Ҷомеа

Писари муовини раиси ҲСДТ ёфт шуд

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) соате пеш дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, аз пайдо шудани Ҳоҷиакбар Одинаев, писари муовинаш Маҳмурод Одинаев хабар дод. Ба гуфтаи Зоиров, дар пайдо кардани Ҳоҷиакбар, Каромат Шарипов нақши басазое доштааст, ки бинобар ин, аз ӯ ташаккур карда.

Ёддошти Раҳматилло Зоиров ба шарҳи зерин аст:

Диққат!

Ҳоҷиакбар Одинаев ёфт шуд!

Ман бо қаноатмандӣ ба Шумоён иттилоъ медиҳам, ки Хоҷиакбар Одинаев, писари муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев, ки аз 19 то 20 январи соли 2020 дар Маскав ғайб зада буда,
пайдо шуд!

Ӯро дар боздоштгоҳи махсуси Сахарово пайдо карданд.

Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар кофтукови ӯ ширкат доштанд ва ё дастгирии маънавӣ изҳор кардаанд, изҳори сипос менамоям.

Ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардани ӯ Каромат Шарипов ва гурӯҳи ӯ, ки корҳои оптималии оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом додаанд, ҷидду ҷаҳди махсусро анҷом доданд, ки барои он ман сипоси махсусро изҳор менамоям.

Ҳамзамон, ман ба ҳамаи онҳое, ки изҳороти саросарии Маҳмурод Одинаев ба эҳсосот ва симои онҳо таъсир кардаанд, самимона изҳори таассуф мекунам.

Аз шумо хоҳиш мекунам, ки эҳсосоти падарӣ ва ҳолати эмотсионалии Махмурод Одинаевро дуруст дарк кунед, ки бисёр суханони нохуш изҳор кард.

Ҳар коре, ки хуб анчом меёбад, хуб аст. Акнун ба ҳамаи Мову Шумо лозим аст, ки ба мундариҷа ва рӯҳияи кори ҳарруза ворид шавем.

Ба ҳама тансиҳатии бардавом, комёбӣ ва дар ҳаёти ҳамарӯза, дар оила ва албатта, дар раванди интихобот муваффақият мехоҳам.

Бо эҳтирому сипос,

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.