Сиёсат

Пентогун: “Ҳавопаймои омрикоӣ дар Афғонистон суқут кард, аммо ҳадаф қарор нагирифт”

Вазорати дифои Омрико бо радди сарнагун шудани ҳавопаймои ин кишвар дар Афғонистон тавассути Толибон, эълом кард, ки ин ҳавопаймо суқут кардааст.

Вазорати дифои Омрико шомгоҳи душанбе (27 январ) эълом кард, ки ҳавопаймои ин кишвар дар Афғонистон суқут карда ва сарнагун шудани он тавассути Толибонро рад кард.

Гуфтанист, соате пас аз суқути як фарванд ҳавопаймо дар устони Ғазнии Афғонистон, ки таҳти контроли Толибон аст, хабарҳои зидду нақизе дар бораи ҷузъиёти суқути ин ҳавопаймо аз ҷумла ҷон бохтагони он мунташир шуд.

Хабаргузории Associated Press ба нақл аз мақомҳои маҳаллӣ дар устони Ғазнии Афғонистон эълом карда, ки наздик ба 100 ҷасад дар маҳалли суқути ҳавопаймо пайдо шуда, ки имрӯз (душанбе, 27 январ) дар устони Ғазнӣ сарнагун шудааст.

Ин хабаргузорӣ ин хабарро ба нақл аз Ориф Нурӣ, сухангӯи волии Ғазнӣ эълом карда ва навишта, ки бархе гузоришҳо баёнгари он аст, ки ин ҳавопаймо низомӣ буда ва мутаъаллиқ ба артиши Омрикост, ки дар минтақаи таҳти контроли Толибони Афғонистон суқут кардааст.

Ба гузориши Associated Press, тасовире, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад, лошаи ҳавопаймои Bombardier E-11A-ро нишон медиҳад, ки артиши Омрико барои амалиёти ҷосусӣ бар фарози Афғонистон истифода мекунад.

Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибони Афғонистон, дар баёнияе, масъулияти соқит кардани ҳавопаймо дар Ғазнии Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Муҷоҳид гуфт, ҳавопаймои мазкур ҷосусӣ буда ва ҳомили афсарони олирутбаи омрикоӣ буд ва ҳамаи сарнишинони ҳавопаймо кушта шуданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.