Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Мушакборони ҷануби “Исроил” дар остонаи эълони “Муомилаи қарн”

Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ аз партоби чанд мушак аз навори Ғазза ба сӯи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар ҷануби Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Овихой Адруъӣ, сухангӯи Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ, рӯзи якшанбе аз партоби чанд рокет аз навори Ғазза ба сӯи шаҳракҳои ишғолӣ хабар дод.

Адрӯъӣ дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер муддаӣ шуд, ки ин рокетҳо ба як минтақаи боз бархӯрд карда ва талафот ё хасорате ба ҳамроҳ надоштааст.

Гуфтанист, ҳавопаймоҳои ҷангии артиши режими саҳюнистӣ бомдоди якшанбе ба Хонюнус дар ҷануби навори Ғазза ҳамла карданд. Ин ҳамла алайҳи яке аз мавозеъи мутаъаллиқ ба ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин — Ҳамос анҷом шудааст.

Ҳамчунин ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим дар ҳамлаи дигаре пойгоҳи Ҳиттин вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар ғарби Хонюнусро низ бомбборон карданд.

Маҳмуд Аббос ҷавоби телефони Тромпро намедиҳад

Дар хабаре дигар, ҳамзамон бо наздик шудан ба замони эъломи тарҳи зидди фаластинии Омрико мавсум ба “Муомилаи қарн”, расонаҳои саҳюнистӣ мегӯянд, Маҳмуд Аббос — раиси Ташкилоти худгардони Фаластин ба тамосҳои раисиҷумҳури Омрико посухе надодааст.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии шабакаи Алмаёдин ба нақл аз ин расонаҳо, Тромп дар тӯли ин ҳафта талош кардааст бо Аббос телефонӣ гуфтугӯ кунад, вале посухи раиси Ташкилоти худгардони Фаластин “на” будааст.

Раисиҷумҳури Омрико ҳафтаи гузашта аз Бенёмин Натонёҳу — нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Банӣ Гонтз – рақиби Натонёҳу барои сафар ба Вошингтун ва ройзанӣ дар мавриди “Муомилаи қарн” даъват кард. Тромп ваъда додааст, ки то рӯзи сешанбе аз ин тарҳ рӯнамоӣ кунад.

Натонёҳу имрӯз пеш аз сафар ба Вошингтун, гуфт: “Ба Вошингтун меравам, то дар бораи тарҳи Омрико, ки фикр мекунам мӯҷиби пешрафти Исроил хоҳад шуд, бишнавам. Борҳо бо раисиҷумҳур (Дунолд) Тромп дар бораи манофеъ ва амниятамон сӯҳбат кардаам. Фардо бо раисиҷумҳур Тромп дидор хоҳам дошт ва рӯзи сешанбе низ таърихсоз хоҳад буд.”

Ба маҳзи расонаӣ шудани ин хабар, мақомот ва гурӯҳҳои фаластинӣ онро шадидан маҳкум карда ва онро хиёнат ба ормони Фаластин ва нақзи қавонини байналмилал ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид тавсиф карданд.

Гуфта мешавад ин тарҳ ҳаққи пойтахтии Қудсро аз фаластиниҳо салб карда, пайвастани шаҳракҳои саҳюнистнишинро ба расмият шинохта ва оворагони фаластиниро аз ҳаққи бозгашт ба ватани худ маҳрум мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.