Сиёсат

Тазоҳуроти милюнии ироқиҳо дар Бағдод бо шиори “Омрико, гӯратро гум кун!” – (Видео ва тасовир)

Тазоҳуроти милюнии мардуми Ироқ дар пойтахти ин кишвар бо шиори “Омрико, гӯратро гум кун!” аз субҳи имрӯз (ҷумъа, 24 январ) оғоз шуд. Мардуми Ироқ на танҳо хостори хуруҷи нерӯҳои низомии омрикоӣ, балки берун рондани мушовирон ва мусташорони омрикоӣ ҳам ҳастанд.

Имрӯз ҷумъа (24 январ) ваъдаи мардуми Ироқ барои изҳори “На”-и милюнӣ ба ҳузури омрикоиҳо дар Ироқ таҳаққуқ ёфт; тазоҳуроте, ки аз субҳ оғоз шуда ва пас аз гузашти чандин соат ҳанӯз ҳам идома дорад ва мардуме, ки аз шаҳрҳои мухталифи Ироқ озими пойтахт шуда буданд, дар хиёбонҳои Бағдод ба самти майдони Таҳрир дар ҳаракатанд.

Тазоҳуроткунандагони ироқӣ бо маҳкум кардани ишғолгарии низомии Омрико дар ин кишвар, шиори “Омрико, гӯратро гум кун!” ва “Аз кишвари мо хориҷ шавед, қабл аз ин ки ихроҷатон кунем!” сар медиҳанд.

Сайид Муқтадо Садр, руҳонии маъруфи ироқӣ ва раҳбари ҷараёни Садр, ҳамзамон бо тазоҳуроти милюнӣ алайҳи ҳузури низомии Омрико дар ин кишвар, дар баёнияе аз давлати Бағдод хост, то тамоми қарордодҳои амниятӣ бо Омрикоро лағв карда ва ҳарими ҳавоии ин кишварро бар рӯи амалиётҳои низомии Омрико бибандад.

Сайид Муқтадо Садр дар ин баёния, таъкид кард, ки аз тамоми роҳҳои мусолиматомез аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ихроҷи нерӯҳои омрикоӣ истифода хоҳад кард.

Раҳбари ҷараёни Садр дар идома 6 гоми муҳиммро унвон кард:

1) Бояд тамоми пойгоҳҳои низомии омрикоӣ дар Ироқ баста шавад;

2) Тамоми ширкатҳои амниятии омрикоӣ дар Ироқ ба кори худ поён диҳанд;

3) Ҳарими ҳавоии Ироқ бар рӯи ҳавопаймоҳои ҷангии ишғолгарон баста шавад;

4) Лағви тамоми тавофуқоти амниятӣ бо ишғолгар;

5) Тромп набояд дар тасмимот ва суханонаш аз мавзеъи худбартарбинӣ ва мутакаббирона бо Ироқ бархӯрд кунад, вагарна ҳамон гуна бо ӯ бархӯрд хоҳад шуд;

6) Агар тамоми мавориди боло иҷро шуд, он замон дигар мо ин кишварро ишғолгар намедонем, вагарна як кишвари мутахосим барои Ироқ фарз мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.