Саҳюнизми ҷаҳонӣ

“Муомилаи қарн” чист? // Оё Фаластин комилан ба фаромӯшӣ супурда хоҳад шуд?

Давлати Омрико ба зудӣ тавофуқи мавсум ба “Муомилаи қарн”-ро эълом мекунад. Ин тавофуқ комилан ба нафъи саҳюнистҳо ва ба зарари фаластиниҳо тарроҳӣ шудааст, ба тавре, ки тарҳи таъсиси кишвари мустақилли Фаластинро ба куллӣ аз байн мебарад.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ба зудӣ ҷузъиёти тарҳи маъруф ба “Муомилаи қарн”-ро қабл аз сафари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил”, ва рақибаш Банӣ Гонтз ба Вошингтун, мунташир хоҳад кард. Манзур аз “Муомилаи қарн” тавофуқи “сулҳи” Омрико миёни исроилиҳо ва фаластиниҳост.

Давлати Тромп борҳо гуфтааст, ки метавонад бӯҳрони 70-солаи “Исроил” ва Фаластинро бо тарроҳии як тавофуқи ҷомеъ, барои ҳамеша ҳаллу фасл кунад. Ба ҳамин хотир, номи тавофуқи худро “Муомилаи қарн” гузоштааст. Муҳтавои ин тавофуқ, қабл аз дидори сешанбеи ояндаи Натонёҳу ва Гонтз бо Тромп дар Кохи сафед, мунташир хоҳад шуд.

Кохи сафед чанд бор саъй кард аз “Муомилаи қарн” рӯнамоӣ кунад. Аммо идомаи бӯҳрони сиёсӣ дар “Исроил” монеъ аз ин кор шуд. То ҳоло ду бор дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, аммо дар ҳар ду, Натонёҳу натавонист аксарияти курсиҳоро ба даст биёварад. Қарор аст севвумин интихоботи порлумонӣ дар 2 марти оянда баргузор шавад.

Ҷузъиёти тавофуқ

Муфоди комили тавофуқи сулҳи Тромп ҳанӯз ба таври расмӣ мунташир нашуда, аммо расонаҳои исроилӣ ҷузъиёте аз онро мунташир карданд. Ин расонаҳо мегӯянд, муфоди “Муомилаи қарн” ба наҳви чашмгире ба нафъи “Исроил” аст ва эҳтимолан марзҳои онро тағйир ме‍диҳад. Дар ҳамин робита, рӯзномаи ибрии Israel Hume ба нақл аз мақомоти баландпояи режими саҳюнистӣ навишт, “Исроил” дар остонаи як таҳаввули таърихӣ аст, ки агар давлати “Исроил” тасмимоти лозимро бигирад, метавонад марзҳои ин кишварро тағйир диҳад.

Ба гуфтаи расонаҳои ибрӣ, тибқи “Муомилаи қарн” режими саҳюнистӣ бахшҳои бузурге аз каронаи Бохтарӣ ва дараи Ӯрдунро тасарруф хоҳад кард. Ҳамчунин ин режим теъдоди зиёде аз шаҳракҳои ғайриқонунӣ ва заминҳои байни онҳоро мунзам хоҳад кард. Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти “Исроил” эълом хоҳад шуд ва таъсиси давлати халъи силоҳшудаи Фаластин низ ба оянда вогузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки давлати ояндаи Фаластин, фақат бар ниме аз заминҳои каронаи Бохтарӣ ҳокимият хоҳад дошт.

Мақомоти саҳюнистӣ ба рӯзномаи Israel Hume гуфтаанд, густариши ҳокимияти “Исроил” бар бахшҳое аз каронаи Бохтарӣ, ба маънои поёни идеяи таъсиси давлати Фаластин ва “зарбаи муҳлике ба ҷунбиши миллии Фаластин” хоҳад буд. Як мақоми саҳюнистӣ тасреҳ кард, “Исроил” дар “Муомилаи қарн” амалан ҳеч имтиёзе намедиҳад ва давлати Омрико низ аз “Исроил” интизор надорад, ки давлати Фаластинро ба расмият бишносад. Фақат аз ин режим интизор дорад, ки агар фаластиниҳо бо дархостҳои Омрико мувофиқат карданд, барои баррасии идеяи таъсиси давлати Фаластин дар оянда ибрози тамоюл кунад.

Илова бар ин, фаластиниҳо ҳеч контроле бар марзҳо нахоҳанд дошт.

Тромп гуфтааст, ки Муомилаи қарн “як тарҳи олӣ аст; тарҳе, ки воқеан коромад хоҳад буд.”

Вокуниши саҳюнистҳо

Маҳофили сиёсӣ ва расонаии саҳюнистӣ бавузуҳ аз “муомила”-и Тромп розӣ ва хушҳол ҳастанд ва ҷузъиётро медонанд. Натонёҳу ва Гонтз қарор аст рӯзи сешанбе барои баррасии бештари тавофуқи Тромп ба Кохи сафед бираванд. Мойк Пенс, муовини раисиҷумҳури Омрико, дар дидор бо Натонёҳу дар сафорати Омрико дар Байтулмуқаддас, гуфт, ки Тромп аз ӯ хостааст Натонёҳуро барои баррасии тарҳи сулҳ дар Ховари Миёна ба Кохи сафед даъват кунад. Натонёҳу низ эълом карда, ки бо хушҳолӣ ин даъватро пазируфта ва хостори ин шуда, ки Гонтз ҳам ба Кохи сафед биравад. Натонёҳу гуфт: “Мо ҳеч дӯсте беҳтар аз президент Тромп надоштем. Фикр мекунам бо ин даъват, президент Тромп мехоҳад ба “Исроил” сулҳ ва амнияте бидиҳад, ки сазовори он аст.”

Мухолифати фаластиниҳо

Бо интишори бахше аз ҷузъиёти тавофуқи сулҳи Тромп ва ошкор шудани ҷонибдории Омрико аз “Исроил”, фаластиниҳо тавофуқи Тромпро рад карданд. Мухолифати фаластиниҳо бо тарҳи Тромп қобили пешбинӣ буд. Баъд аз ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, фаластиниҳо бетарафии давлати Тромпро ба унвони миёнҷигари сулҳ зери суол бурданд. Давлати худгарони Фаластин дунболи ин аст, ки Байтулмуқаддаси шарқӣ ба унвони пойтахти давлати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ин дар ҳолест, ки Байтулмуқаддаси шарқӣ дар соли 1967 тавассути режими ишғолгари саҳюнист ишғол шуд.

Тромп муддаӣ шуд фаластиниҳо мумкин аст дар ибтидо мухолифат кунанд, аммо баъдан розӣ хоҳанд шуд. Вай тасреҳ кард: “Мо ба таври мухтасар бо онҳо (фаластиниҳо) сӯҳбат кардем. Аммо дар муддати дигаре бо онҳо сӯҳбат хоҳем кард. Онҳо ҷоизаҳои зиёде дар баробари анҷоми ин кор насибашон хоҳад шуд. Ман мутмаин ҳастам, ки шояд онҳо дар ибтидо вокуниши манфӣ нишон диҳанд, аммо ин (тавофуқ) воқеан барои онҳо бисёр мусбат аст.”

Набил Абурудейна, сухангӯи Маҳмуд Аббос — раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, гуфтааст, агар тавофуқи Тромп эълом шавад, давлати худгардони Фаластин барои муҳофизат аз ҳуқуқи машрӯъи фаластиниҳо силсилае аз иқдомот анҷом хоҳад дод ва аз “Исроил” ба унвони як қудрати ишғолгар хоҳад хост, ки масъулиятҳои комили худро ба ӯҳда гирад. Зоҳиран, Абурудейна талвеҳан ба мунҳал кардани Ташкилоти худгардони Фаластин таҳдид кардааст. Амре, ки агар муҳаққақ шавад, “Исроил” маҷбур хоҳад шуд барои милюнҳо фаластинӣ хадамоти асосӣ фароҳам кунад. Абурудейна афзуд: “Мо ба “Исроил” ва давлати Омрико нисбат ба убур кардан аз хутути қирмизҳоямон ҳушдор медиҳем.”

Абурудейна тасреҳ кард: “Раҳбарии Фаластин мавзеъи возеҳ ва тазалзулнопазире дорад ва тасмимоти Тромп дар бораи Байтулмуқаддас ва соири масоил ва ҳамчунин дар бораи ҳар чизе, ки бо (тавофуқи) ба истилоҳ Муомилаи қарн иртибот дорад, рад мекунад.”

Паёмадҳои эҳтимолии тавофуқи Тромп

Шабакаи 12 телевизиюни режими саҳюнистӣ ба нақл аз мақомоти ин кишвари ҷаълӣ гузориш кард, ки тарҳи сулҳи Тромп ба наҳви чашмгире ба нафъи “Исроил” хоҳад буд ва ба мӯҷиби он, “Исроил” контроли бахшҳои бузурге аз каронаи Бохтариро ба даст хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки Ташкилоти худгардон каронаи Бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолшуда баъд аз соли 1967-ро сарзамини кишвари ояндаи худ медонад. Аммо акнун саҳюнистҳо мегӯянд, бо тарҳи Тромп амалан ташкили кишвари Фаластин мунтафӣ хоҳад шуд.

Агар ҷузъиёти ифшошуда дуруст бошад, тавофуқи Тромп як роҳкори қадимиро нобуд мекунад; роҳкоре, ки мавриди ҳимояти аксари кишварҳои арабӣ ва давлати худгардони Фаластин буд. Ин роҳкор, ба “роҳи ҳалли ду давлат” маъруф аст ва аз таъсиси ду кишвари мустақил барои фаластиниҳо ва исроилиҳо ҳимоят мекунад. Давлати худгардони Фаластин мегӯяд, кишвари Фаластин бояд бар мабнои марзҳои соли 1967 ва ба пойтахтии Байтулмуқаддаси шарқӣ таъсис шавад. Аммо саҳюнистҳо аз асос бо ин идея мухолифанд ва барои нобуд кардани роҳкори ду давлат талош карда ва мекунанд.

Баъд аз рӯнамоӣ аз “Муомилаи қарн” давлати худгарон ба раҳбарии Маҳмуд Аббос зарбаи сахте хоҳад хӯрд. Аз як тараф, барои рад кардани ин муомила таҳти фишор хоҳад буд. Зеро агар рад кунад, аз сӯи “Исроил” ва Омрико бо фишори дучандоне рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ва агар рад накунад, назди мардуми Фаластин беэътибор хоҳад шуд. Дар натиҷа, эҳтимоли аз байн рафтани Ташкилоти худгардон баъд аз эъломи “Муомилаи қарн” вуҷуд дорад. Ҳатто агар давлати худгардон мунҳал нашавад, маҷбур хоҳад шуд, ки ҳамоҳангиҳои амниятӣ бо “Исроил” ва бисёре аз тартиботеро, ки баъд аз тавофуқи Услу (Осло) ҳосил шуд поён диҳад.

Гузашта аз ин, дар сурате, ки тавофуқи Тромп роҳи ҳалли ду давлатро мунтафӣ кунад, эҳтимолан бо вокуниши манфии аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва албатта бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Кишварҳои бузурги арабӣ мумкин аст таҳти фишори афкори умумӣ натавонанд тавофуқи Тромпро қабул кунанд. Афзун бар ин, мавзеъи кишварҳое мисли Эрон ва Туркия низ аҳаммияти фаровоне хоҳад дошт. Қатъан Эрон ҳар гуна тавофуқ аз ҷониби Тромп дар Фаластини ишғолиро рад мекунад ва ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовимати фаластиниро идома хоҳад дод, ҳатто ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки муқовимати фаластинӣ аз навори Ғазза ба каронаи Бохтарӣ густариш ёбад.

Маҷмӯи ин мулоҳизот мӯҷиб шуда бархе нозирон ҳадаф аз “Муомилаи қарн”-ро на ҳалли бӯҳрони Фаластин, балки мудирияти ин бӯҳрон бидонанд. Ба эътиқоди ин нозирон, Тромп ва Натонёҳу ҳар ду дар остонаи интихобот қарор доранд ва мехоҳанд бо матраҳ кардани “Муомилаи қарн” мавқеияти интихоботии худро тақвият кунанд, ҳатто агар ин муомила ба ҳаллу фасли комили масъалаи Фаластин мунҷар нашавад.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.