик. Яъне замоне, ки фитнае миёни мусалмонон бапо хезад ва мусалмонон ба ду гурӯҳ тақсим шаванд, гурӯҳе, ки ноҳақ аст, ба онҳо “гурӯҳи боғӣ” гуфта мешавад. Ин истилоҳ як истилоҳи қуръонӣ аст. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9)

Хуб, агар ҳазрати Муҳаммад (с) дар иддаои паёмбарӣ дурӯғгӯст, оё як дурӯғгӯ имкон дорад, ки бо ишора ба як фарди муайян, ба қотеият пешбинӣ кунад, ки ту ба ин зудиҳо кушта намешавӣ, яъне ту дар набардҳое, ки миёни мусалмонон ва мушрикон воқеъ мешавад — мисли набарди Бадр, Уҳуд, Хандақ, Хайбар ва ғайра (ки Аммор ибни Ёсир (с) аз қазо дар ҳамаи онҳо ширкат доштааст) – шаҳид намешавӣ, балки пас аз вафоти ман солҳо дар қайди ҳаёт ҳастӣ ва замоне хоҳад расид, ки миёни мусалмонон фитна бапо мехезад ва мусалмонон ба ҷони ҳам меафтанд ва дар он замон ту дар саффи гурӯҳе ҳастӣ, ки баҳақ ҳастанд ва гурӯҳи муқобил боғӣ (ёғӣ) аст ва ту ба дасти ҳамон гурӯҳи боғӣ кушта хоҳӣ шуд?

Ва воқеан ҳам чунин шуд. Дар замони хилофати ҳазрати Алӣ (а) байни он ҳазрат ва Муовия ибни Абӯсуфён кашмакаш воқеъ гардид ва дар маҳалле ба номи Сиффайн (дар ҳудуди Сурияи имрӯз) байни сипоҳиёни ҳазрати Алӣ (а) ва сипоҳиёни Муовия ҷанг ба вуқӯъ пайваст ва Аммор ибни Ёсир дар канори ҳазрати Алӣ (а) буд ва дар ҳамин ҷанг ба шаҳодат расид.

Ва чунонки ёдовар шудам, ман инҷо барои намуна танҳо як ҳадис аз ин даст аҳодис яъне аз ахбори ғайбӣ овардам, вагарна инчунин ҳадисҳо аз ҳазрати Паёмбар (с) садҳо ҳадис аст. Иншоаллоҳ қасд дорам як рӯз тамоми ахбори ғайбии он ҳазратро дар як маҷмӯа гирд оварам ва ироа кунам, агар умре бароям бошад.

* * *

Хулоса, одам ҳар миқдор, ки дар Қуръону аҳодис ғавр кунад ва таъаммул кунад, бар бовараш ба ҳаққонияти ойини ислом ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) афзуда мешавад. Ахбори ғайбӣ танҳо як ҷанба аз эъҷози Қуръон ва суннат аст, ин ду сарчашма дар ҷанбаҳои дигар низ мӯъҷиза ҳастанд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.