Сиёсат

CBS: Артиши Омрико суқути ҳавопаймои низомии “E-11” дар Афғонистонро таъйид кард

Як мақоми омрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи CBS таъйид кард, ки як фарванд ҳавопаймои “E-11”-и артиши ин кишвар дар Афғонистон суқут кардааст.

Ин мақоми омрикоӣ таъйид кард, ки ин ҳавопаймо аз навъи “E-11” будааст. Ба гуфтаи вай, далели суқути ин ҳавопаймо ҳамчунон дар дасти баррасӣ аст. Вай аз изҳори назар дар мавриди сарнавишти сарнишинони ин ҳавопаймо худдорӣ кардааст.

Гуфтанист, чанд соат пеш гузориш шуд, ки як фарванд ҳавопаймо дар минтақаи Ғазнии Афғонистон суқут кардааст. Дар ҳоле, ки ибтидо шойеъа шуда буд, ки ин ҳавопаймо мусофирбарӣ будааст, аммо акнун тасовире, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда нишон медиҳад, ки ин ҳавопаймо аз навъи Bombardier E-11A-и нерӯи ҳавоии Омрикост.

Толибон бо судури баёнияе суқути ин ҳавопайморо таъйид ва эълом кард, ки тамоми сарнишинони ин ҳавопаймо кушта шудаанд. Ба гуфтаи Толибон, ин ҳавопаймо ҳомили чандин афсари баландпояи омрикоӣ будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.